Азон

Азон (ар.

Азон
Жан-Леон Жером. Муаззин аз манораи масҷид эътиқодмандонро ба намоз даъват мекунад (1879)
Азон дар дохили масҷид

Азон ва иқомат суннати муаккада мебошанд ва танҳо барои намозҳои фарз гуфта мешаванд. Он фарз, хоҳ бо ҷамоъат баргузор гардад ва хоҳ бо танҳогузорӣ, чи намози вақтӣ бошад, чи қазоӣ ва намозгузор, хоҳ муқим бошад, хоҳ мусофир. Азон ва иқомат барои мардон суннат ва барои занон макрӯҳ аст.

Бар намозгузор суннат аст, ки қабл аз намозҳои панҷгона ва низ намози ҷумъа аввал азон ва баъд аз он иқомат гуфта, намозашро шурӯъ намояд.

Таърих

Гуф­тани азон дар соли дуввуми ҳиҷрӣ баъди таҳвили қиб­ла аз Бай­тул­муқаддас ба сӯйи Каъба шурӯъ шудааст.

Азон дар Қуръон ва аҳодис

Азон яке аз шаъоир (нишонаҳо)-и дин ва шиъори Ислом аст. Эҳтиром гузоштан ва муҳаббат бо азон муқтазои имони ҳар муъмин аст. Азонро бозичае пиндоштан, мазҳакае шумурдан ва ба он истеҳзо кардан аломати куфр аст. Дар Қуръони маҷид омадааст:

Азон وَإِذَا نَادَيْتُمْ إِلَى الصَّلَاةِ اتَّخَذُوهَا هُزُوًا وَلَعِبًا ذَلِكَ بِأَنَّهُمْ قَوْمٌ لَا يَعْقِلُونَ Азон  ‎ Азон  «Ва чун ба намоз фаро хонед (азон диҳед), онро ба тамасхур ва бозӣ гиранд. Ин ба сабаби он аст, ки онҳо мардуми беақле ҳастанд».

Низ омадааст:

Азон يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا نُودِيَ لِلصَّلَاةِ مِنْ يَوْمِ الْجُمُعَةِ فَاسْعَوْا إِلَى ذِكْرِ اللَّهِ وَذَرُوا الْبَيْعَ ذَلِكُمْ خَيْرٌ لَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ تَعْلَمُونَ Азон  ‎ Азон  «Чун барои намози рӯзи ҷумъа нидо (азон) дода шавад, пас ба сӯи ёди Худо (намоз) бишитобед ва хариду фурӯшро (то анҷоми намоз канор) бигузоред. Ин барои шумо беҳтар аст, агар (онро) медониста бошед».

Аз ду ояти боло машрӯъияти азон низ собит мегардад. Аз Молик ибни Ҳувайрис (р) ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) мефармояд:

«Ҳамон тавре ман намоз мегузорам, намозро бигузоред. Ҳамин ки вақти намоз фаро расид, як нафаратон барои шумо азон диҳад ва бузургтаратон барои шумо имоматӣ намояд».

Матн

Азони аҳли суннат аз ҳафт ҷумларо дар бар мегирад.

Шумора Матни арабӣ Рӯнавишт Тарҷума
4 бор الله أكبر الله أكبر Аллоҳу А́кбар Аллоҳ Бузург аст!
2 бор أشهد أن لا اله إلا الله Ашҳаду ал-ло илоҳа илла-Ллоҳ Гувоҳӣ‌ ме‌диҳам,‌ ки‌ ба ҷуз Аллоҳ дигар маъбуде‌ нест.!
2 бор أشهد أن محمدا رسول الله Ашҳаду анна Муҳаммадан Расу́лу-Ллоҳ Гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад — фиристодаи Аллоҳ аст!
2 бор حي على الصلاة Ҳайя ъала с̣-с̣алоҳ Бишитобед ба сӯйи намоз!
2 бор حي على الفلاح Ҳайя ъала л-фалоҳ Бишитобед ба‌ сӯйи‌ растагорӣ!
2 бор الصلاة خير من النوم Ас̣-с̣алоту х̣айру мина-н-навм Намоз аз хоб‌ беҳтар аст!
2 бор الله أكبر الله أكبر Аллоҳу А́кбар Аллоҳ Бузург аст!
1 бор لا إله إلا الله Ло илоҳа илла-Ллоҳ Ба ҷуз Аллоҳ дигар маъбуде‌ нест.

