Дил — узви марказии гардиши хуни одам ва ҳайвон, ки ҳаракати хунро дар рагҳо таъмин менамояд.
Дили ҳайвони ширхӯр ва одам дар қафаси сина, байни ҳарду қисми шуш, дар болои диафрагма ҷой гирифтааст. Дили одами калонсол ба ҳисоби миёна 220—300 г ва дарозиаш 12-15 см мешавад. Дил узви мушакӣ буда, аз даҳлез ва меъдачаи чапи дил (хунро аз венаи гардиши хурди хун ба артерияи гардиши калони хун мегузаронад) ва даҳлезу меъдачаи рости дил (хунро аз венаи гардиши калони хун ба артерияи гардиши хурди хун мегузаронад) иборат аст. Тарафҳои чап ва рости дил бо девораи яклухт аз ҳамдигар чудо шудаанд. Девораи дил се қабат дорад: 1) қабати берунии серозӣ — эпикард; 2) қабати мобайнии мушакӣ — миокард; 3) қабати дарунӣ — эндокард.
Дил аз се қисм иборат аст:
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
This article uses material from the Wikipedia Тоҷикӣ article Дил, which is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license ("CC BY-SA 3.0"); additional terms may apply (view authors). Муҳтаво таҳти иҷозатномаи CC BY-SA 4.0 ва ё дигар дастрас аст. Images, videos and audio are available under their respective licenses.
®Wikipedia is a registered trademark of the Wiki Foundation, Inc. Wiki Тоҷикӣ (DUHOCTRUNGQUOC.VN) is an independent company and has no affiliation with Wiki Foundation.