Висмут

Висмут (англ. bismuth), Bi — унсури кимиёӣ аз гурӯҳи V ҷадвали даврии Менделеев; рақами тартибиаш 83, массаи атомиаш 208,9804.

Хосиятҳо

Физикӣ

Филиззи сафеди нуқрагун, t гудозишаш 271°С, t ҷӯшишаш 1560°С, зичиаш 9,79 г/см3; нисбат ба дигар унсурҳои гурӯҳи панҷум барқ ва гармиро беҳтар мегузаронад. В. 2 ∙ 10−5 дарсади массаи қишри Заминро ташкил медиҳад. Дар таркиби 70 минерал мавҷуд аст. Муҳимтарин минералҳои В. висмутин Bi2S3 ва бисмит Bi2O3 мебошанд; В.-и озод каму беш дар таркиби маъданҳои сурб, мис, нуқра, волфрам ва кобалт низ мавҷуд аст. Висмутин дар конҳои Тоҷикистон (Қарамазори Шарқӣ) ва Ӯзбекистон (Нурато ва Бурчмулло) дучор меояд. В.-и табиӣ танҳо як изотопи собит 209Bi дорад; 26 изотопи радиоактиви В. низ маълуманд. В. дар ҳарорати хона аз нигоҳи кимиёӣ устувор мебошад. Дар пайвастҳояш дараҷаҳои оксидшавии −3, +1, +2, +3 ва +5 зоҳир менамояд. Бо гидроген ба реаксия даромада, гази ноустувори висмутин BiH3, бо оксиген дар ҳарорати баланд оксидҳои асосӣ Bi2O3 ва кислотагӣ Bi2O5 ҳосил мекунад. Дар натиҷаи зери таъсири карбон барқарор кардани оксиди Bi2O3 В.-и озод ба даст меояд, ки барои аз маъданҳо истихроҷ намудани В. муҳим аст. Бо кислотаи камоби нитрат, кислотаи гарми консентратсияаш зиёди сулфат ва шаҳшароб (омехтаи кислотаҳои нитрату хлорид) бо ихроҷи NO2 ва SO2 намакҳои нитрат ва сулфат ҳосил мекунад. В. дар саноати истеҳсоли филиззот, дорусозӣ, кимиё, техникаи ҳастаӣ ва электроника истифода мешавад. В. бисёр хӯлаҳои зудгудоз, бо Na, K, Mg ва Ca хӯлаҳои дергудоз тавлид менамояд. Аз хӯлаи В. бо манган MnBi магнит месозанд. Барои аломатҳои роҳ аз пайвастҳои В. рангҳои нурбарор ҳосил мекунанд. Оксиди Bi2O3 катализатори синтези полимери акрилӣ буда, дар истеҳсоли мино, чинӣ ва шиша ба кор меравад. Пайвастҳои В.-ро дар тиб барои муолиҷаи бемориҳои пӯст ва узвҳои ҳозима, табобати захмҳо ва сӯхтагӣ истифода мекунанд.

Химиявӣ

Атомӣ

Изотопҳо

Мавҷудият дар табиат

Таърих

Кашф

Номгузорӣ

Пайвандҳо


Эзоҳ

Адабиёт

Ҳаволаҳои беруна

Висмут 
Логотипи Викилуғат
Викилуғат дорои мақола бо номи «Висмут» аст
Висмут 
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:


Tags:

Висмут ХосиятҳоВисмут ТаърихВисмут ПайвандҳоВисмут ЭзоҳВисмут АдабиётВисмут Ҳаволаҳои берунаВисмутЗабони англисӣ

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

КодексКореяи ҶанубӣТурсунзода (шаҳр)Бемориҳои сироятӣИстилоҳҲиҷоЗарфи замонБактерияҳоМаҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонРамазон РаҳимзодаФизикаАминокислотаҳоСистемаи шошаю таносулҲол (забоншиносӣ)Таърихи Ҷумҳурии ТоҷикистонҶазои маъмурӣДастгоҳи иҷроияи Президенти ТоҷикистонСанъатАндози заминСагАломатҳои математикӣЗабони лотинӣҲиндустонДонишкадаи исломии ТоҷикистонХамсаи НизомӣДилДонишгоҳи давлатии омӯзгории ТоҷикистонАҳолӣВарзиши сабукШавкат МирзиёевРӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии ТоҷикистонБозор СобирТуғрал АҳрорӣСозмони Милали МуттаҳидАфғонистонТағйирпазирии ирсӣИнсонМасдарЧопгарНоҳияи ВанҷДонишБиометрияҶумҳурии Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонСебМодда (физика)Ёддоштҳо (Айнӣ)Умари ХайёмХунАлифбои тоҷикӣМаркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонОсорхонаи таърихии вилояти СуғдБайнаннаҳрайнДавлати ФаластинАртиклМикки МаусҲизбҳои сиёсии ТоҷикистонРутбаҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии ТоҷикистонБободархон (деҳа, н. Ашт)Номҳои Худо дар исломЗабони инглисӣЗахираҳои меҳнатӣГенАлюминийБадахшонПешояндСифати нисбӣПулпитВазорати адлияи Ҷумҳурии ТоҷикистонТоҷиконНишонҳо ва парчамҳои ТоҷикистонМусоҳибаҲофизИродаШуллукШаҳрҳои ТоҷикистонБарги зулфУқёнуси Атлас🡆 More