Гиёҳшиносӣ Навъ

Навъи рустанӣ, хели рустанӣ, рақам, култивар (англ. cultivar) — маҷмӯъи рустаниҳоест, ки бо роҳи селекксионӣ ба вуҷуд омадаанд ва аломату хусусиятҳои муайяни морфологию физио­логӣ ва хоҷагии худро аз насл ба насл мегузаронанд; воҳиди таснифотӣ рустаниҳои мазрӯъ.

Гиёҳшиносӣ Навъ
Остеоспермум
навъе, ки ба хотири гули ҷаззоб ва рангоранги он интихоб шудааст.

Навъи рустанӣ маҳаллӣ ва селоксионӣ мешавад навъҳои маҳаллӣ маҳсули селексиям халқӣ буда, дар натиҷаи интихоби умумии дурудароз ба даст омадааст. Онҳо ба шароити маҳал нағз мутобиқ буда, бисёр хусусиятҳои муҳими хоҷагию селексионӣ доранд. Навъ­ҳои селексионӣ дар муассисаҳои тадқиқоти илмӣ бо усулҳои махсус ба вуҷуд оварда мешаванд. Навъҳо аз рӯи пайдоиш ва хусусиатҳои биологӣ хаттӣ (насли як рустании худгардолудшаванда, ки хусусиятҳои якхела дошта, бо роҳи ин­тихоби фардӣ ба даст овардаанд), фардӣ (маҷмӯи рустаниҳои аз ҷиҳати генетики якхелаи одатан дутарафа гардолудшаванда, ки як ё якчанд аломатҳои умумӣ доранд), клонӣ (насли интихобии рустании аз ҷиҳати генетикӣ бештар якхела, ки бо роҳи нашвӣ — қаламча, бехҷаст ва пайванд зиёд кардаанд) мешаванд. Навъи рустании ҳамҷинсро, ки аломатҳои хоҷагӣ ва биологии монанд доранд, ба­рои осонии омӯзиш ва инвентариза­тсия ба гурӯҳҳо — навътипҳо муттаҳид мекунанд. Навъҳои беҳтаринро истифода бурдан яке аз бехтарин омилҳои баланд бардоштани ҳосили зироати хлҷагии қишлоқ ва бехтар кардани сифати маҳсулоти он мебошад. Дар натиҷаи дурудароз истифода бурдани навъҳо сифат ва ҳосилнокии онҳо паст мешавад, ки дар натиҷа масъалаи навъбарқароркунӣ ба миён меояд. Навъи рустаниҳои кӯҳнаро ҳар са­ри вақт бо навъҳои серҳосилу хуш­сифат иваз мекунанд.

Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамаи навъҳоро пеш аз ба истеҳсолот ҷорӣ намудан аз санҷиши давлатӣ (конкурси махсус, ки навъҳои беҳтаринро интихоб меку­над) мегузаронанд. Ба зиёд кардани Навъи рустанӣ муассисаҳои тухмипарварӣ машғул мешаванд. Ҳақиқи будани Навъи рустаниро назорати навъ муайян меку­над.

Эзоҳ

Сарчашма

  • Навъаи растанӣ // Ирландия — Лениннома. — Д. : СИЭСТ, 1981. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 3).


Tags:

Забони англисӣРустаниҳо

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Боғи миллии ТоҷикистонНидоВарзиши сабукЗулайхо МаҳмадшоеваШушСанъатБаҳористонАбдуллоҳ Мусаввири ХуросонӣДарахтЗанбӯри асалДонишгоҳи давлатии ХуҷандҶӯрабек НазриевАврупои ШарқӣДонишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ПанҷакентФунксияҳои тригонометрӣАлҷазоирҚаҳрамони ТоҷикистонТабиатҶумлаСохти таркибии пешояндҳоМаҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонТаваррумЗабони англисӣБонки миллии ТоҷикистонХадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонГардиши хунИқболи ЛоҳурӣМуҳаммад Закариёи РозӣИдрокЗебунниcоВатанВарзишҶалол ИкромӣИлмБачадонҶазоИсмҳои шахс ва ғайришахсҶанги СардАнгурФутболРаҳдавакВазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии ТоҷикистонКуруши БузургПешояндБухороВазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии ТоҷикистонАдабиётСоли НавКитобхонаи миллии ТоҷикистонВазифаи ҳифзи табиатТӯйчӣ ЭрҷигитовҲиндустонДавлати ҳуқуқбунёдИёлати МисрДарёҳои ТоҷикистонЮрий ГагаринБаландии мутлақЗимистонСипоҳи посдорони Инқилоби исломӣИқтисоди ҷаҳонӣЗайнуддин Маҳмуди ВосифӣСиғаи хабарӣҲайзФоробӣАтомАртиши СурхСомониёнМаҷористонПарвиз ҶабборзодаУзвҳои таносули занонаАломатҳои китобатЛибоси миллии тоҷиконЗарафшондарёҲуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандАнтантаНосири ХусравИдҳои анъанавӣ🡆 More