Асунсион

Асунсион (Asuncion), шаҳр, пойтахти Парагвай, дар соҳили чапи дарёи Парагвай, дар ҷойи ба он як шудани дарёи Пилкомайо воқеъ аст.

Аҳолиаш 507,5 ҳазор нафар (2006). Дар Асунсион 90% халқияти гуарани (дурагаҳои испанию ҳиндиёни Амрико), инчунин аргентиниҳо, бразилиягиҳо, олмониҳо, итолиёиҳо, португалиягиҳо, ҷопониҳо, украинҳо ва русҳо зиндагонӣ мекунанд. Масоҳаташ 117 км2. Роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард Асунсионро бо Боливия, Бразилия ва Аргентина мепайванданд. Фурудгоҳи байналмилалӣ дорад. Бандари дарёӣ – бандари асосии мамлакат буда, аз он ба Буэнос-Айрес (Аргентина) ва Монтевидео (Уругвай) киштигардӣ сурат мегирад. Асунсион маркази тиҷоратию иқтисодии мамлакат буда, корхонаҳои коркарди маҳсулоти ҷангал ва кишоварзӣ, коргоҳҳои киштисозӣ ва таъмири он, истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ, тамоку, маҳсулоти саноати нассоҷӣ ва хӯрокворӣ дорад. Асунсион дорои донишгоҳи миллӣ (1890), донишгоҳи католикӣ (1960), китобхонаи миллӣ ва бойгонӣ (1869), осорхонаи этнографӣ, осорхонаи миллии саноеи нафиса ва атиқа (1887), боғи ботаникӣ, боғи миллӣ, консерватория, 4 пойгоҳи телеви­зионӣ ва 6 пойгоҳи радиошунавонӣ аст. Дар Асунсион то омадани аврупоиён (соли 1527) мардуми таҳҷоии гуарани сокин буданд. Асунсионро дар шакли қалъаи мудофиавӣ соли 1537 конкистадори испаниявӣ – Хуан де Аполас асос гузоштааст. Он то садаи XVII шаҳри асосии тамоми ноҳияҳои испанинишини музофоти Ла-Плата буд. Аз 15 майи 1811 – пойтахти давлати соҳибистиқлоли Парагвай.

Асунсион
исп. Nuestra Señora Santa María de la Asunción
Асунсион
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Кишвар Асунсион [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 1537
Масоҳат
  • 117 км²
Баландӣ
43 ± 1 м
Аҳолӣ
Аҳолӣ
  • 477 346 тан (2022)
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 PK-IS
Коди телефон 021
Нишонаи почта 1001–1925
Вебгоҳи расмӣ
Асунсион Парвандаҳо дар Викианбор
Асунсион
Биноҳои маъмурии Асунсион

Адабиёт

Tags:

1811АргентинаБоғи ботаникӣБоғи миллӣБуэнос-АйресПарагвайШаҳр

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Хати мехӣСарвазири Ҷумҳурии ТоҷикистонПешояндБобоҷон ҒафуровИттифоқи нависандагони ТоҷикистонМукофотҳои давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонЗаминларзаАврупоОинномаАбулқосим Фирдавсӣ. «Шоҳнома» (Дастхат)Амир ОлимхонСаноати ТоҷикистонПиряхФотеҳ НиёзӣМаҷмаи Умумии Созмони Милали МуттаҳидФунксияҳои тригонометрӣҶонишинҳои шахсӣСироҷиддини ФозилДастгоҳи иҷроияи Президенти ТоҷикистонИстихораҶонишинҳои нафсӣМаҷаллаи «Мероси ниёгон»Ҷӯрабой ОхуновГазҶиноятes3j0ОсиёНизомномаҲуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандНасим РаҷабАлифбои арабӣМисрБаёнот (санади ҳуқуқӣ)НавоварӣГулрухсор СафиеваБемории панкреатитВазорати адлияи Ҷумҳурии ТоҷикистонФейсбукШафтолу (мева)Зарфи маконҶамъияти Ҳилоли Аҳмари ТоҷикистонҲаёти ҷинсӣДавлати ҳуқуқбунёдҲуқуқвайронкунии гумрукӣЗабони тоҷикӣАдабиёти кӯдакФарҳанги тафсирии забони тоҷикӣҶонишинҳои номуайянӣДонишномаҲуқуқвайронкунии маъмурӣАмнияти миллӣИззатулло ҲаёевЧилахон ХоловВатанДандонҲусайн Воизи КошифӣАндози иҷтимоӣВикиБоғи ба номи Камоли ХуҷандӣҲуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии ТоҷикистонПайвандак (дастури забон)АтомТабиатРӯзи истиқлоли Ҷумҳурии ТоҷикистонФотосинтезАвруосиёСаҳеҳи БухорӣНоҳияҳои тобеи ҷумҳурӣЛоиқ ШералӣРӯзи кайҳоннавардонПомирБулбулДулонаАнтисептикаАбдумалик АбдуллоҷоновТарбияи ҳуқуқӣ🡆 More