Барбат

Барбат — сози қадимаи тории захмавии мусиқӣ аз ихтирооти мардуми эронинажод аст.

Барбат аслан калимаи форсӣ-тоҷикӣ буда, аз ду калима — «бар» (ба маънои сина, паҳлу) ва «бат» (мурғобӣ) таркиб ёфтааст. Косаи Барбат бар тақлиди синаи мурғобӣ (дастааш кӯтоҳ) сохта шудааст. Аввал чунин навъи Барбат маъмул буда, дар аҳди Хилофати араб онро Барбати шабутӣ (дастакӯтоҳ) меномиданд.

Барбат
Нигора
Hornbostel-Sachs classification 321.321-6
Барбат Парвандаҳо дар Викианбор

Барбат дар замони салтанати Сосониён дар байни арабҳо шуҳрат ёфт. Аввалин арабе, ки Барбатро ба кишвараш бурда, навохтани онро ба ҳамдиёронаш ёд дод, Наср ибни Ҳорис ибни Калада аст. Барбат аввал дар Ҳиҷоз, сипас дар дигар шаҳрҳои араб маъмул гашт. Навозандагон онро дар бағал гирифта бо захма менавохтанд. Бино ба тавсифи Асадии Тусӣ («Луғати фурс») ин соз назди аъроб бо номҳои «Ал-барбат» ва «ал-уд» машҳур будааст. Сози форсиён будани Барбатро Абдуллоҳ Котибии Хоразмӣ («Мафотиҳ-ул-улум») ва муаррих Ибни Хурдодбеҳ ёдрас шудаанд. Ибни Хурдодбеҳ дар асараш «Ал-лавҳ-ул-малоҳӣ» навиштааст: «мусиқии форсиён бо барбатҳо ва чангҳост ва ин созҳо аз они эшон аст. Форсиён барои барбатҳо нойро баргузиданд ва барои танбӯрҳо дуной ва барои таблҳо сурнай ва барои чангҳо зангро» офариданд. Барбат аввал аз 4 тор, яъне бам, зер, мусаллас, мусанно иборат буда, ба қавле Форобӣ ба он тори панҷум — «мутлақ»-ро илова кардааст. Бо мурури замон ҳофизону оҳангсозон, навозандагону мусиқишиносони форс-тоҷик — Иброҳим ва Исҳоқи Мавсилӣ, Залзали Розӣ (а. 8), Исои Барбатӣ (а. 10) ва дигар тору парда, усулҳои навозиш ва сохти Барбатро тағйир ва такмил додаанд. Суннати иҷроии Барбат дар замони Сомониён (819—1005) ва садаҳои баъдӣ хеле рушд намуда, устодоне чун Абулаббоси Бахтиёр, Исои Барбатӣ, Ротибаи Барбатӣ (асрҳои 9 — 10) ва диг. дар ин соз асарҳои бисёре тасниф кардаанд. Барбат аз асрҳои 12 — 13 ба Европа интиқол ёфта, дар дастаҳои ҳунарӣ истифода шудааст. Барбат холо дар истифода нест.

Нигаред низ

Эзоҳ

Адабиёт

  • Абунасри Форобӣ, Китоби бузурги мусиқӣ, Т., 1375 ҳ. ш.;
  • Абуалӣ Ибни Сино, Донишнома (Мусиқии Донишнома). Се рисолаи форсӣ дар мусиқӣ, Т., 1376 ҳ. ш.; Котибии Хоразмӣ, Мафотиҳ-ул-улум, Т., 1346 ҳ. ш.;
  • Фарҳанги Рашидӣ, Теҳрон, 1963;
  • Фарҳанги форсӣ, Т., 1963;
  • Фарҳанги Амид, Т., 1966;
  • Донишномаи Шашмақом, Д., 2009;
  • Раджабов А., Борбад, эпоха, традиция и новаторства, Д., 2010;
  • Раҷабов А., Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар садаҳои 1V — V11, Д., 2011.

Tags:

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Шумораҳои таркибӣНамозВикидода12 октябрСармояMicrosoft WindowsРӯзи ҒалабаФирдавсӣДонишгоҳи давлатии МаскавНазарияи се ҷаҳонНоҳияи СангворЗабони арабӣВикипедияи ТоҷикӣЗабонИскандари МақдунӣГумрукСосониёнАлифбои кирилликӣҚоқуТемурРӯзаҲуқуқҳои инсонНамози тасбеҳАтторИстиораҶанги ҷаҳонии якумИспурчБомдод (намоз)ПомирДавлати ҳуқуқбунёдНоҳияи ПанҷакентВикипедияКонодоБобоҷон ҒафуровГурӯҳи хунӣИттифоқи нависандагони ТоҷикистонАсадулло ҒуломовИсмҳои муайян ва номуайянНақшбандияҲуқуқи маъмурӣМир Сайид Алии ҲамадонӣМарокашАдабиётБодИқлимСифати феълӣДавлати СалҷуқиёнАхтаршиносӣСафар СулаймонӣКуруши КабирХилофати АрабГулистонСаффориёнФарҳанги забони тоҷикӣРусияКамхунӣАз Ориён то СомониёнДонишгоҳи давлатии тиҷорати ТоҷикистонВазифаи ҳифзи табиатВйетнамДавлати Хоразми БузургАтомНБО «Сарбанд»Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонНармбаданҳоВолейболФунксияҳои тригонометрӣЗабонҳои ҳиндуаврупоӣАср (намоз)Кишоварзӣ дар ТоҷикистонҶиноятБитСохти феълҳоМаориф дар ТоҷикистонҶомеаи иттилоотӣ🡆 More