Воҳидҳои Бузургиҳои Физикӣ

Воҳидҳои бузургиҳои физикӣ — воҳидҳои андозагирӣ, бузургиҳои мушаххаси физикии андозаашон собит, ки барои баҳодиҳии миқдории бузургиҳои физикӣ ҳамчун асос қабул шудаанд.

Истифодаи истилоҳи «воҳиди андозагирӣ» ба ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва тавсияҳои нашрияҳои метрологӣ мухолифат кунад ҳам, дар адабиёти илмӣ васеъ корбаст мегардад. Аксари воҳидҳои бузургиҳои физикӣ ченакҳое мебошанд, ки барои андозагирӣ (мас., метр, килограмм) истифода мешаванд. Дар давраҳои қадим теъдоди ками воҳидҳои бузургиҳои физикӣ — дарозӣ, вазн, вақт, ҳаҷм, масоҳат маълум буданд. Воҳидҳои бузургиҳои физикӣ новобаста аз ҳамдигар интихоб мешуданд ва дар кишварҳои гуногун мухталиф буданд. Баробари вусъат ёфтани алоқаҳои тиҷоратӣ ва рушди илму техника шумораи воҳидҳои бузургиҳои физикӣ низ рӯ ба афзоиш ниҳод ва масъалаи ҳамгунсози (унификатсия)-и воҳидҳову сохтани системаи воҳидҳо ба миён омад. Дар садаи XVIII дар Фаронса Системаи метрии ченакҳо пешниҳод карда шуд, ки минбаъд дар ҷаҳон эътироф гардид. Дар асоси он системаи метрии ченакҳо (мас., Системаи байналмилалии воҳидҳо) таҳия гардиданд. Воҳидҳои бузургиҳои физикӣ ба воҳидҳои системавӣ ва ғайрисистемавӣ (мас., мм сут. сим., қувваи асп, электрон-волт) ҷудо мешаванд. Воҳидҳои бузургиҳои физикӣ дар навбати худ аз воҳидҳои асосӣ (литр, килограмм, сония, ампер, келвин, кандела, мол) ва ҳосилавӣ, ки ба тавассути муодилаҳои алоқаи байни бузургиҳо (метр бар сония, килограмм ба метри кубӣ, нютон, ҷоул, ватт ва ғайра) ҳосил мекунанд, иборат аст. Дар Системаи метрии воҳидҳо воҳидҳои бузургиҳои физикӣ-и каратӣ ва ҳосилавӣ (ба истиснои воҳидҳои вақт ва кунҷ) ба тавассути ба 10n зарб задани воҳиди системавӣ ҳосил карда мешаванд (n — адади томи мусбӣ ё манфӣ).

Эзоҳ

Сарчашма

Tags:

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

СловакияҲофизФурудгоҳи лиҷионг сониРӯйхати кодҳои телефонии мамлакатҳоЭронГаагаHTMLАлифбои кирилликӣБозорДеҳаАҳмад ЗоҳирКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонТурсун ӮлҷабоевҶиноятАтмосфераи ЗаминВазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии ТоҷикистонГулистонРақсСайид Абдуллоҳи НурӣНерӯгоҳи барқи обии НоракИскандари МақдунӣТемурЛаҳистонҲизбҳои сиёсии ТоҷикистонБонкТандурустӣ дар ТоҷикистонАбдуқодири АбдуқаҳҳорАҳолии ЗаминТабКуруши КабирҲоҷат (намоз)ТуркияАмрикои ЛотинӣИмом БухорӣЛогистикаНоҳияи Ҷалолиддин БалхӣСаразмПешояндЭнсиклопедияи советии тоҷикBҶигарНерӯгоҳи барқи обии РоғунЧеҳраҳои мондагор (китоб)Ҳуқуқу озодиҳои шахсӣРухсатии ҳарсолаи пардохтшавандаи меҳнатӣТахачҚасидаи Шикоят аз пирӣШӯриши СпитаменХайрулло РаҳимовЗардуштМуҳаммад ибни Мӯсои ХоразмӣМуродифСарезГаструлаШарқи НаздикДавлати СомониёнШушЗарбулмасалИбни ЯминҶаҳонБемории силҲизби коммунистии БухороЭнсиклопедияи миллии тоҷикApple Inc.Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонМучалАндозҒазалСураи ФотирАсри сангШоҳроҳи АбрешимҶанги БадрСиёҳалафИстихораДонишгоҳи аграрии ТоҷикистонПайвандакҳои пайвасткунанда🡆 More