Аҳдномаи Никоҳ

Аҳдномáи никóҳ — созишномаи шахсоне, ки из­дивоҷ мекунанд ё созишномаи зану шавҳар, ки ҳуқуқ ба  ам­вол ва уҳдадориҳои онҳоро дар давраи заношӯӣ ва (ё) дар ҳолатҳои бекор кардани он муайян менамояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аҳдномаи никоҳ мафҳуми нав аст ва он аввалин бор дар Кодекси оилаи ҶТ дохил шудааст. Мутобиқи аҳдномаи никоҳ ҳамсарон имкон пайдо мекунанд, ки ҳуқуқҳои амволии худро дар давраи зиндагии якҷо ва мавриди бекор шудани никоҳ ба таври амалӣ анҷом диҳанд. Аҳдномаи никоҳ аз рӯйи табиати ҳуқуқии худ аҳди дутарафа мебошад. Дар он ду тараф – шахсоне, ки нияти ба никоҳ даромадан доранд, ё ин ки зану шавҳаре, ки дар никоҳи расмӣ ҳастанд иштирок менамоянд. Яъне дар қонун субъектҳои (та­рафҳои) аҳдномаи никоҳ махсус нишон дода шудааст. Мард ва зане, ки ба таври воқеӣ бе қайди давлатии никоҳ зиндагӣ доранд ва дар оянда нияти ба расмият даровардани ни­коҳашонро, ҳамон тавр ки Кодекси оилаи ҶТ пешбинӣ намудааст, надошта бошанд, аҳдномаи никоҳ баста наметавонанд. Ин ҳолат вобаста ба он аст, ки асоси аҳдномаи никоҳ молу мулки якҷояи зану шавҳар ё амволи дар оянда бадастмеовардаи онҳо мебошад. Ғайр аз ин, муносибатҳои амволии шахсони дар никоҳи воқеӣ буда, танҳо дар асоси қонунгузо­рии граж­данӣ ба танзим дароварда мешавад. Дар ҳолати набастани аҳдномаи никоҳ муносибатҳои амволии зану шавҳари дар никоҳи расмӣ буда, дар асоси талаботи Кодекси оилаи ҶТ (мод­даҳои 34–39) ба танзим дароварда мешавад. Ҳангоми бас­тани аҳдномаи никоҳ баҳсҳои нисбат ба он пайдошуда аз тариқи қо­нунгузории оила ва ҳам қонунгузории шаҳр­вандӣ ба танзим дароварда мешаванд.

Аҳдномаи никоҳ яке аз навъҳои аҳд ва қонунгузорӣ барои ҳам­са­рони оянда мебошад, ки ҳамсарон дар давраи никоҳ ҳу­қуқи мустақилонаи худро муайян месозанд, лекин дар ай­ни замон онҳоро барои бастани ин навъи аҳд уҳдадор намекунад. Аҳдномаи никоҳ танҳо дар шакли хаттӣ тартиб дода мешавад. Ин аҳднома ба шуъбаи нотариус пешниҳод мешавад. Мувофиқи талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи нотариати давлатӣ» (моддаи 39) сарнотариусҳои давлатӣ, нота­ри­усҳои калони давлатӣ дар идораҳои нотариалии дав­ла­тӣ, ки дар шаҳру ноҳияҳо фаъолият доранд, аҳдномаи никоҳро яке аз онҳо бо иштироки ҳатмии тарафҳо тасдиқ менамоянд.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2011
  • Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009.

Сарчашма

Tags:

Аҳдномаи Никоҳ Дар Ҷумҳурии ТоҷикистонАҳдномаи Никоҳ ЭзоҳАҳдномаи Никоҳ АдабиётАҳдномаи Никоҳ СарчашмаАҳдномаи Никоҳ

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Номҳои тоҷикӣFTSE 100 IndexАхлоқАҳмад ЗоҳирУқёнуси АтласАбдулло РаҳимбоевПарчами ТоҷикистонПиряхШутурШаҳри қадима (Уршалим)МиррихАфғонистонДомулло Ҳикматуллоҳи ТоҷикободӣЛоиқ ШералӣҚалъаи ҲисорҶозибаҳои гардишгарӣЗиндагиномаи ҳазрати МуҳаммадСекунҷаКалила ва ДимнаРутбаҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии ТоҷикистонВилоятҳои ИроқРӯзи забони давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонҲиндустонИбни СиноКислотаВазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии ТоҷикистонАврупоСарезВарзишАспИқболи ЛоҳурӣҲайзХоҷа Абдуллоҳи АнсорӣДонишЗарфи замонФирдавсӣСаҳифаи аслӣИбораҳои шуморагӣБорбадХолмуроди СиддиқКорхонаи заршӯии «Зарафшон»Артиши ЭронХоқонии ТуркАфриқоАфсонаИлм дар ТоҷикистонФарҳангҶанги таҷовузкоронаМаҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонDokuWikiҲамлаи Муғул ба Осиёи МарказӣСаймумин ЯтимовДонишгоҳи давлатии омӯзгории ТоҷикистонОсорхонаи академик Бобоҷон ҒафуровКонститутсияи Ҷумҳурии ТоҷикистонАбуҳанифа Нуъмон ибни СобитВилоятҳои ТоҷикистонБадруддин ҲилолӣДушанбеКитобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим ЛоҳутӣФарзонаи ХуршедСироҷиддини ФозилСарбадоронЁддоштҳо (Айнӣ)Apple Inc.ДеваштичРӯзи ҒалабаҶӯрабек НазриевФеҳристи паррандагони Китоби сурхи ТоҷикистонБободархон (деҳа, н. Ашт)Бемориҳои рӯҳӣМаҷмӯъи маҳсулоти дохилӣКуруши БузургБемориҳои сироятӣБухороТобеъшавии Осиёи Миёна ба империяи Русия🡆 More