Балхаш

Балха́ш (Балка́ш; қаз.: Балқаш) — кӯли сарбаста ва ширинобе дар қисми шарқии Қазоқистон.

Балхаш
?
Балхаш
Макон
Парвандаҳо дар Викианбор

Ном

Бо ҳамин ном дар соҳили кӯл шаҳр дар вилояти Ҷезқазғани Ҷумҳурии Қазоқистон вуҷуд дорад. Маънои луғавии ин гидроним мусаффои оби кӯл аст ва вожаи Балхаш ба забонҳои қадимаи эронӣ мутааллиқ аст.

Ҷуғрофиё

Дар пастии васеъи Балхашу Алокӯл, дар баландии 340 м аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Масоҳ. 18,2 ҳазор км2, дарозиаш 614 км, бараш ба ҳисоби миёна 30 км, дар қисми шарқӣ 9–19 км, ғарбӣ то 74 км. Ҷойи амиқтаринаш то 26,5 м. Ҳаҷми обаш 110 км3, масоҳ. ҳавзааш қариб 500 ҳазор км2. Ба Балхаш дарёҳои Или, Қаротол, Оқсу, Лепси ва ғ. мерезанд. 43 ҷазира дорад, калонтаринашон Басаралу Тасарал. Нимҷаз. Сариесик Балхашро ба ду қисм – ғарбӣ ва шарқӣ ҷудо мекунад.

Иқлим

Иқлими атрофи кӯл биёбонист. Ҳарорати моҳи июл ба ҳисоби миёна 24°С, январ –8°С. Миқдори бориши солона ба ҳисоби миёна 120 мм. Аз ох. ноябр то миёнаи апр. ях мебандад. Соҳилҳои шимолии кӯл баланду шахдор, ҷанубиаш пасти регзору найзор. Соҳилҳояш бениҳоят каҷу ноҳамвор. Оби қисми ғарбии Балхаш шӯр, шарқиаш ширин. Олами ҳайвоноташ ғанӣ аст. Дар Балхаш 20 навъи моҳӣ мавҷуд буда, ширмоҳӣ, аломоҳӣ, фукмоҳиҳои холдору якранг, лабдӯр ва голян танҳо дар Балхаш вомехӯранд. Дар Балхаш асосан суфмоҳӣ, зағорамоҳӣ, ширмоҳӣ ва симмоҳӣ шикор мекунанд.

Иқтисод

Балхаш киштигард аст. Истгоҳҳои асосиаш – Бурулбайтал ва Балхаш. Дар соҳили шимолиаш кони калони мис ҳаст. Солҳои охир аз сабаби рехтани партови Комбинати металлургияи кӯҳии мисгудозӣ оби кӯл ифлос шудааст.

Эзоҳ

Адабиёт


Tags:

Балхаш НомБалхаш ҶуғрофиёБалхаш ИқлимБалхаш ИқтисодБалхаш ЭзоҳБалхаш АдабиётБалхашЗабони қазоқӣКӯлҚазоқистон

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Шаҳрҳои ТоҷикистонМаҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонИмом Фахруддини ТовусӣРибосомаЗарфи сабабРамазон РаҳимзодаЛихтенштейнҲалле БеррӣСоли 1578БаскетболТермодинамикаТом ҲэнксШаби қадрРагҳои хунВосеъABBAЗардуштиёнҚоидаҳои имлои забони тоҷикӣРавоншиносКрасноярскТезгӯякУзвҳои таносулМазҳакаи илоҳӣМуаммар ҚаззофӣСаномӣИсмҳои танҳо ва ҷамъҲиссаҳои нутқНоҳияи ВахшПӯсидагии дандонИталияАбдуллои СултонПауло ВанчопеСоли 1574Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандАнтисептикаCreative CommonsАловуддин АбдуллозодаМисрАбулқосим ЗайнуссолиҳинДарсЛуғати русӣ-тоҷикӣ (китоб)Тоҷикон (китоб)Давлати исломии Ироқу ШомАҳдСаноати ТоҷикистонДомулло Ҳикматуллоҳи ТоҷикободӣКатарина ВиттВилоятҳои ТоҷикистонҲайзХилофати АрабРоберт ДювалҶералд ФордАдабиётАндоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣРаҳмон НабиевИтолиёҲабиб ЮсуфӣФеъл (дастури забон)ОриёӣЗабони форсӣПарчами ТоҷикистонҶумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонИёлоти Муттаҳидаи АмрикоЖежмаряйШайбониёнТемуриёнБустунАбдуррауфи ФитратАдолф ҲитлерМубтадоТерроризмМолдоваКарбогидратҳоШоҳаншоҳии КушонӣАломатҳои роҳ🡆 More