Ҷазираҳои Азор

Азор (Ilhasdos Acores – ҷазираҳои бошагон) — галаҷазира дар қисми марказии Уқёнуси Атлантик, дар самти ғарбии нимҷаз.

Пиреней. Аз соли 1976 ноҳияи мухтори Португалия (дар мақоми мухторияти дохилӣ). Аз 9 ҷазираи кӯҳии вулқонӣ (калонтаринаш ҷазираи Сан-Мигел) ва якчанд харсангҳои азими зериобӣ (риф) иборат аст. Масоҳаташ 2,3 ҳазор км2. Ҷойи баландтаринашон то 2351 м мерасад (вулқони амалкунандаи Пику дар ҷазира ҳамном). Пайдоиши ҷазираҳо вулқонӣ, релйефашон кӯҳӣ, серзилзила, чашмаҳои маъдании гарм доранд. Иқлими азор субтропикии уқёнусӣ. Ҳарораташ миёнаи январ +14°С, июл +22°С. Боришоти солона – 700 – 800 мм. Дар нишебии кӯҳҳо ҷангалҳои ҳамешасабзи дарахтони ғор, арча, кастона мавҷуданд.

Таърих

Азорро соли 1427 баҳрнавардони португалӣ кашф кардаанд. Аҳолии умумӣ 243,88 ҳазор нафар (2004). Маркази маъмурӣ – Понта-Делгада (дар ҷазираи Сан-Мигел, аҳолиаш 20,2 ҳазор нафар); шаҳр ва бандарҳои асосиаш – Ангра-ду-Эроишму, Понта-Делгада, Орба. Аҳолӣ бо парвариши рустаниҳои ситрусӣ, муз, токпарварӣ ва моҳидорӣ машғул аст. Азор пойгоҳҳои сайрхатҳои баҳрию ҳавоии трансатлантикӣ дорад. Туризми байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Маркази таърихӣ – шаҳри Ангра-ду-Эроишму (ҷазираи Терсейра) ба Феҳристи Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО (қалъаҳои асрҳои XVI – XVII, калисоҳо ва қасрҳои асрҳои XVII – XVIII) ворид шудааст. Аз соли 1980 ҷазира Санта-Марияи азор минтақаи озоди иқтисодӣ аст.

Эзоҳ

Сарчашма

Tags:

АрчаКастонаПортугалияУқёнуси АтлантикҒор

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

ДарахтШириншо ШотемурҶазоВола, АбдулҳақҶадидияIMEI.TJБеларусВазорати молияи Ҷумҳурии ТоҷикистонСоли 2020Руслан СаликовМантиқДавлати исломии Ироқу ШомУзвҳои таносулЗукомНидоВазифаи ҳифзи меҳнатМирсаид МиршакарНишони ТоҷикистонФизиологияБПНМЛейкоситШайбониёнГули садбаргКитобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим ЛоҳутӣБиосенозВасоити ахбори оммаШитхарвПиряхҳои ТоҷикистонДастгоҳи иҷроияи Президенти ТоҷикистонМоҳиҳоДарсҶумҳурии Мардумии ЧинАлифбои русӣОлами набототИроқСингапурБемории силЧарлз ДарвинОкруги ХуҷандПойгоҳи додаҳоАрабистони СаудӣСалмони ФорсӣСоли НавМукофотҳои давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонЧашмҒазалКитоби сурхВладимир ЛенинСифати аслӣМеханикаАбдуллоҳи РаҳнамоРаҳим ҶалилДушанбеГандумКабудсурфаСутунмуҳраВНМОСурхчаСафедаҳоАломатҳои китобатЮсуф ва ЗулайхоНазарияи графҳоИбораҳои исмӣПуркунандаБомдод (намоз)Конститутсияи ТоҷикистонМуҳаммадДар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд (тафсир)Абдулҳамид СамадСомонБарномаи компютерӣDokuWikiФеҳристи мамнуъгоҳҳои ТоҷикистонҶалол ИкромӣМуҳиддин АминзодаҶопонНоҳияи ВосеъФотеҳ Ниёзӣ🡆 More