Институти Забон Ва Адабиёти Рӯдакӣ

Институти забон ва адабиёти Рӯдакӣ (форсӣ: انستیتوت زبان و ادبیات رودکی‎) — аз муҳимтарин ва қадимитарин маркази тадқиқу таҳқиқи забону адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик мебошад, ки дар маҷмӯъ муассисаи умдаи омӯзиши фарҳанги миллати тоҷик ба шумор меравад.

Институти забон ва адабиёти Рӯдакӣ
Институти забон ва адабиёти Рудакӣ дар шаҳри Душанбе, соли 2024
Институти забон ва адабиёти Рудакӣ дар шаҳри Душанбе, соли 2024
Соли таъсис 1932
Президент Фарангис Шарифзода (аз 2022)
Аъзои вобаста 153
Нишонии ҳуқуқӣ ш. Душанбе, 734025, хиёбони Рӯдакӣ, 21
Сайт iza.tj

Таърих

Таъсиси он бо ташкили Пойгоҳи тоҷикистонии АИ ИҶШС марбут аст. Бо Қарори Раёсати АИ ИҶШС аз 17 марти соли 1932 дар ҳайати Пойгоҳи тоҷикистонӣ бахши таъриху забошиносӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Ба иҷрои тадқиқоти филологӣ дар Тоҷикистон вуруди як гурӯҳ олимони маъруфи шарқшиноси рус ва ширкати фаъоли онҳо дар кори бахш мусоидат намуд: Е. Э. Бертелс, И. С. Брагинский, А. А. Семенов, М. С. Андреев, В. С. Расторгуева, А. З. Розенфелд, И. М. Оранский, В. А. Лившитс, А. П. Смирнова, И. Эделман, Р. Л. Неменова, Л. В. Успенская, Н. Н. Ершов ва дигарон.

Соли 1940 дар заминаи бахши таъриху забоншиносӣ Институти таърих, забон ва адабиёт таъсис дода шуд, ки ҳамчун муассисаи мустақили илмӣ ба таркиби Шӯъбаи тоҷикистонии АИ ИҶШС дохил гардид.

Пас аз таъсиси АИ ҶШС Тоҷикистон дар соли 1951 бо қарори Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ Институти забон ва адабиёти мустақил бо чор бахши илмиву тадқиқотӣ ташкил карда шуд: забон, адабиёти классикӣ, адабиёти шӯравӣ ва луғатҳо. Аз с. 1955 дар назди институт қисмати нав — осорхонаи Садриддин Айнӣ ба фаъолият шурӯъ намуд.

Соли 1958 ба муносибати 1100-солагии таваллуди бунёдгузори адабиё-ти форсу тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ба институт номи ӯ гузошта шуд.

Сарварони пажӯҳишгоҳ

Олимони маъруфи ҷумҳурӣ Муллоҷон Фозилов (1952—1958), Холиқ Мирзозода (1958—1959), Носирҷон Маъсумӣ (1959—1972), Абдулқодир Маниёзов (1972—2000), Додихудо Саймуддинов (2000—2005), Сайфиддин Назарзода (2005—2011), Акбар Турсун (2011—2015), Сахидод Раҳматуллозода (2015—2019), Носирҷон Салимӣ (2019—2022), Боймурод Шарифзода (2022) сарвари институт буданд. Аз соли 2022 сарварии муассисаро Фарангис Шарифзода бар уҳда дорад.

Эзоҳ

Пайвандҳо

  • iza.tj — вебгоҳи расмии Институти забон ва адабиёти Рӯдакӣ

Tags:

Институти Забон Ва Адабиёти Рӯдакӣ ТаърихИнститути Забон Ва Адабиёти Рӯдакӣ Сарварони пажӯҳишгоҳИнститути Забон Ва Адабиёти Рӯдакӣ ЭзоҳИнститути Забон Ва Адабиёти Рӯдакӣ ПайвандҳоИнститути Забон Ва Адабиёти РӯдакӣЗабони форсӣ

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

АрастуҲокимияти давлатӣЭнергетикаи ТоҷикистонХуҷандЗабони лотинӣТазкирату-л-авлиёТемуриёнХадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонШиъаМушхорҲамсадоАрдашери БобаконҚоқуОзарбойҷонМӯъмин ҚаноатФисоғурисБемориҳои гӯшҲайзБемории панкреатитИсоФизиологияДостонБактерияҳоДекабрПадарСоиби ТабрезӣАҳмади ДонишУзвҳои таносулРамазон РаҳимзодаАнгурМухтор АвезовБухороӮзбекистонРоғунҚарзОморТабИсм (дастури забон)ТаълимМиллионери зоғанишинБонкБозиҳои дидактикӣДарахтАбҷадХоҷа Абдуллоҳи АнсорӣИтолиёАфғонистонҶумъа (намоз)Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандМир Сайид Алии ҲамадонӣВоқеаҳои кунунӣМаънои аслӣ ва маҷозии калимаҳоСамаки айёрПудинаҲахоманишиёнНосири ХусравМантиқҚоидаҳои имлои забони тоҷикӣВилям ШекспирҶомеаи иттилоотӣАврупоШом (намоз)Сиғаи хабарӣҲизби халқии демократии ТоҷикистонЗанбӯруғАлифбои арабӣФарҳангСоли 1888Системаи шошаю таносулОдобБоғи миллии ТоҷикистонСоли 2020Драматургияи тоҷикМеваНома🡆 More