Диктату́ра (лот.
Диктатура дар Руми қадим ихтиёроти номаҳдуд, ҳокимият ва ё даврони ҳукумати шоҳӣ (императори) мустабид бо ихтиёроти беҳадду ҳудудро номанд.
Яке аз муҳаққиқони машҳури диктатура файласуф ва ҳуқуқшиноси олмонӣ К. Шмитт қайд карда, ки диктатура ҳама вақт воситае барои ба мақсад ноил шудан мебошад. Зеро моҳиятан он дар ҳама ҳолат танҳо барои натиҷаи дилхоҳ ба даст овардан равона шудааст ва вобаста ба вазъи бавуҷудомадаи сиёсӣ мебошад. Аксаран диктатураро «ҳукумати авторитарӣ», «сезарӣ», «бонопартизм», «ҳокимияти иҷроияи қавӣ бо дастгоҳи марказӣ ва роҳбарии автократӣ» ва ғ. меноманд. Баъзан онро ба мафҳумҳои «шоҳи мустабид», «ситамкор» айният медиҳанд. Аз рӯи мазмун бо ҳам наздиканд, вале онҳоро ҳамчун муродиф (синоним) истифода бурдан нашояд. Зеро мувофиқи нуқтаи назари дар байни олимон паҳншуда шоҳи мустабид ё худ сардори давлат як нафар мебошад, ҳол он ки диктатура метавонад ҳокимияти беҳадду ҳудуди як нафар (император ё сардори давлат) ва ё як гурӯҳ (мас., диктатураи пролетариат) бошад.
Дар соҳаи сиёсат диктатура гуфта режимеро меноманд, ки қонунҳоеро, ки қаблан давлат қабул кардааст, риоя намекунад. Диктатураро ҳамчун абзор низ истифода мебаранд. Мас., дар ИМА муқобилони ҳокимияти марказӣ ҳар гуна дастури ҳокимияти давлатиро, ки манфиатҳо ё худ қонунҳои дигар штатҳоро вайрон мекунанд, диктатура талаққӣ мешаванд.
This article uses material from the Wikipedia Тоҷикӣ article Диктатура, which is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license ("CC BY-SA 3.0"); additional terms may apply (view authors). Муҳтаво таҳти иҷозатномаи CC BY-SA 4.0 ва ё дигар дастрас аст. Images, videos and audio are available under their respective licenses.
®Wikipedia is a registered trademark of the Wiki Foundation, Inc. Wiki Тоҷикӣ (DUHOCTRUNGQUOC.VN) is an independent company and has no affiliation with Wiki Foundation.