Филм, 2022 Дов

«Дов» (англ. Fortune) — филми драмаи тоҷикӣ бо коргардонии Муҳиддини Музаффар ва филмноманависии Бахтиёр Каримов ва Муҳиддини Музаффар, ки дар соли 2022 аз ҷониби студияи «Суғдсинамо» бароварда шудааст.

Нахустнамоиши филм дар таърихи 8 октябр дар Бусон, 17 октябр дар Маскав ва 28 октябри 2022 дар Душанбе баргузор шуд.

Дов
ДОВ
Постери нахустнамоиши филми «Дов» дар Маскав
Постери нахустнамоиши филми «Дов» дар Маскав
Жанр драма
Коргардон Муҳиддини Музаффар
Муаллифи
филмнома
Бахтиёр Каримов, Муҳиддини Музаффар
Дар нақшҳои
асосӣ
Абдумӯъмин Шарифӣ
Салоҳуддин Шукурзода
Фирӯза Раҳмонова
Аҳмади Қутбуддин
Исфандиёр Ғуломзода
Хушрӯз Эргашев
Оҳангсоз Иқбол Завқибеков
Ширкати синамоӣ Суғдсинамо
Тоҷикфилм
Futura Magnum
Давомнокӣ 118 дақ
Буҷет 1 146 000 сомонӣ
Мамлакат Филм, 2022 Дов Тоҷикистон
Забон тоҷикӣ
Сол 2022
IMDb ID 22084876

Хулосаи достон

Филм саргузашти ду дӯст — Қаҳҳор ва Маннонро дар пасманзараи инқирози шадиди сиёсӣ ва иқтисодии даҳаи 90-уми қарни XX дар Тоҷикистон нишон медиҳад. Онҳо ҳамроҳ ба корхонаи қисмҳои эҳтиётии худравҳо ба кор омаданд. Новобаста аз хоҳиши худ, ҳолати бамиёномада онҳоро водор намуд, ки аз коргоҳ қисмҳои эҳтиётии худравро дуздида фурӯшанд.

Қаҳҳор дар вазъияти муташанниҷи шахсиятӣ қарор дошт. Ояндаи худро барои худу писаронаш тамоман дигар хел тасаввур мекард. Аммо, писари калониаш Алиҷон ба роҳи фиребгарӣ рафт ва ягона умедаш ба писари хурди Азизҷон — донишҷӯйи донишгоҳи мусиқии Маскав монда буд. Боре хоҳиши Манонро ба ҷо оварда Қаҳор маоши худро ба ӯ дод ва ба ивазаш андаке озуқаворӣ ва билети лотерея гирифт. Маҳз ҳамин билети наҳси лотерея минбаъд байни рафиқон тафриқа андохт. Гузашта аз ин, ҷудоӣ байни сокинони деҳот ба миён омад. Қаҳор ба лотерея худрави тамғаи «Москвич» бурд кард ва инро баъзе ҳамдеҳагон ноодилона пиндоштанд. Маннон дучори ғам гардид. Ҳарчанд вай ба ихтиёри худ лотереяро ба Қаҳҳор дода буд. Аммо ҳоло ягона духтараш бемории вазнин аст ва барои муолиҷа таъҷилӣ пул лозим. Чунин ҳолат боиси кафидани девори дӯстӣ ва боиси фоҷеа шуд. Ба иллати ин моҷароҳо Қаҳҳор бемор шуда аз шунидани хабари Азизҷон таҳсилро дар консерватория қатъ намуда, гирифтори инсулт шуда бармаҳал вафот кард. Аммо ҳақиқати азими талхе пас аз марги Қаҳор ошкор шуд…

Бозигарон

Бозигарони нақшҳои асосии филм Абдумӯъмин Шарифӣ, Салоҳуддин Шукурзода, Фирӯза Раҳмонова, Аҳмади Қутбуддин, Исфандиёр Ғуломзода ва Хушрӯз Эргашев мебошанд.

Омилони филм

Филм тавассути «Суғдсинамо» дар ҳамкорӣ бо «Тоҷикфилм» ва маркази продюсерии «Футура магнум» дар муддати 48 рӯз аз 2 апрел то 18 майи соли 2021 дар шаҳраки Вокзали шаҳри Конибодом ва шаҳраки Нефтободи шаҳри Исфара наворбардорӣ шудааст.

Ҷоизаҳо

Филм барандаи «Беҳтарин филми ҳунарӣ» ва бозигари нақши авввали филм Салоҳуддин Шукурзода барандаи «Беҳтарин ҳунарпешаи мард»-и Ҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» шудааст.

22 декабри 2022 дар бисту ҳаштумин Ҷашнвораи байнуламллии филми Калкутта Netpac Award барои Беҳтарин филм ба Дов (Fortune) эҳдо шуд.

Эзоҳ

Tags:

Филм, 2022 Дов Хулосаи достонФилм, 2022 Дов БозигаронФилм, 2022 Дов Омилони филмФилм, 2022 Дов ҶоизаҳоФилм, 2022 Дов ЭзоҳФилм, 2022 ДовБусонДушанбеЗабони англисӣМаскавМуҳиддини МузаффарСоли 2022Суғдсинамо

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

КонфутсийФеъл ( дастури забон)Бемориҳои ҷигарФотосинтезҲабиб ЮсуфӣИдеологияСиғаҳои феълБоғи миллии ТоҷикистонПиряхи ФедченкоҶумҳурии Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонСадриддин АйнӣСомониёнВазоратҳои Ҷумҳурии ТоҷикистонСозмони Милали МуттаҳидБиосенозТӯбАҳолии ТоҷикистонИди ҚурбонАрза ва тақозоБемориҳои дилСаффориёнСамаки айёрИнсонНамакВергулҲизбҳои сиёсии ТоҷикистонМор­фология (мазмунҳо)СиёсатДавлатСафар СулаймонӣНақшбандияIconДонишномаБоғдорӣСаҳифаи аслӣБактерияҳоБандакҳои хабарӣҲайдаршо ПирумшоевБаҳорҶопонДавлати ҲайтолиёнҒазалСохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии ТоҷикистонБемориҳои сироятӣБисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳимАсадулло ШукуровИқлимМартMozilla FirefoxMicrosoft WindowsҲадисМаҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонҶанги Бузурги ВатанӣКумитаи байналмиллалии Салиби СурхТитаникТемурмаликШоҳаншоҳии АшконӣГулшан (ансамбли эстрадӣ)Шахси ҳуқуқӣБаҳроми ГӯрАгентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЗаминларзаМинтақаи ҳифзи обЧистонФутуҳоти МаккаСадриддин НаҷмиддинBЛолаСозмони ҷаҳонии тандурустӣАмрикои ҶанубӣМайкл ҶексонМуҷассамаи Исмоили СомонӣАргентинаБаҳри Хазар🡆 More