Хадамоти Матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — идораи мустақили Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, ки доир ба тарғибу ташвиқи фармон, амр ва дастурҳои Президенти Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати Тоҷикистон тавассути воситаҳои ахбори умум фаъолият намуда, ба ташаккули афкори мусбати ҷомеа мусоидат мекунад.

Самтҳои асосӣ

Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тарғибу ташвиқи фармон, амр ва дастурҳои Президенти Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати Тоҷикистон тавассути воситаҳои ахбори умум фаъолият намуда, ба ташаккули афкори мусбати ҷомеа мусоидат мекунад.

Хадамот иҷрои вазифаҳои худро дар ҳамоҳангӣ бо дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои ҷамъиятӣ ва хадамоти матбуотии онҳо ва ҳамчунин бо воситаҳои ахбори умум ба роҳ мемонад.

Вазифаҳо

— ташкили кор оид ба шарҳу эзоҳ ва инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои қабулнамудаи онҳо дар воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ;

— иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба инъикоси масъалаҳои мубрами сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ дар матбуот;

— баргузор намудани конференсияҳои матбуотӣ, брифингҳо, таҳия ва паҳн намудани фишурдаи матбуотӣ ва ахбори иттилоотӣ;

— таъмини сабти телевизионӣ ва таҳияи маводи видео дар бораи вохӯриҳо ва гуфтушунидҳо ва сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои дигар;

— ташкили фаъолияти якҷоя бо намояндагони аккредитатсияшудаи матбуоти кишварҳои хориҷӣ;

— ҳамкорӣ бо хадамоти матбуотии мақомоти дигари давлатӣ доир ба масъалаҳои инъикоси сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат.

Роҳбарон

Котиби матбуотӣ — роҳбари

хадамоти матбуоти Президент

Солҳои

фаъолият

Сайидзода Зафар Шералӣ 15 ноябри 1995 — 15 декабри 2003
Шарифзода Абдуфаттоҳ 15 декабри 2003 то 29 январи 2024
Заробиддин Қосимӣ 29 январи 2024 то ин ҷониб

Сайт ва саҳифаҳо

Сайт www.president.tj
Шабакаҳои иҷтимоӣ Facebook | Instagram | Twitter | Telegram
Аксу наворҳо Youtube | Flickr

Tags:

Хадамоти Матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Самтҳои асосӣХадамоти Матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ВазифаҳоХадамоти Матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон РоҳбаронХадамоти Матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайт ва саҳифаҳоХадамоти Матбуоти Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонДастгоҳи иҷроияи Президенти ТоҷикистонПрезиденти ТоҷикистонҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Садриддин АйнӣТиҷорати электронӣКамоли ХуҷандӣАндоз аз даромади шахсони воқеӣШом (намоз)Бонки тиҷоратӣБразилияБемориҳои ирсӣФалсафаКитобИстаравшанҲафт муъҷизаи оламВазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии ТоҷикистонВазорати адлияи Ҷумҳурии ТоҷикистонC++БиосфераУзвҳои таносули занонаДоира (соз)Ҳуқуқи шаҳрвандӣГумрукСаноӣНизомномаДастгоҳи иҷроияи Президенти ТоҷикистонНерӯгоҳи барқи обии РоғунГурбаКишоварзӣ дар ТоҷикистонВилояти Мухтори Кӯҳистони БадахшонАбуҳомид Муҳаммади ҒазолӣОлами набототи ТоҷикистонЗарафшондарёБандак (забоншиносӣ)Абдуллои СултонҲуқуқвайронкунии маъмурӣМушу гурбаДар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд (тафсир)Нерӯгоҳи барқи обии НоракБарномаи таълимӣМуҳаммад ибни Мӯсои ХоразмӣЗаминТоҷикистон дар соли 2021Иззатулло ҲаёевМуҳаррики дарунсӯзФарҳанги луғатБеморӣИстилоҳПешояндАбдулқодирхоҷаи Савдо872СулҳХусрави ДеҳлавӣҶонишинҳои саволӣМаҷаллаи «Мероси ниёгон»Интернет дар ТоҷикистонҲормонНизомии ГанҷавӣЧингизхонВоситаи ахбори оммаЗабони форсӣВожаҷӯТабъизАъзои ҷумлаҲофизФисоғурисМаънои аслӣ ва маҷозии калимаҳоСарезЛоиқ ШералӣФеҳристи паррандагони Китоби сурхи ТоҷикистонРӯзи ҒалабаҚобусномаИтолиёТақсими кори байналмилалӣЛотинӣ навиштани порсӣОбТандурустӣ дар ТоҷикистонМаликушшуаро Баҳор🡆 More