Кайҳоншиносӣ илмест, ки фазои берунаро бо парвози киштиҳои кайҳонии одам ва роботдор таҳти омӯзиши худ қарор медиҳад.
Юрий Гагарин |
(Аз БОЛО ба ПОЁН) - Нахустин радифи маснӯи замин Спутник-1; - Юрий Гагарин аввалин одаме, ки ба кайҳон парвоз намудааст; - Кайҳоннавард Эдвин Олдрин дар рӯи Моҳ. Моҳ ягона ҷирми осмоние мебошад, ки инсоният дар рӯи он қадам задааст. |
Ихтирои муҳаррикҳои ракетавии бо сӯзишвории моеъ коркунанда дар аввали садаи XX имконият дод, ки омӯзиши кайҳон амалӣ гардад. Он аз илми астрономия, ки ҳазорсолаҳо боз аз замин истода кайҳонро меомӯзад, фарқ мекунад. Мақсади ниҳоии кайҳоншиносӣ тараққӣ додани омӯзиши коинот ва ба ҳам муттаҳид сохтани халқҳо барои маҳфуз мондани насли инсоният мебошад.
Омӯзиши кайҳон аксари вақт чун воситаи сиёсӣ дар раванди Ҷанги Сард истифода мешуд. Давраи аввали омӯзиши кайҳон мусобиқа барои соҳиб шудан ба коинот байни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико буд. Ба фазо баровардани аввалин радифи маснӯи Замин Спутник-1 аз тарафи ИҶШС дар 4 октябри 1957 ва нишасти Аполлони амрикоиён ба Моҳ дар 20 июли 1969 канорҳои марҳилаҳои ин давра буданд. Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои аввал пешсаф буд. Дастовардҳои он парвози нахустини инсон Юрий Гагарин ба кайҳон дар киштии Восток соли 1961, ба фазои кушоди коинот баромадани Алексей Леонов дар соли 1965 ва сар додани истгоҳи кайҳонии аввалин Салют-1 мебошанд.
Баъд аз 20 соли таҳқиқот, парвозҳои ҷудогона ба киштиҳои чандин маротиба истифодашаванда аз қабили Барномаи кайҳонии Шатл ва пойгаи соҳибшавии кайҳон ба ҳамкории байни кишварҳо аз қабили Истгоҳи Байналмилалии Кайҳонӣ оварда расонид. Аз миёнаҳои солҳои 90-ум шахсиятҳои алоҳида ба соҳаи нав – саёҳати кайҳонӣ мароқ зоҳир мекарданд. Барномаҳои кайҳонии калон парвоз ба Моҳ ва эҳтимолан ба Миррихро баъд аз соли 2010 пешбинӣ кардаанд.
This article uses material from the Wikipedia Тоҷикӣ article Кайҳоншиносӣ, which is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license ("CC BY-SA 3.0"); additional terms may apply (view authors). Муҳтаво таҳти иҷозатномаи CC BY-SA 4.0 ва ё дигар дастрас аст. Images, videos and audio are available under their respective licenses.
®Wikipedia is a registered trademark of the Wiki Foundation, Inc. Wiki Тоҷикӣ (DUHOCTRUNGQUOC.VN) is an independent company and has no affiliation with Wiki Foundation.