Ираклий Абашидзе

Ира́клий Виссарио́нович Абаши́дзе (гурҷӣ: ირაკლი ბესარიონის ძე აბაშიძე; 10 (23) ноябр 1909 (1909-11-23) — 14 январи 1992) — шоир ва ходими ҷамъиятии гурҷӣ, академик АИ ҶШС Гурҷистон (1960).

Раиси Шӯрои Олии ҶШС Гурҷистон (1971). Раиси Садорати ИН Гурҷистон (1953 — 67), сармуҳаррири Энсиклопедияи Советии Гурҷистон. Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1979).

Ираклий Виссарионович Абашидзе
гурҷӣ: ირაკლი ბესარიონის ძე აბაშიძე
парчам
9-умин Раиси Шӯрои Олии ҶШС Гурҷистон
12 июли 1971 — 14 ноябри 1990
Пешгузашта Двали, Рафаэл Рафаэлович
Ҷонишин Гамсахурдия, Звиад Константинович
Таваллуд 10 (23) ноябр 1909
Даргузашт 14 январ 1992(1992-01-14) (82 сол)
Мадфан
Ном ҳангоми таваллуд гурҷӣ: ირაკლი აბაშიძე
Ҳизб
Таҳсилот
Касб шоир, сиёсатмадор
Фаъолият шеър
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ — 1979
Ордени Ленин Ордени Ленин Ордени Ленин Ордени Ленин
Ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи II— 1985 Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени Дӯстии халқҳо
Ордени «Нишони Фахрӣ» Медали «Барои шуҷоати меҳнатӣ»

Зиндагинома

Дар деҳаи Хони губернияи Кутаиси ба дунё омадааст. Шеърҳояш аз соли 1928 чоп шудаанд.

Эҷодиёт

Дар маҷмӯаҳои ӯ «Шеърҳо» (1932), «Шеърҳои нав» (1938), силсилаи шеърҳои «Сурудҳои даравгарон», «Гурия шукуфон аст», «Шаби шикорчиён» (1950 — 51) ва ғайра ҳаёти нав, ишқи Ватан, меҳнати фидокорона ва диловаронаи халқи эҷодкор тараннум шудааст. Дар мавзӯи ҶБВ (1941 — 45) ва корнамоии диловарони ҷанг шеърҳои «Капитан Бухаидзе», «Суруди марди маҷрӯҳ», «Ба хотираи Леселидзе» ва ғайраро офаридааст.

Дар силсилаи шеърҳои «Фаластин, Фаластин» (гурҷӣ: პალესტინა, პალესტინა, 1963, Мукофоти давлатии Гурҷистон ба номи Руставелӣ, 1966), «Бо пайраҳаҳои Руставелӣ» ва (гурҷӣ: რუსთველის ნაკვალევზე; мукофоти ба номи Ҷ. Неру, 1972) ва «Ин сурудҳои Гурҷистони ман аст» (1971) зиндагии душвору мураккаб ва олами ботинии шоири бузурги гурҷӣ тасвир ёфтааст.

Китобҳои «Қаробат» (1966), «Маҷмӯаи шеърҳо» (1982) аз хусуси мавқеи ҷамъиятии шоир, таърихи Гурҷистону халқи кишвар, дӯстии халқҳо ва сулҳ баҳс мекунанд.

Шеърҳои Абашидзе ба забони халқҳои собиқ СССР ва хориҷӣ, аз ҷумла ба забони тоҷикӣ (шеърҳои «Ба шоири Ҳинд», «Ба шоирони Шарқ», «Дӯстиро завол нест», «Се қалъа») чоп шудаанд.

Осор

  • Ба шоирони Шарқ, дар маҷмӯа «Эътиқод», Д., 1982.
  • Избранные стихи. Тбилиси, 1984
  • Ищу заветный след. Москва, Детская литература, 1979. Перевод Е. Евтушенко, Н. Гребнева, М. Максимова, А. Межирова, Н. Тихонова, Б. Ахмадулиной, П. Шубина
  • Избранное: Стихотворения. — М, 1979.

Ҷоизаҳо

  • Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (22.11.1979)
  • 4 ордени Ленин (17.04.1958; 02.04.1966; 18.12.1969; 22.11.1979)
  • ордени Ҷанги ватанӣ дараҷаи 2 (11.03.1985)
  • 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (24.02.1946; 22.12.1959)
  • ордени Дӯстии халқҳо (16.11.1984)
  • ордени «Нишони Фахрӣ» (31.01.1939)
  • медали «Барои шуҷоати меҳнатӣ» (29.08.1960)
  • медалҳо

Эзоҳ

Адабиёт

  • Маргвелашвили Г. Ираклий Абашидзе. — Тб., 1958.

Пайвандҳо

Ираклий Абашидзе  Ираклий Абашидзе. Сайти «Герои Страны».

  • Абашидзе Ираклий Виссарионович // Большая советская энциклопедия : [в 30 т.] / гл. ред. А. М. Прохоров. — 3-е изд. — М. : Советская энциклопедия, 1969—1978.

Сарчашма

Tags:

Ираклий Абашидзе ЗиндагиномаИраклий Абашидзе ЭҷодиётИраклий Абашидзе ОсорИраклий Абашидзе ҶоизаҳоИраклий Абашидзе ЭзоҳИраклий Абашидзе АдабиётИраклий Абашидзе ПайвандҳоИраклий Абашидзе СарчашмаИраклий Абашидзе14 январ199223 ноябрГурҷистонЗабони гурҷӣСоли 1909ШоирЭнсиклопедияи советии Гурҷистон

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

ТағйирпазирӣБемориҳои чашмСафедаҳоӮзбекистонМир Сайид Алии ҲамадонӣКӯлҳои ТоҷикистонОфтобАлкалоидҳоТоҷмаҳалҲуқуқи кӯдакЗукомСубъекти ҳуқуқи байналхалқӣБеморӣCSSДилМуодилаи квадратӣВазифаи ҳифзи меҳнатИнтихобот дар ТоҷикистонНамозҲуқуқҳои шаҳрвандКарбогидратҳоМаркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонҶӯрабек НазриевHTMLҲокимияти давлатӣВазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии ТоҷикистонБандина (тиб)Бобо ҲоҷӣСироҷиддини ФозилМаҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонБобоҷон ҒафуровХамсаи НизомӣҶанги шаҳрвандии ТоҷикистонФаромурз ибни ХудододШоирони халқии ТоҷикистонВолейболБемории силВазоратҳои Ҷумҳурии ТоҷикистонМастона ЭргашеваШоҳаншоҳии ҲахоманишӣКитоби сурхи Ҷумҳурии ТоҷикистонСаймумин ЯтимовСамаки айёрШоҳаншоҳии АшконӣИбни СиноИбора (дастури забон)ДавлатВилоятҳои ТоҷикистонҶигарСаноати ТоҷикистонВНМОМӯрчаАдабиётшиносии тоҷикии асри 19БаҳорЗабони форсӣНидоТаърихи ТоҷикистонТаҳияи масҷидҶадвали даврии унсурҳои кимиёӣГулистон (асар)СаъдӣАлифбои арабӣОшобаЗарфи миқдору дараҷаОсиёи МиёнаҲиҷоКореяи ҶанубӣЗанбӯри асалДавлати СелевкиёнИдҳои ТоҷикистонРӯзи истиқлоли Ҷумҳурии ТоҷикистонМаориф дар ТоҷикистонРутбаҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии ТоҷикистонРисолаи дилкушоСалмони ФорсӣТерроризмРӯзи ҒалабаМаҳбалТаълим🡆 More