Занҷабил

Занҷабил, гармдору (лот.

Дар баъзе маҳалҳои Тоҷикистон қаламфурро низ «занҷабил» меноманд.

Занҷабил
Занҷабил
Гунаи умумии рустанӣ бо гул
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Zingiber officinale Roscoe, 1807
Мутародифот
  • Amomum angustifolium Salisb. nom. illeg.
  • Amomum zingiber L.
  • Amomum zinziba Hill Spell. var.
  • Curcuma longifolia Wall.
  • Zingiber aromaticum Noronha nom. inval.
  • Zingiber cholmondeleyi (F.M.Bailey) K.Schum.
  • Zingiber majus Rumph.
  • Zingiber missionis Wall.
  • Zingiber sichuanense Z.Y.Zhu, S.L.Zhang & S.X.Chen
  • Zingiber zingiber (L.) H.Karst. nom. inval.

Паҳншавӣ

Занҷабил аз кишварҳои Осиеи Ҷанубӣ баромадааст. Дар айни замон дар Чин, Ҳиндустон, Индонезия, Австралия, дар Африқои Ғарбӣ, дар Ямайке, дар Барбадос парвариш карда мешавад.

Тавсифоти биологӣ

Баландиаш то 1 метр; решапояи сергӯшт, барги нештаршакл, гули бунафштоби зард, хӯшагули саракмонанд дорад.

Бех

Гунаи бех

Занҷабил 
Бехи занҷабил
Занҷабил 
Буриши бехи занҷабили нисбатан ҷавон

Бехи занҷабил хушбӯй ва тунд буда, аз равғани эфир ва пайвасти фенолии гингерол иборат аст. Бехи хушки занҷабилро дар саноати хӯрокворӣ истифода мебаранд. Он вобаста ба тарзи истеҳсол сафед (аз пӯст тоза карда дар офтоб хушконда шудааст) ва сиёҳ (бо пӯсташ ҷӯшонда мехушконанд) мешавад.

Хосиятҳои шифоӣ

Бехи занҷабил (лот. Rhizoma Zingiberis) дар дорухонаҳо, дар намуди тозакардашуда ё тозанашуда аз пусташ мавҷуд аст.

Занҷабилро Абӯалии Сино дар табобати нуқси чашм ва аъзои ҳозима кор мефармуд. Ба ақидаи табибони халқӣ истеъмоли занҷабил нерӯи ҳофиза ва узвҳои ҳозимаро афзун мегардонад, гиреҳи ҷигарро мекушояд, бодҳои ғализи меъда ва рӯдаҳоро таҳлил медиҳад, зардпарвин ва чакмезакро, ки аз сустии олатҳои пешоб ҳодис шуда бошанд, шифо мебахшад. Занҷабил исҳолеро, ки аз вайрон шудани ғизо ба амал омада бошад, манъ менамояд, заҳрҳои ҳайвониро аз бадан дафъ мекунад, ташнагиро таскин медиҳад. Занҷабилро бо зардаи тухми мурғро ҳамроҳ карда бихӯранд, маниро зиёд мегардонад ва ғафсии онро ислоҳ менамояд. Занҷабили хушкро маҳин соида, чун сурма ба чашм кашанд, пардаи ба он афтодаро дафъ мекунад, кӯфта гузошта банданд, узвҳоро қавӣ мегардонад, кузоз ва бавосирро шифо мебахшад. Вале истеъмоли занҷабил ба ҳалқ зарар дорад (дар ин ҳолат асал ва равғани бодоми ширин бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд). Миқдори як бор хӯрдан аз занҷабил рӯзе то 7 грамм аст.

Эзоҳ

Сарчашма


Tags:

Занҷабил ПаҳншавӣЗанҷабил Тавсифоти биологӣЗанҷабил БехЗанҷабил Хосиятҳои шифоӣЗанҷабил ЭзоҳЗанҷабил СарчашмаЗанҷабилЗабони арабӣЗабони лотинӣРустанӣТоҷикистонҚаламфур

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Вазифаи ҳифзи табиатТезгӯякХоқонии ШервонӣҲусайн Воизи КошифӣБайнаннаҳрайнТахачНизоми молияи давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонАкти таслими Олмони фашистӣФеълБоқӣ РаҳимзодаКамол АйнӣБандак (забоншиносӣ)Юнони БостонТиҷорати электронӣКалила ва ДимнаТабиатҶадвали электронӣДавлати дунявӣМалакаҳои асри 21Давра (кимиё)ТоҳириёнЛолаЗарфи монандӣРӯзи кайҳоннавардонОсорхонаи таърихии вилояти СуғдСаломатӣЁддоштҳо (Айнӣ)Мактабҳои усули куҳнаСоли 163АҳолӣИтолиёАссимилятсия (биология)Узвҳои таносули занонаРӯзи ҷаҳонии занонШамсиддини ШоҳинНигора ХоловаНомҳои Худо дар исломТақсимоти маъмурии ТоҷикистонНомаСарезНоҳияи АйнӣТуркияСаттор ТурсунЭронАспҲуқуқ ба фаъолияти соҳибкорӣҚарзСуннатАлиф БонкКитобхонаи миллии ТоҷикистонМор­фология (мазмунҳо)БиогеосенозХонии ҚӯқандАстағфируллоҳМирзо ТурсунзодаФарзонаи ХуршедМир Сайид Алии ҲамадонӣКуруши БузургМеҳмон БахтӣАндози заминВазири молияи Ҷумҳурии ТоҷикистонГастритИсроилЛатифаФеъл (дастури забон)АврупоХаритаАшӯр СафарИнсонIMEI.TJТахти ҶамшедҚасидаҶумлаи амрӣЮнонИнтернетТағйирпазирии ирсӣБемориҳои асаб🡆 More