Тартиби хондан

Иқомат

Фарқи иқомат (онро мардум қо­мат ҳам мегӯянд) аз азон танҳо дар он аст, ки дар иқомат баъди «Ҳаййа ала-л-фалоҳ» ду бор «Қад қомати-с-салот» гуфта мешавад.

Аҳкоми азон ва иқомат

Дар азон тарассул, яъне баъд аз ҳар таъбир таваққуф намудан, ам­мо дар иқомат шитоб кардан муста­ҳаб аст. Азон ба забони арабӣ гуфта мешавад. Дар азони намози бомдод баъди «Ҳаййа ала-л-фалоҳ» ду бор «ас-сало­ту хайрун мина-н-навм» афзуда мешавад. Муаззин дар вақ­ти азон ва иқомат гуфтан бояд рӯ ба қибла бошад; рӯйи худро дар ҳолати гуфтани «Ҳаййа ала-с-салот» ба ҷониби рост ва ҳо­лати гуфтани «Ҳаййа ала­-л-фалоҳ» ба ҷо­ни­­би чап би­гардонад; ҳан­гоми гуф­та­ни азон ду ангушти худро ба гӯш­ҳояш бини­ҳад. Азон ва иқо­мат, бар хи­­лофи хут­­­ба, бояд дар ма­кони гуногун гуфта шаванд.

Барои намози қазоӣ низ азон ва иқомат гуфтан суннат аст. Муаззин дар ҳолати гуфтани азон ва иқо­мат бояд бовузӯ бошад. Пеш аз даромадани вақ­ти намоз, ба ҷуз намози бомдод, азон гуфта намешавад. Агар пеш аз вақти намоз азон гуфта шавад, он бояд баъди ба охир расидани вақти намоз низ гуфта шавад. Азон ва намоз барои мусофир низ суннат аст. Агар шах­се дар хонаи худ, ки дар шаҳр аст, намоз бигзорад, пас, бояд азон ва иқомат гӯяд, ле­кин агар азонро тарк кунад, ҷоиз аст, чунки азони мас­ҷиди ма­ҳалла кифоят мекунад.

Одоби шунидани азон

Азон 
Муаззин дар ҳоли гуфтани азон (Wilhelm Gentz, 1878).

Шунавандаи азон бояд хомӯшона ба он гӯш диҳад ва пас аз шунидани ҳар ҷумлае айни ҳамонро оҳиста такрор намояд, ки ин ҳамон ҷавоби азон аст. Масалан, ҳангоме ки муаззин Аллоҳу акбар гуфт ва дар он лаҳзаҳои гузарое, ки барои гуфтани ҷумлаи баъдӣ омода мегардад, шунаванда ҳамон калимаи «Аллоҳу Акбар»-ро такрор намояд. Вақте муаззин ба Ҳайя ъалас-салоҳ ва Ҳайя ъалал фалоҳ бирасад, шунаванда дар поён айни он калимотро такрор накарда, балки «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил ъалиййил ъазим» (ар. لا حول ولا قوة الا بالله العظيم‎ — Қудрати боз истодан аз гуноҳон ва низ тавоноӣ бар анҷоми тоъатҳо танҳо бо мадади Худованди баландмартаба ва бузургвор муяссар мегардад) бигӯяд.

