Уи́лям Ҳе́нри Гейтс III (англ. William Henry Gates III; 28 октябр 1955 (1955-10-28), Сиэтл, Вашингтон), бештар маъруф ба Билл Гейтс (англ. Bill Gates) — тоҷир ва ходими ҷамъиятӣ, филантропи амрикоӣ, яке аз созандагони (ҳамроҳ бо Пол Аллен) ва собиқ саҳмиядори бузурги ширкати Microsoft.
англ. Bill Gates | |
Ном ҳангоми таваллуд | англ. William Henry Gates III |
Таърихи таваллуд | 28 октябр 1955[…] (68 сол) |
Зодгоҳ | |
Кишвар | |
Пеша | корофарин, барномасоз, башардӯст |
Падар | Bill Gates Sr.[d] |
Модар | Mary Maxwell Gates[d] |
Ҳамсар | Melinda Gates[d] |
Фарзанд | Jennifer Katherine Gates[d], Phoebe Adele Gates[d] ва Rory John Gates[d] |
Ҷоизаҳо | |
Имзо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Билл Гейтс дар синни 13-солагӣ аввалин бор бо компютерҳо ва забони барномасозӣ шинос гардид. Соли 1972 якҷо бо дӯсти мактабиаш Пол Аллен (Paul Allen) ширкати «Трэф-О-Дейта»-ро таъсис дода, ба барномасозӣ ва танзими ҳаракати кӯча оғоз намуд ва натиҷаҳои онро бо усули коркарди компютерӣ истифода бурд. Ҳамин тавр онҳо бо микропротсессори барномашудаи 8008 бори аввал ба фаъолияти мустақилонаи барномарезӣ шурӯъ намуданд. Соли 1973 Билл Гейтс ба Донишгоҳи Гарвард дохил шуд. Соли 1974 якҷо бо Пол Аллен ширкати «Майкрософт» (Microsoft)-ро ташкил карданд, 60 дарсади саҳмияи он ба Билл Гейтс ва 40% ба Аллен тааллуқ дошт. Дар ибтидои соли 1975 онҳо барои компютери инфиродии «Алтаир»-и ширкати MITS забони барномасозии BASIC-ро таҳия намуданд. Билл Гейтс ва Аллен бо роҳбарони MITS қарордод бастанд, ки мутобиқи он барномаи компютерии онҳо якҷо бо компютер фурӯхта мешуд.
Билл Гейтс соли сеюми таҳсил донишгоҳи Гарвардро тарк намуда, комилан ба кори ширкат машғул гардид. Вай бовари комил дошт, ки компютери шахсӣ дар рӯйи ҳар мизи корӣ ва ҳар хонавода ҷой мегирад. Акнун Билл Гейтс ва Аллен ба таҳия ва таъмини барномаҳои компютерҳои шахсӣ шурӯъ намуданд. Соли 1976 Билл Гейтс фурӯши литсензияро барои истифодаи барномаҳои компютерӣ аз тарафи истеҳсолкунандагони компютерҳо ҷорӣ намуд. Дар натиҷа истеҳсолкунандагони компютерҳо дастгоҳҳои худро якҷо бо ин барномаҳо дастраси харидорон менамуданд. Пас аз барҳам хӯрдани ширкати MITS, «Майкрософт» тавонист бо ширкатҳои машҳури «Эппл», «Коммодор» ва «Тэнди», ки компютерҳои «Рэйдио шэк»-ро истеҳсол мекарданд, қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонад. Соли 1979 ширкати «Майкрософт», ки дар он ҳамагӣ 15 нафар кор мекард, қароргоҳашро ба шаҳраки Бсевю (наздикии шаҳри Сиэтл, иёлати Вашингтон) кӯчонд. Як сол баъд фирмаи IBM ҷиҳати тартиб додани барнома барои компютери шахсии нави худ ба Билл Гейтс муроҷиат намуд, ки ин барнома дар охир ҳамчун IBM PC шуҳрат пайдо карда, таҳиякунандагони он шахсони сарватманди дунё гардиданд.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
This article uses material from the Wikipedia Тоҷикӣ article Билл Гейтс, which is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license ("CC BY-SA 3.0"); additional terms may apply (view authors). Муҳтаво таҳти иҷозатномаи CC BY-SA 4.0 ва ё дигар дастрас аст. Images, videos and audio are available under their respective licenses.
®Wikipedia is a registered trademark of the Wiki Foundation, Inc. Wiki Тоҷикӣ (DUHOCTRUNGQUOC.VN) is an independent company and has no affiliation with Wiki Foundation.