Ансамбли Эстрадӣ Гулшан

«Гулшан» (Ансамбли эстрадии «Гулшан») — ҳайати эҷодӣ, ансамбли эстрадӣ, ки бо мақсади рушди эстрадаи миллӣ моҳи майи 1964 дар назди Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонии ҶШС Тоҷикистон ба ташкил шудааст.

Гулшан (ансамбли эстрадӣ)

Роҳбарон

Нахустин роҳбари бадеияш сароянда Лайло Шарифова буд. Баъдан ҳунарпешагони номӣ Орифшо Орифов, Миратулло Атоев, Далер Назаров, Кароматулло Қурбонов, Умар Зиёев, Баҳодур Неъматов, Субҳон Саидов, Б. Тошев, роҳбари бадеии «Гулшан» буданд. Ҳоло (2015) ин вазифаро Бахтиёр Иброҳимов ба уҳда дорад.

«Гулшан» жанри мусиқии эстрадиро дар Тоҷикистон поягузорӣ карда, равнақ дод. Барномаи ибтидоии «Гулшан» аз сурудҳои тоҷикӣ, озарӣ, русӣ, афғонӣ, эронӣ, ҳиндӣ иборат буд. Дар ҳайати он ҳунарпешагони хушсалиқа М. Боҳирова, М. Гасанова, М. Каспарова, Н. Амонбеков ҳунарварӣ мекарданд. Баъдан (солҳои 1960) ҳунарпешагон Р. Шалоэр, М. Набиева, Т. Муҳиддинов, М. Ҳамроқулова, Х. Ширинова, Б. Неъматов, У. Зиёев ба «Гулшан» ҳамроҳ шуда, ҳамчун ситорагони эстрадаи тоҷик шуҳрат ёфтанд. Ҳунарпешагон К. Қурбонов, С. Саидов, К. Ҷӯраева, Ҳ. Саидов, Ҳ. Равшан, З. Қадамова, С. Холов ва чанде дигар маҳз ба туфайли «Гулшан» машҳур шуданд. «Гулшан» барои рангорангию ҷаззобияти барномаҳои консертиаш бо оҳангсозони маъруфи тоҷику рус пайваста ҳамкорӣ дошт. Оҳангсозон Х. Абдуллоев, А. Одинаев, Д. Дӯстмуҳаммадов, Қ. Яҳёев, Ф. Баҳор, Т. Шаҳидӣ, Т. Сатторов, З. Миршакар, Б. Пиговат, З. Нишонов, Ш. Сайфиддинов, М. Атоев, А. Мусоев, Қ. Ҳикматов, Ш. Ашӯров барои «Гулшан» суруду саҳнаҳои рақсии дилнишин офаридаанд. «Гулшан» бо дигар дастаҳои ҳунарӣ, бахусус ансамбли рақсии «Зебо» низ ҳамкорӣ дошт. Ба ҳавои суруду навоҳои «Гулшан» рақсҳои «Боди сабо», «Эй санам», «Рақси идона», «Занг», «Майда-майда мерақсӣ», «Рақси суриёӣ», «Бачагии хушбахтона», «Базми ҳосилот» ва ғ. таҳия шуданд, ки писанди умум гардидаанд. Дар солҳои гуногун ҳунарпешагон М. Муравин, Г. Аваков, Ю. Пулатов, И. Акрамов, С. Нозимов, Б. Тошев роҳбари мусиқии «Гулшан» будаанд. Имрӯз «Гулшан» ягона оркестри эстрадии давлатии Тоҷикистон буда, дар назди Муассисаи давлатии иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Ҳадафи «Гулшан» дар байни ҷавонон тарғиб намудани оҳангҳои этникию мардумии куҳан дар равияи мусиқии муосири эстрадӣ мебошад. Ҳунарпешагони «Гулшан» дар тамоми тадбирҳои ҷашнию фарҳангии Тоҷикистон фаъолона ширкат меварзанд. Имрӯз (2015) Б. Иброҳимов, С. Холов, Ҷ. Соиров, З. Абдуалимов, Фаридаи Бахтиёр, Малоҳати Баҳром аз ҷумлаи ҳунарпешагони маъруфу умедбахши «Гулшан» мебошанд. Ҳайати ансамбли «Гулшан» аз ҳисоби ҳунарпешагони ҷавон пайваста пурра мегардад. «Гулшан» дар Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён дар ш. Берлин (1973), даҳаҳои адабиёт ва санъати тоҷик дар Руссия, Белоруссия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Эстония, Латвия, Литва (солҳои 1970) иштирок ва ҳунарнамоӣ кардааст.

Ҷоизаҳо

Дорандаи Мукофоти комсомоли ҶШС Тоҷикистон (1976) ва Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии ҶШС Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ (1981) мебошад. «Гулшан» ба чандин кишварҳои ҷаҳон (Афғонистон, Ҳиндустон, Ҷопон, Чин, Қазоқистон, Туркманистон ва ғ.) сафарҳои ҳунарӣ карда, бо грамотаҳои фахрии Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Литва ва ғ. қадрдонӣ шудааст.

Эзоҳ

Адабиёт

Tags:

Ансамбли Эстрадӣ Гулшан РоҳбаронАнсамбли Эстрадӣ Гулшан ҶоизаҳоАнсамбли Эстрадӣ Гулшан ЭзоҳАнсамбли Эстрадӣ Гулшан АдабиётАнсамбли Эстрадӣ Гулшан

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Ҷомеаи шаҳрвандӣСоли 1998Давлати СалҷуқиёнДавлати исломии Ироқу ШомНамозУзвҳои таносулУзвҳои таносули занонаРӯбоҳТағйирпазирии ирсӣҲуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии ТоҷикистонИдҳои анъанавӣВилояти ХатлонБонкТабъизҶумҳурии ТоҷикистонЗабони инглисӣЗарфи миқдору дараҷаСарбадоронБемориҳои асабВожаҷӯМаликушшуаро БаҳорҲизбҳои сиёсии ТоҷикистонАссотсиатсия (иқтисод)Ҳадди ақали таъминоти буҷетӣАломатҳои китобатВНМОНуқтаНомгӯйи паррандагони Китоби сурхи ТоҷикистонЮНЕСКОВулгаризмҳоТӯйчӣ ЭрҷигитовЗебунниcоСалмони ФорсӣБухороЗамин (мазмунҳо)Убайди ЗоконӣАмрикои ЛотинӣБемориҳои дилАмниятБемории вабоҶамъияти дорои масъулияти маҳдудБуддоияИбни СиноДар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд (тафсир)Пешоянд ва пасояндҳо (дастури забон)Дастури забонИттиҳоди АврупоСозмони ҳамкории ШанхайЗимистонҲуқуқВилям ШекспирАспБиосфераШамсиддини ШоҳинСомонЭволютсияАпрелМусиқии ТоҷикистонХилофати УмавиёнТаърихи ЭронАллергияАҳолӣБритониёШоирВазоратҳои Ҷумҳурии ТоҷикистонИстаравшанВазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии ТоҷикистонФарҳанги забони тоҷикӣМаҳмадулло ЛутфуллоевҲабиб ЮсуфӣИсмФисоғурисРозия ОзодИсломБаскетболҲафт муъҷизаи олам🡆 More