Иво Андрич

И́во А́ндрич (сербӣ: Иво Андрић/Ivo Andrić; 9 октябри 1892, Долас (ҳозира дар Травник), Босния, Австро-Венгрия — 13 марти 1975, Белград, Югославия) — нависандаи сербӣ.

Иво Андрич
хорватӣ: Ivo Andrić
кир. серб. Иво Андрић
лот. серб. Ivo Andrić
Иво Андрич
Таърихи таваллуд: 10 октябр 1892(1892-10-10)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 13 март 1975(1975-03-13)[…] (82 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: нависанда, румоннавис, диплумот, шоир, мақоланавис
Солҳои эҷод: аз 1911
Жанр: шеър, румон ва қисса[d]
Забони осор: сербу-хорватӣ ва Забони сербӣ
Ҷоизаҳо:
Order of the Hero of Socialist Labour
Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт
Order of the German Eagle
Имзо: имзо
Иво Андрич Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

Аз оилаи ҳунарманд. Гимназияро дар шаҳри Сараево хатм намуд. Барои иштирок дар ҳаракатҳои миллии озодихоҳӣ аз ҷониби ҳукуматдорони Австро-Венгрия ба ҳабс гирифта шуд (1914). Баъди Ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар донишгоҳҳои Загреб ва Вена илми филологияро омӯхт ва ба корҳои дипломатӣ машғул буд.

Фаъолияти эҷодӣ

Ба кори эҷодӣ аз соли 1911 шурӯъ кард. Аввалин китобаш бо номи «Ex ponto» соли 1918 нашр шуд. Андрич давомдиҳандаи анъанаҳои вуқӯъгӯии адабиёти Сербия мебошад; дар новелаҳои солҳои 20 — 30 садаи XX эҷоднамудааш олами ботинии инсони дар натиҷаи нобаробариҳои иҷтимоӣ ба зулму тааддӣ дучоромадаро тасвир намудааст. Андрич дар аксар асарҳояш ба таърихи гузаштаи Босния таваҷҷуҳ кардааст. Беҳтарин романҳои таърихии Андрич «Пули Дрина», «Воқеаномаи Травниска», «Хонум» (ҳар се соли 1945) мебошанд. Дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва баъд аз он ҳам Андрич ба масъалаҳои иҷтимоӣ дахл кардааст. Ба ин масъалаҳо ӯ на танҳо дар асарҳои таърихӣ (повестҳои «Ҳикоят дар бораи фили вазир», 1959; «Ҳавлии манҳус», 1954), инчунин дар осори ба мавзӯи муосири давр бахшидашуда (повестҳо дар бораи ҳаракати партизанӣ — «Зеко», «Дарҳои пӯшида», ҳарду 1950) рӯй овардааст. Дар осори Андрич, муҳокимарониҳои фалсафӣ ва тасвироти авзои рӯҳии қаҳрамонон хеле зиёданд. Ба қалами Андрич инчунин асарҳои танқидӣ-бадеӣ (дар бораи П. Негоше, В. Караджич, рассом Ф. Гойя ва дигарон) тааллуқ доранд. Андрич — дорандаи Мукофоти Нобел (1961).

Эзоҳ

Сарчашма


Tags:

Иво Андрич ЗиндагиномаИво Андрич Фаъолияти эҷодӣИво Андрич ЭзоҳИво Андрич СарчашмаИво Андрич13 март189219759 октябрБелградБоснияЗабони сербӣЮгославия

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

ГурдаСарезВазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии ТоҷикистонРӯзи ҒалабаҚоидаҳои имлои забони тоҷикӣВладимир ЛенинТомирисДавлати СалҷуқиёнАдабиёти классикӣВазифаи ҳифзи табиатКофарниҳон (дарё)СомониёнБедилИтолиёЗебунниcоИттиҳоди ШӯравӣТарбияи ҷисмонӣНависандаи халқии ТоҷикистонСаидмурод ДавлатовЁддоштҳо (Айнӣ)Хати мехӣСуғуртакунӣАмнияти миллӣVisual BasicАлифбои русӣФарҳангҳои тоҷикӣ-форсӣШабакаи компютерӣКонвенсияи ҳуқуқи кудакДонишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди ТоҷикистонРӯзномаMediaWikiШоҳаншоҳии ҲахоманишӣҶанги Бузурги ВатанӣОсиёи МарказӣЗарфи монандӣВикипедияВомиқу АзроАҳмади ДонишҲусайн Воизи КошифӣТемурмаликСурхчаНамозАдабиёти кӯдакТелевизион дар ТоҷикистонҲуқуқи андозБайнаннаҳрайнОвошиносӣКарбонҶадидияМусиқии ТоҷикистонЗабонАҳдномаи никоҳГандумИнтихобот дар ТоҷикистонДаҳонгирдонАсри сангНомгӯйи паррандагони Китоби сурхи ТоҷикистонҲиссача (дастури забон)ТирамоҳДавлатШоҳномаҲиссаҳои нутқИттилоотУқёнуси АтласТоҷикон дар аҳди муғулҳоВазорати маориф ва илми Ҷумҳурии ТоҷикистонМуқаннаъВазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии ТоҷикистонСаратонҶӯрабек НазриевХокМушаки компютерРӯзномаи «Оила»ЗардолуДавлати ҳуқуқбунёдГингивит🡆 More