Макс Вебер

Максимилиа́н Карл Эми́л Ве́бер (олмонӣ: Maximilian Carl Emil Weber; 21 апрел 1864, Erfurt, Province of Saxony, Подшоҳии Пруссия — 14 июн 1920, Мюнхен, Ҷумҳурии Веймар) — сиёсатшиноси олмонӣ, иқтисоддон ва ҷамъиятшинос.

Макс Вебер
олмонӣ: Max Weber
Макс Вебер
Таърихи таваллуд 21 апрел 1864(1864-04-21)[…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 14 июн 1920(1920-06-14)[…] (56 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ sociology of religion[d], мутолеъаи таърих[d], илми иқтисод, ҷомеашиносӣ, таърих, иқтисод ва sociology of organisations[d]
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Levin Goldschmidt[d], August Meitzen[d] ва Rudolf von Gneist[d]
Шогирдон Alfred Schütz[d] ва Harold Garfinkel[d]
Имзо Имзо
Макс Вебер Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

Дар донишгоҳҳои Фрейбург, Гейделберг ва Вена ба тадрис машғул буд; маҷаллаи сотсиологӣ таъсис дод. Ба фаъолияти сиёсӣ фақат дар охири умраш машғул шуд. Соли 1918 яке аз асосгузорони Ҳизби демократии Олмон гардид, вале дере нагузашта ба хотири розӣ набудан аз сиёсати «сотсиалкунонӣ»-и ҳизб онро тарк намуд. Макс Вебер дар таҳияи Конститутсияи Олмон иштирок намудааст. Андешаҳояш дар зери таъсири навкантгароӣ ташаккул ёфтаанд. Ӯ ҳамроҳи Риккерт ва Дилтей таълимоти навъҳои идеалиро эҷод намуд. Таълимоти навъҳои идеалӣ дар муқобили ғояи қонунмандии куллии инкишофи таърихӣ қарор дошт ва воситаи асосноккунии методологии гуногунандешӣ дониста мешуд.

Таълимот

Масъалаи меҳварии таълимоти Макс Веберро равобити ҳаёти ҷомеа, манфиатҳои моддӣ ва идеологии умумиятҳои гуногуни иҷтимоӣ ва шуури динӣ ташкил медиҳанд. Макс Вебер дар асари «Ахлоқи протестантӣ ва рӯҳи капитализм» исбот карданӣ мешавад, ки капитализмро маҷмааи динию ахлоқии протестантӣ ташаккул дода, кордӯстӣ, эҳтиёткорӣ, ростқавлӣ ва дигар сифатҳо асоси маънавии ҷомеаи сармоядорӣ гардидаанд. Ӯ нақши омили иқтисодиро дар ташаккул ва рушди капитализм тавсиф намудааст, ки бо таълимоти марксизм оид ба андӯхти ибтидоӣ ва арзиши изофа дар рақобати оштинопазир қарор дорад.

Ба ақидаи Макс Вебер, давлат ҳукмронии одамон бар одамон аст, ки ба зӯроварӣ ҳамчун восита такя менамояд. Вобаста ба омӯзиши таърихи умумии ҳуқуқ, давлат ва ҳокимият Макс Вебер назарияи навъҳои идеалии ҳокимиятро пешниҳод менамояд, ки дар таърихи халқҳои гуногун вомехӯранд. Ҳокимияти муосир ва аз ҳама пешқадам ҳокимияти ақлгароёна ва қонунӣ мебошад. Унсури асосии ин ҳокимиятро мавҷудияти бюрократияи касбӣ ташкил менамояд. Бюрократия ҳамчун низоми идора донис- та мешавад, ки ба он маротиб, бешахсиятӣ, муттасилӣ ва интихоби озмунӣ хос аст. Оқибат бюрократия барои ҷомеаи мураккаби индустриалӣ ҳукми зарурат мешавад.

Ба андешаи Макс Вебер рушди бюрократия ба моҷарои байни он ва демократия мерасонад. Дар натиҷаи ҷалб намудани оммаи мардум ба ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ иттиҳодияҳои зиёди одамон ташкил мешаванд, ки оқибат ба қувваи муқовиматангези ҷомеа табдил меёбанд. Барои аз зулми бюрократҳо халос шудан Макс Вебер назарияи плебисситарии демократияро пешниҳод менамояд. Мувофиқи он сарвари хориқулода, ки тавассути роҳи плебисситарӣ (овоздиҳии бевоситаи мардум) интихоб гардидааст, бояд демократияи парламентиро тақвият диҳад. Маҳз сарвари хориқулода метавонад, ба андешаи Макс Вебер, аз бисёр ҷиҳатҳо масъалаҳои муносибатҳои байниҳамдигарии шахсият, ҷомеа ва давлатро ҳал намояд.

Макс Вебер асарҳои бисёре боқӣ гузоштааст. Масъалаҳои сиёсии ҷомеа бештар дар асарҳои «Ахлоқи протестантӣ ва рӯҳи капитализм» (1905), «Парламентаризми олмонӣ дар гузашта ва оянда» (1918), «Сиёсат ҳамчун истеъдод ва касб» (1919), «Хоҷагӣ ва ҷомеа» (1921) ва ғайра баррасӣ шудаанд.

Эзоҳ

Адабиёт

Tags:

Макс Вебер ЗиндагиномаМакс Вебер ТаълимотМакс Вебер ЭзоҳМакс Вебер АдабиётМакс Вебер14 июн21 апрелd:Q1729d:Q27306d:Q340210d:Q41304d:Q9387Забони олмонӣИқтисоддонМюнхенСоли 1864Соли 1920

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Гули садбаргСуғдАртиши СурхҶонишинҳои ишоратӣНавдаАбулмаъолӣ Насруллоҳи МуншӣТерроризмРӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии ТоҷикистонРӯдакӣЭкологияАлгебраСадриддин АйнӣМуҳаррики дарунсӯзХати мехӣҶӯрабой ОхуновАломатҳои китобатМаҷаллаи «Мероси ниёгон»Соли 1998Созмони Милали МуттаҳидДраматургияи тоҷикМаҷмааи «Истиқлол»ПудинаСаратонХоқонии ШервонӣСомонашиносӣҶамъияти дорои масъулияти маҳдудПуркунандаАҳмади ДонишСаноати ТоҷикистонҚувваҳои мусаллаҳи ТоҷикистонШариатИммунитетВазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии ТоҷикистонДонишкадаи исломии ТоҷикистонСифати нисбӣКомиссияи оштии миллӣТоҷиконҶомеаи иттилоотӣМеъёри ҳуқуқҲафт муъҷизаи оламДавлати ҳуқуқбунёдМеҳргонҲадди ақали таъминоти буҷетӣШоҳаншоҳии ҲахоманишӣБПНМАсри сангАбуҳанифа Нуъмон ибни СобитАлифбои арабӣЁддоштҳо (Айнӣ)Фарҳанги ТоҷикистонСумбоди МуғНишони ТоҷикистонДилрабо МансурӣДавлати СалҷуқиёнБемориҳои чашмИбора (мазмунҳо)Аъзои ҷумлаНуқтаҶанги Бузурги ВатанӣФотеҳ НиёзӣАдабиёти классикӣДавлати Суғди қадимIPv6Ҷонишинҳои шахсӣЭнергетикаи ТоҷикистонСосониёнНомгӯйи паррандагони Китоби сурхи ТоҷикистонАнгурҲуқуқи мурофиаи ҷиноятӣГазнаХокСурайё ҚосимоваНоҳияҳои ТоҷикистонАҳолии Британияи КабирОсиё🡆 More