Рӯзи Ҷаҳонии Занон

Рӯзи байналхалқии занон — идест бахшида ба занон, ки дар баъзе кишварҳо рӯзи 8 март ҷашн гирифта мешавад.

Рӯзи Ҷаҳонии Занон
Рамзи Рӯзи байналхалқии занон дар соли 2006.

Рӯзи байналхалқии занон дар аввал рӯзи уқии буд. Он иди Бонувон набуда, балки ҷашни занони инқилобгар буд.

Амрико ва ё иттифоқҳои касабаи занон

8-уми марти соли 1857 дар Ню-Йорк коргарзанони фабрикаҳои пойафзол ва дӯзандагӣ гирдиҳамоӣ карданд. Онҳо даъвои кӯтоҳ кардани рӯзи корӣ, беҳтар кардани шароити меҳнат ва маоши ба мардон баробарро талаб карданд. Он вақтҳо занон то 16 соат дар як шабонарӯз меҳнат мекарданд, вале барои корҳояшон музди ночизе мегирифтанд. Мардон баъди намоишҳои эътирозии рӯзи кории худро то 10 соат кам карда буданд. Дар бисёр корхонаҳои ИМА иттифоқҳои касаба пайдо шуданд. Пас аз 8-уми марти соли 1857 як иттифоқи касабаи нав созмон дода шуд, ки бори аввал дар таърих занон аъзои он гардиданд. Дар ин рӯз дар аксари кӯчаҳои Ню-Йорк садҳо занон ба намоишҳои эътирозӣ баромаданд ва даъвои соҳибшавӣ ба ҳуқуқи овоз доданро карданд.

Аврупо ва Клара Сеткин

Таърихи ҷашнгирии Иди занон бо номи Клара Сеткин алоқаманд аст, ки гурӯҳи инқилобии худро, ки аз занон иборат буд, барои мубориза бар зидди истисморгарон ташкил додааст. Ҳарчанд ки барои ин кор на як рӯз сарф шуда буд, вале аъзои гурӯҳ ба қароре омаданд, ки рӯзеро чун Зодрӯзи "пролетариати занон" ҷашн гиранд. Соли 1910 дар шаҳри Копенгагени Дания дар конфуронси дуввуми занони сотсиалист бо пешниҳоди Клара Сеткин қарори ҷашнгирии рӯзи "муборизаи занон барои ҳуқуқҳояшон" қабул карда шуд. Дар он гуфта мешуд, ки ҳар сол бояд рӯзи занон ҷашн гирифта шавад, ки он бояд "пеш аз ҳама барои ташвиқи ба занон додани ҳуқуқи овоздиҳӣ" хидмат кунад. Ҷашнгирии Иди Бонувон чун даъвате ба муборизаи занон барои баробарҳуқуқӣ, қашшоқӣ, эҳтироми занон ва ҳуқуқ ба меҳнат буд. Санаи ҷашнгирии рӯзи Байналхалқии занон мувофиқи пешниҳоди узви Кумитаи Марказии ҳизби сотсиал-демократӣ Елена Гринберг 19 март таъйин шуд. Ва бори аввал рӯзи Байналхалқии занон соли 1911 дар Олмон, Австрия, Дания ва Швейсария маҳз 19-уми март ҷашн гирифта шуд. Соли 1912 он дар ҳамон кишварҳо, вале 12 май баргузор гардид. Соли 1913 аз мушкилоти ташкилотӣ ихтилофот ба вуҷуд омад: дар Олмон онро 12 март, дар Австрия, Чехия, Венгрия, Швейсария, Ҳоланд9 март, дар Фаронса ва Русия2 март ҷашн гирифта буданд. Танҳо соли 1914 дар тамоми ҷаҳон рӯзи Байналхалқии занонро дар ҳама ҷой 8-уми март ҷашн гирифтанд, чунки рӯзи ғайрикорӣ-якшанбе буд. Ва баъд аз ин дар ҳамин рӯз қарор гирифт.

Ҷашнгирӣ дар ИҶШС

Дар Русия рӯзи Байналхалқии занон маротибаи аввал соли 1913 дар Петербург ҷашн гирифта шуд. Аз солҳои аввали ҳокимияти Шӯравӣ, 8-уми март иди давлатӣ гардид. Дар моҳи марти соли 1917 занон ҳуқуқи овоздиҳӣ пайдо карданд ва дар Сарқонуни соли 1918 сиёсати баробарҳуқуқии занон акс ёфт ва дар ҳаёт татбиқ шуд. Оҳиста - оҳиста рӯзи Байналхалқии занон аҳамияти сиёсии худро гум кард. Аз соли 1965 бо қарори Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС он рӯзи ғайрикорӣ гардид. Дар айни замон маросими ҷашнӣ-расмии дар ин рӯз мавҷуд буд: дар ин рӯз дар чорабиниҳои пурдабдаба давлат барои сиёсаташ нисбати занон ҳисобот медод.

