Аминҳо

Аминҳо — синфи пайвастҳои органикӣ; ҳосилаи аммиак ё спирти навшодир, ки дар натиҷаи бо радикалҳои органикӣ иваз кардани як ё якчанд атоми гидроген ҳосил мешаванд.

Аминҳои якумин Аминҳои дуюмин Аминҳои сеюмин
Аминҳо
Аминҳо
Аминҳо

Вобаста ба адади атомҳои ивазшудаи гидроген аминҳои якумин (RNH2), дуюмин (R2NH), сеюмин (R3N) ва чорумин (R4NOH) мавҷуданд.

Аминҳо дар табиат

Дар табиат аминҳои сода кам, аминҳои нисбатан мураккаб бештар дучор меоянд, мас., алкалоидҳо, аминокислотаҳо, аминҳои биогенӣ ва ғ. Ҳамаи аминҳо хосияти асосӣ дошта, барои ҳосил намудани намаку кислотаҳо қодиранд. Аминҳои сода газ буда, дар об ҳал мешаванд (онҳо бӯи аммиакро доранд). Аминҳои олӣ моеъ ё моддаҳои сахтанд; онҳо дар об ҳал намешаванд ва бӯй надоранд. Аз рӯи радикалҳо аминҳо алифатӣ, мас., метиламин — CH3NH2, этиламин — C2H5NH2, диметиламин — (CН3)2NH ва ғ., алисиклӣ, мас., сиклогексиламин — C6H11NH2, дисиклогексиламин — (C6H11)2NH, ароматӣ, мас., фениламин ё анилин — C6H5NH2, дифениламин — (С6Н5)2NН5), гетеросиклӣ, мас., 2-аминопиридин — C5H4N(NH2) ва ғ. мешаванд. Аминҳое, ки ду, се ва зиёда аз он аминогурӯҳ — NH2 доранд, ди -, три — ва полиаминҳо номида мешаванд, мас., этилендиамин — NH2CH2CH2NH2, гексаметилендиамин — NH2(CH2)6NH2.

Таҳияи аминҳо

Роҳҳои ҳосил кардани аминҳо бисёранд. Яке аз онҳо усули бевосита алкилонии аммиак бо галогеналкилҳост. Бо ин роҳ аминҳои якумин, дуюмин ва сеюминро ҳосил кардан мумкин. Аминҳои якуминро метавон дар натиҷаи собунонии ишқории кислотаи изосианат ҳосил кард. Аминҳоро бо усулҳои барқарор намудани нитропайвастҳо ва нитрилҳо дар иштироки катализаторҳо (Pt, Pd, Ni), конденсатсияи ҳосилаи калийдори фталамид бо галогенпайвастҳо низ ҳосил мекунанд. Аминҳо дар табиат дар натиҷаи таҷзияи моддаҳои нит- рогендор (мас., аминокислотаҳои сафеда) ба вуҷуд меоянд. Аминҳо дар саноат барои истеҳсоли маводи рангубор, дору, полиамидҳо ва ғ. истифода мешаванд.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Каррер П., Курс органической химии, Л., 1962;
  • Неницеску К. Д., Органическая химия, т. I, М., 1963;
  • Петров A. А., Балян Х. В., Трощенко А. Т., Органическая химия, М., 1981;
  • Степаненко Б. Н., Курс органической химии, М., 1981.

Сарчашма

Tags:

Аминҳо дар табиатАминҳо Таҳияи аминҳоАминҳо ЭзоҳАминҳо АдабиётАминҳо СарчашмаАминҳо

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Бемориҳои дилСаноӣОсиёи МарказӣСамарқандРагҳои хунФеҳристи паррандагони Китоби сурхи ТоҷикистонБедилМир МафтунТезгӯякАминокислотаҳоСайф Раҳимзоди АфардӣҲисорАҳдномаи никоҳМусиқии ТоҷикистонSomon.tjИсфараБосмачиҳоҚарзЗабони инглисӣИстилоҳВулгаризмҳоВазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии ТоҷикистонMicrosoft WindowsСозмони Милали МуттаҳидВитаминҳоШеърҲуқуқвайронкунии маъмурӣСубъекти ҳуқуқи байналхалқӣМаркетингБобо ҲоҷӣОзарбойҷонМеъморӣМаркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонГулафшонАрабистони СаудӣИбораҳои феълӣСурайё ҚосимоваҲизби демократи ТоҷикистонМилитсияБемориҳои гӯшҲуқуқи андозНоҳияи ФархорЗабони русӣМаҷмӯъи маҳсулоти дохилӣХамсаи НизомӣКонвенсияи ҳуқуқи кудакИдеологияи сиёсӣАндози маҳаллӣХобУбайди ЗоконӣЗабоншиносӣСарезҚирғизистонҲиссаҳои нутқНармбаданҳоФутболФурӯпошии ИҶШСНивелирВитамини DУқёнуси АтласВазоратҳои Ҷумҳурии ТоҷикистонҶомеаи шаҳрвандӣШоирони халқии ТоҷикистонТерроризмАҳолӣАлгебраХасмолТурсун ӮлҷабоевҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»ВйетнамОлами набототСалоҳияти ПрезидентВасоити ахбори оммаНизомии ГанҷавӣИсмҳои шахс ва ғайришахс🡆 More