Баъд аз азон суннат аст, ки ҳам худи азондиҳанда ва ҳам шунавандагон ин дуъоро бихонанд:

Аллоҳумма рабба ҳозиҳид-даъватит-томмаҳ вас-салотил қоимаҳ, оти Муҳаммаданил василата вал фазилаҳ, вабъасҳу мақоман маҳмуданил-лази ваъаттаҳу. Иннака ло тухлифул  миъод.

Бор Худоё! Парвардигори ин даъват ва нидои расо ва намози барпогашта! Барои Муҳаммад (с) васила ва бузургворӣ ато фармо ва ҷанобашро дар он ҷойгоҳ ва мақоми ситудае, ки барояш ваъда додаӣ, мабъус бигардон. Ростӣ, ки Ту ваъдагоҳи хешро хилоф насозӣ.

Гуфтани азон дар дигар маворид

Азон дар баъзе мав­­ридҳои дигар низ гуф­та мешавад. Масалан, дар мавриди рухдод ё кори му­ҳимме, ки ба огоҳо­ни­дани мардум ва гир­­­до­­ва­рии онҳо ниёз бо­­шад. Дар миёни мусулмонон, аз ҷумла то­ҷи­кон, дар гӯ­ши кӯдаки навзод азон ва дар гӯши чапи ӯ иқо­мат гуфтан ҳам маъмул аст. Ин амал­ро бояд падари навзод ба ҷо орад

Эзоҳ

Адабиёт

  • Али-заде, А. А. Азан : арх. 1 октября 2011] // Исламский энциклопедический словарь. — М. : Ансар, 2007.
  • Резван Е. А. Азан // Ислам: энциклопедический словарь / отв. ред. С. М. Прозоров. — М. : Наука, 1991. — С. 14.

Пайвандҳо

Сарчашма

Tags:

Азон ТаърихАзон дар Қуръон ва аҳодисАзон МатнАзон Тартиби хонданАзон Одоби шунидани азонАзон Гуфтани азон дар дигар маворидАзон ЭзоҳАзон АдабиётАзон ПайвандҳоАзон СарчашмаАзонЗабони арабӣНамоз

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Низоми сиёсӣПудинаАннотатсияФеълСурайё ҚосимоваЗабони инглисӣЗиндагиномаи ҳазрати МуҳаммадРӯзи модарМир Сайид Алии ҲамадонӣФалсафаБобурномаБарномаи компютерӣИсмҳои муайян ва номуайянПадари сарватманд, падари фақирШоҳаншоҳии СосонӣЗабонҶанги Бузурги ВатанӣИқболи ЛоҳурӣВоситаи ахбори оммаЧистонБонкҒурурДавлати СалҷуқиёнХоқонии ШервонӣМуҳаммад ҒоибЗардолуБонки байналмилалии ТоҷикистонТерроризмИтолиёАминҷон ШукӯҳӣЭнергетикаи ТоҷикистонРубоиёти ХайёмАттори НишопурӣХунпешобӣЛоиҳаДавра (кимиё)Ҳуқуқи меҳнатӣЗарфи тарзи иҷрои амалПӯлод ТолисКонститутсияи ТоҷикистонМусиқии ТоҷикистонСозмони ҳамкории ШанхайРамазон РаҳимзодаМошинсозӣВарзишВатанИсфараВилоятҳои ӮзбекистонМирзо ТурсунзодаДавлати ҒазнавиёнБарги зулфКамол АйнӣТирамоҳУқёнуси ҲиндПойтахтБадоеъу-с-саноеъ (Шоҳин)БразилияНеъмат ҚаробоевҲизби сиёсӣViberСохти феълҳоРутбаҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии ТоҷикистонАминокислотаҳоФизиологияСамарқандҲуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандСулҳМастона ЭргашеваШириншо ШотемурҲол (забоншиносӣ)Вавилон-МобайлСоли 1107Фарҳанги ТоҷикистонҲуқуқи кишоварзӣТаърихи театр дар ТоҷикистонБахши ИсломТаърихи ТабарӣБободархон (деҳа, н. Ашт)🡆 More