Ҷашнгирии рӯзи байналхалқии Занон дар Ғарб

Бо ташаббуси созмонҳои феминистӣ аз солҳои 1960-ум Рӯзи байналхалқии занон дар кишварҳои Ғарб ҳам ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз занҳои Ғарб дастовардҳои худро дар соҳаи мубориза барои ҳуқуқҳояшон ҷашн мегиранд.

Рӯзи байналхалқии Занон ва СММ

Аз соли 1975 СММ, аз сабаби Соли байналхалқии Занон буданаш, 8 мартро чун рӯзи байналхалқии Занон эълон дошт.

Рӯзи ғайрикорӣ

Баъд аз бархам хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ 8 март чун иди Бонувон дар Тоҷикистон боқӣ монд. Он дар дигар мамолики муштаракулманофеъ, аз қабили Русия, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Молдова, Туркманистон ва Украина чун рӯзи байналхалқии Занон ; дар Ҷумҳурии Беларус ва Ӯзбекистон чун рӯзи Модар; дар Арманистон 7 апрел чун рӯзи Модар ва Зебоӣ ҷашн гирифта мешавад.

Анъанаҳо

Дар Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои собиқ ИҶШС анъана шудааст, ки дар ин рӯз занон аз мардон таваҷҷуҳ, гул ва туҳфаҳо интизоранд. Дар гушаву канори мамлакат ба муносибати ид, аз ҳукуматҳо сар карда то идораву корхонаҳои хурд чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва маҷлисҳо ороста мешаванд. Дар оилаҳои шаҳрвандон ба модарону занон тӯхфаҳо супорида мешаванд.

Пайвандҳо

Tags:

Рӯзи Ҷаҳонии Занон Амрико ва ё иттифоқҳои касабаи занонРӯзи Ҷаҳонии Занон Аврупо ва Клара СеткинРӯзи Ҷаҳонии Занон Ҷашнгирӣ дар ИҶШСРӯзи Ҷаҳонии Занон Ҷашнгирии рӯзи байналхалқии Занон дар ҒарбРӯзи Ҷаҳонии Занон Рӯзи байналхалқии Занон ва СММРӯзи Ҷаҳонии Занон Рӯзи ғайрикорӣРӯзи Ҷаҳонии Занон АнъанаҳоРӯзи Ҷаҳонии Занон ПайвандҳоРӯзи Ҷаҳонии Занон8 март

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Эмомалӣ РаҳмонИсм (дастури забон)МучалДилАвфДандонТамашкСозмони Милали МуттаҳидПуркунандаНақби ХатлонСарбанди БаъсХамсаи Хусрав (дастхат)ИтолиёРӯзи ваҳдати миллӣ (Тоҷикистон)Осорхонаи миллии ТоҷикистонЮсуф ва ЗулайхоМанғитияАнтисептикаЭнсиклопедияи советии тоҷикГардиши хунФотосинтезФунксияҳои тригонометрӣ1969Тандурустӣ дар ТоҷикистонАлгебраШом (намоз)Ҷалолуддини БалхӣДрама (ҷинси адабиёт)Зиёуддин ЮсуфКитоби сурхи Ҷумҳурии ТоҷикистонИттиҳоди АврупоОфтобВирусҳоВазифаи ҳифзи табиатАспи тоҷикӣПешояндВазорати фарҳанги Ҷумҳурии ТоҷикистонЧистонШартномаи меҳнатӣФормулаи химиявӣҶонишинҳои номуайянӣҲокимияти иҷроияЮНЕСКООлами набототи ТоҷикистонФисоғурисШариатЗардуштиёнСалмони ФорсӣУкроинСомониёнПойгоҳи додаҳоИскандари МақдунӣОсиёАълочии маорифи ТоҷикистонГурбаШумораРақобатСистемаи шошаю таносулҚоидаи ҳаракати роҳОлмонҶумҳурии Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонДавлати ФаластинҶумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонНазарияи эҳтимолиятСамарқандЗабони барноманависӣСоҳиб ТабаровМаликушшуаро БаҳорКитобРоҳи КаҳкашонБешаи палангонТақсими кори байналмилалӣВилоятҳои ТоҷикистонИстилоҳЗанбӯруғОлами набототВазорати мудофиаи Ҷумҳурии ТоҷикистонСоиби Табрезӣ🡆 More