Бихевиоризм

Бихевиоризм (англ.

behavior — рафтор) — яке аз равияҳои равоншиносӣ, ки шуур ва равонро ҳамчун мавзӯи таҳқиқоти равоншиносӣ инкор намуда, рафторро ҳамчун мавзӯи омӯзиш қарор додааст.

Таърих

Бихевиоризм дар садаи XX дар ИМА ба вуҷуд омадааст (Э. Торндайк, Ҷ. Ватсон ва диг.). Бихевиоризм дар асоси муносибати механикӣ ба одам пайдо шудааст. Бихевиористон ҳамаи амалҳои ҷавобии организм ба водоркунандаҳои беруниро ба рафтор мансуб медонистанд, ки аз берун мушоҳида мешаванд. Ҳамин тариқ, бузургии таҳлили рафтор алоқаи мушаххаси водоркунанда (S) ва амали ҷавобӣ (R) мебошад. Бихевиоризм аз ҳама гуна шаклҳои усули интроспексия даст кашида, усули эксперимент ва мушоҳидаи воқеиро пешниҳод менамояд, ки дар он алоқаи S — R бо мақсади пешгӯии рафтори фард (суб­ъект) ва «идоракунӣ»-и он таҳқиқ карда мешавад. Ҷ. Ватсон ва шогирдонаш равандҳои равониро маҳз дар доираи ин чорчӯбе баррасӣ карданд.

Ватсон ҳамаи аксуламалҳоро ба ирсӣ (баъзе рефлексҳо, аксуламалҳои ҷисмӣ ва эҳсосоти сода) ва бадастовардашуда (одатҳо, тафаккур, нутқ, эҳсосоти мураккаб, рафторҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имоӣ ва ғайра) ҷудо мекунад. Инкишофёбии рафтор дар бадастоварии аксуламалҳои нав, ки аз аксуламалҳои ирсӣ сарчашма мегиранд, ифода меёбад. Аксуламалҳои ирсӣ, ки дар муносибат бо водоркунандаҳои ғайришартӣ ба вуҷуд меоянд, аксуламалҳои навро меофаранд, ки дар натиҷа фард онҳоро бо дигар водоркунандаҳои шартӣ мепайвандад ва ҳамин тариқ, аксуламали мувофиқ пайдо мешавад. Масалан эҳсоси тарсро ду водоркунандаи ғайришартӣ ба вуҷуд меоварад: овози тезутунд ва гум кардани такягоҳ. Агар ин водоркунандаро бо дигар водоркунандаҳо мувофиқ кунонем (Масалан нишон додани харгӯши сафед), мебинем, ки аксуламали тарсро метавонад танҳо нишон додани харгӯши сафед ба вуҷуд оварад (раванди шартикунонӣ ба амал омад). Дар таҷриба эҳсосоти сода ба ҳамдигар алоқаманд шуда, силсилаи мураккаби аксуламалҳоро (одат, хотир) ба вуҷуд меоварад.

Меъёри дигари таснифоти аксуламалҳоро дараҷаи «ноаёнӣ»-и онҳо ташкил мекунад. Яъне, аксуламалҳои беру­нӣ, ки барои мушоҳидаи одӣ дастрасанд (нутқ, эҳсосот, рефлексҳо) ва ё аксуламалҳои ботинӣ, ки бо истифода аз дастгоҳҳои махсус мушоҳида карда мешаванд.

Бихевиоризм аз лаҳзаи пайдоишаш барои муносибати содаи механикӣ ба рафтори одам, инкор кардани хусусиятҳои функсияҳои олии равонии инсон мавриди танқид қарор гирифт. Дар нимаи 2-юми садаи 20 Бихевиоризм тадриҷан таъсири ҳукмфармо ба равоншиносии ҷаҳонро гум кард. Вале вай дар инкишофи усулҳои эмпирикӣ ва математикии омӯзиши рафтор, инчунин дар масъалаи шаклҳои нави рафторро касб кардани организм саҳми бузург гузошт. Бисёр таҳқиқоти илмию амалие, ки дар ҷараёни Бихевиоризм анҷом пазируфтанд, дар соҳаи идоракунӣ, реклама (таблиғот), маориф, психотерапия (равоншифоӣ) ва ғ. самараи хуб доданд, агарчи даъвои равоншиносон — бихевиористон дар идоракунии рафтори инсон пурмуҳобот баромаданд.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Краткий психологический словарь. М., 1984;
  • Луғати тафсирии истилоҳоти педагогика. Д., 1988;
  • Қодиров Қ. Б., Давлатов М. Т., Расулов С. Х. Вожаномаи тафсирии истилоҳоти психологӣ ва педагогӣ. Д., 2008.

Сарчашма


Шаблон:Равоншиносӣ

Tags:

Бихевиоризм ТаърихБихевиоризм ЭзоҳБихевиоризм АдабиётБихевиоризм СарчашмаБихевиоризмРавоншиносӣ

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Ноҳияи Бобоҷон ҒафуровХати лотинӣИқлимЗарф (дастури забон)Бемории силРангШоҳбегим МаликшозодаШӯриши СпитаменХати мехӣЭшони НуриддинҷонВаҳдатСоли 2022ГазСайёракУнсурулмаъолии КайковусВазорати фарҳанги Ҷумҳурии ТоҷикистонВитаминҳоДонишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ТоҷикистонДрама (ҷинси адабиёт)Бемориҳои санги гурдаҶанги ҷаҳонии дувумИсми ҷинсҚаҳрамони Иттиҳоди ШӯравӣАдабиётшиносӣНажодФарҳанги забони тоҷикӣХунБемориҳои рӯҳӣАннотатсияСтандарти байналмилалии рақамгузории китобМинтақаи озоди иқтисодии «Суғд»Аҳолии ТоҷикистонШайбониёнСирдарёАсри санг дар ТоҷикистонҲукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонҲиссаҳои нутқИдҳои ТоҷикистонҲуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣЧашмИқтисоди ТоҷикистонКитобхонаМаркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонАспАмрикои ҶанубӣЗаминларзаСотим УлуғзодаАгентии омори назди Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЧеҳраҳои мондагор (китоб)Зарф (мазмунҳо)ИнтернетПиряхҳои ТоҷикистонРутбаҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии ТоҷикистонХадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонҲафтаАбуҳанифа Нуъмон ибни СобитБеморӣВирусҳоНависандаОсиёИсфараҚазоқистонПомирҶонишин (дастури забон)АнтарктидаШарқи НаздикШеракУкраинаМаҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонХонии ҚӯқандКомиссияи оштии миллӣҶалолуддини БалхӣГулчеҳра СулаймонӣБуддоияТаълимУқёнусСуръат🡆 More