Бумиёни Австралия

Бумиёни Австралия, Австралиягиҳо-абориганҳо — аҳолии аслии муқимии Австралия.

Асосан дар ноҳияҳои дурдасти Шимолӣ, Шимоли Ғарбӣ ва Марказии Австралия зиндагӣ доранд. Забонҳои аборигенҳо (тақрибан 250 лаҳҷа) мутобиқи таҳқиқи лингвистӣ аз 12 оилаи як ирқ иборат буда, қисмати бештарини лаҳҷаҳо аз оилаи забони пама – нюнга мебошанд. Ҳафриёти археологӣ, ҳамчунин таҳқиқоти антропологӣ, этнографӣ ва лингвистӣ нишон додаанд, ки ҳамаи қабилаҳои австралиягиҳо – абориганҳо аз як нажоданд. Шумораи умумии аборигенҳо дар ибтидои садаи XXI тақрибан 410000 нафар буда, аксари онро қабилаҳои аррернте, пинтупи, валпири, кариера, нӣол – нӣол, йолнгу, какаду валмункан, йир – йоронт, курнай, арабана, вакка ташкил медиҳанд. Аввалҳо асоси динашон тотемизм ва шаклҳои гуногуни афсунгарӣ буд, вале тадриҷан эътиқодманди дини насронӣ (протестантҳо ва католикҳо) гардиданд.

Маҳалли аҳолинишин
Бумиёни Австралия
Бумиёни Австралия
Кишвар Бумиёни Австралия [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ
  • тақрибан 798 400 тан (2016)
Бумиёни Австралия Парвандаҳо дар Викианбор
Бумиёни Австралия
Образцы рукоделия аборигенов
Бумиёни Австралия
Бумеранг ва дигар силоҳои аборигенҳо

Таърихи пайдоиш

Андешаҳо доир ба пайдо шудани насли одам дар ин қитъа гуногунанд, вале аксарияти олимон бар ин ақидаанд, ки аҷдоди австралиягиҳо – абориганҳо дар охири давраи палеолит аз қитъаи Осиё ба Австралия кӯчида муқимӣ шудаанд. Аз давраи ба мустамликаи европоиён табдил ёфтани Австралиягиҳо – Абориганҳо қисми аҳолии муқимӣ нобуд ва қисми дигараш ба минтақаҳои барои зиндагӣ номусоиди қитъа ронда шуданд, ки дар натиҷа шумораи аҳолӣ то 60 ҳазор нафар (1921) коҳиш ёфт. Аз охири садаи XIX нисбати австралиягиҳо – абориганҳо ҳукуматдорон сиёсати протексионизмро (таъсиси резерватсияҳо – маҳалҳои махсусе, ки аҳолии таҳҷойӣ маҷбуран муҳоҷир карда мешаванд ва ба онҳо мадади моддиву тиббӣ расонда мешавад) татбиқ намуданд ва то садаи XXI (аз ҳисоби таваллуд) шумораи аҳолӣ зиёд шуд. Аз соли 1967 австралиягиҳо – абориганҳо соҳиби ҳуқуқҳои гражданӣ гардиданд. Таъминоти анъанавии рӯзгузаронӣ (шикор, моҳидорӣ, гиёҳу мевағундорӣ ва кишоварзии дастӣ) қариб тамоман аз байн рафтааст. Аксарияти аҳолии Австралия аз ҳисоби давлат ва ё ягон навъи эҳсонкорӣ умр ба сар мебаранд. Қисми ками аҳолӣ дар шаҳрҳо сукунат дорад.

Адабиёт

  • Роуз Ф., Аборигены Австралии, М., 1981.

Эзоҳ

Сарчашма

Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — 676 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.

Tags:

Бумиёни Австралия Таърихи пайдоишБумиёни Австралия АдабиётБумиёни Австралия ЭзоҳБумиёни Австралия СарчашмаБумиёни АвстралияАвстралияДини Насронӣ

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Ҳуқуқи меҳнатӣБарномаи зиддивирусӣДонишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ПанҷакентИсмҳои шахс ва ғайришахсҶиноятҲокимияти давлатӣФормулаи химиявӣДастурамалҲуқуқвайронкунии маъмурӣДастгоҳи иҷроияи Президенти ТоҷикистонБачадонЗабти давлатҳои Осиёи Миёна аз ҷониби РусияБедилНизоми бонкии ТоҷикистонҶадвали электронӣАввалин Бонки Молиявии ХурдГумрукДулонаХат (навиштор)ДаҳонгирдонАломатҳои роҳНивелирНоҳияи Бобоҷон ҒафуровСарбадоронСаноӣПешоянд ва пасояндҳо (дастури забон)Муносибатҳои Тоҷикистон бо РусияКимиёи саодатТобистонҲуқуқ ба фаъолияти соҳибкорӣШоҳаншоҳии АшконӣОсиёи МиёнаНазарияи графҳоMicrosoft WindowsҒазалРубоиёти ХайёмАмрикои ҶанубӣҶонишинҳои нафсӣШом (намоз)Нақби ИстиқлолМукофотҳои давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонҲуқуқи байналмилалӣБемории силХаргӯшНоҳияҳои тобеи ҷумҳурӣКитоби сурхи Ҷумҳурии ТоҷикистонСармояСадонокҳоПиряхКалимаҳои туфайлӣОвошиносӣГурбаАтомБемориҳои чашмЧингизхонСурхчаСиғаҳои феълФотеҳ НиёзӣМирзо ТурсунзодаАфсонаОлмонҶадвали даврии унсурҳои кимиёӣБемориҳои сироятӣМаркетингЗаминларзаТаълимНерӯгоҳи барқи обии РоғунВатанШукурҷон ЗуҳуровҚандАкадемияи илмҳои ТоҷикистонСоҳиб ТабаровАмир ОлимхонТағйирпазирӣБактерияҳоЗанбӯри асалОзарбойҷонИсм (дастури забон)🡆 More