Баҳри Миёназамин

Баҳри Миёназамин (юн.

Баҳри миёназамин
?
Баҳри Миёназамин
Характеристики
Наибольшая глубина5 121 м
Средняя глубина1 541 м
Ҷойгиршавӣ
Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷуғрофиё

Баҳри миёназаминро дар ғарб гул. Гибралтар бо Уқёнуси Атлантик, дар шимолу шарқ гулӯгоҳи Дарданелл бо Баҳри Мармар ва гул. Босфор бо Баҳри Сиёҳ, дар ҷанубу шарқ наҳри Суэс бо Баҳри Сурх пайваст мекунад. Дар соҳилҳои Баҳри миёназамин 22 давлат ҷойгиранд; Аврупо (аз ғарб ба шарқ): Британияи Кабир (Гибралтар), Испания, Фаронса, Монако, Итолиё, Малта, Словения, Хорватия, Босния ва Герсоговина, Черногория, Албания, Юнон, Туркия; Осиё (аз шимол ба ҷануб): Туркия, Сурия, Кипр, Лубнон, Исроил, Миср (қисми осиёӣ); Африқо (аз шарқ ва ғарб): Миср (қисми африқоӣ), Либиё, Тунис, Алҷазоир, Марокаш ва Испания (Сеут ва Мелил). Баҳри миёназамин ба баҳрҳои Алборан, Балеар, Лигурия, Тиррен, Адриатика, Ион, Эгей, Крит, Либиё ва Кипр тақсим мешавад. Масоҳ. 2,5 млн км2, ҳаҷми об 3839 ҳазор км3, умқи миёнааш 1541 м, ҷойи амиқтаринаш 5121 м. Соҳилҳояш кӯҳсор ва пасти ҳамвор.

Халиҷҳо

Халиҷҳои калонаш: Валенсия, Лион, Генуя, Торонто, Сидра (Сирти Калон), Қобис (Сирти Хурд).

Ҷазираҳо

Ҷаз-ҳои бузургаш: Балеар, Корсика, Сардиния, Ситсилия, Крит ва Кипр. Ба Баҳри миёназамин д-ҳои Эбро, Рона, Тибр, По, Нил мерезанд. Ҳаҷми резиши солона наздики 430 км3.

Релйеф

Баҳри миёназамин дар минтақаи геосинклинали алпӣ ҷойгир буда, релйефи қаъраш мураккаб аст. Аз ҷиҳати геоморфологӣ Баҳри миёназаминро ба се ҳавза ҷудо мекунанд: Ғарбӣ — ҳавзаи Алҷазоиру Прованс — умқаш бештар аз 2800 м (пастхамии баҳрҳои Алборан, Балеар, Лигурия ва Тиррен); Марказӣ — умқаш зиёда аз 5100 м (хамии Марказӣ ва пастхамии баҳрҳои Адриатика ва Ион); Шарқӣ — Левант, умқаш наздики 4380 м (пастхамии баҳрҳои Левант, Эгей ва Мармар).

Иқлим

Иқлими Баҳри миёназамин мустақили баҳримиёназаминӣ буда, хусусиятҳои махсуси субтропикӣ дорад (зимистонаш нарми сернам ва тобистон гарми хушк). Антисиклони Азор сабаби зиёдтар вазидани бодҳои шимолу ғарбӣ мегардад. Ҳарорати миёнаи ҳавои январ дар соҳилҳои шимол 7-10°С, дар соҳилҳои ҷанубӣ 14-16°С, август мувофиқан 22-24°С ва 25-30°С. Боришоти солона дар ҷанубу шарқ 100 мм, дар шимолу ғарб 1100—1300 мм. Боришоти зиёд шӯрии оби Баҳри миёназаминро паст мекунад, вале бо дохил шудани обҳои Уқёнуси Атлантик ва Баҳри Сиёҳ шӯрӣ боз барқарор мегардад. Шӯрии об −36-39 дарсад. Мадди баҳр нимшабонарӯзист, дар аксари ноҳияҳо 0,1-0,5 м; дар соҳилҳои шарқии Тунис 1,7 м баланд мегардад. Зимистон баландии мавҷи баҳр то ба 7-8 м мерасад. Ҷараёни об қад-қади соҳил ҳамеша давр мезанад. Ҳарорати миёнаи сатҳи об феврал дар ғарб 13°С, дар шарқ то 17°С, авг. дар халиҷи Лион 200С, дар шарқ то ба 30°С мерасад.

Ҳайвоноту наботот

Дар Баҳри миёназамин қариб 7 ҳазор намуд ҳайвоноти обӣ ва рустаниҳо, аз ҷумла 550 навъи моҳӣ, делфин, як навъи тюлен, сангпушти баҳрӣ, ҳаштпо, харчанги баҳрӣ, калмар, лангуст, сагчаҳои баҳрӣ ва ғарб мавҷуданд. Моҳиҳои шикорбобаш: сардин, суфрамоҳӣ, самак, шӯрмоҳӣ, гулмоҳӣ, зағутамоҳӣ. Дар баъзе минтақаҳои Баҳри миёназамин, хусусан дар Баҳри Эгей, мармарак ва марҷони сурх мавҷуданд.

Аҳамияти иқтисодӣ

Баҳри миёназамин дорои аҳаммияти иқтисодӣ аст. Дар равобити иқтисодии мамлакатҳои гирду атрофаш ҳамчун роҳи транзитӣ нақши муҳим дорад. Ба воситаи Баҳри миёназамин роҳҳои муҳимми баҳрие мегузаранд, ки Аврупо, Африқо, мамлакатҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ, Австралияро мепайвандад.

Бандарҳо

Бандарҳои асосиаш: Барселона (Испания), Марсел (Фаронса), Генуя, Неапол (Итолиё), Пирей (Юнон), Бейрут (Лубнон), Порт-Саид, Искандария (Ҷумҳурии Мисри Араб), Тунис, Бизерта (Тунис), Банғозӣ, Марса-ал-Брега, Триполи (Либиё), Алҷазира, Беҷоия (Алҷазоир).

Эзоҳ

Адабиёт

  • Грацианский А. Н. Природа Средиземноморья. — М., 1971.
  • Основные черты геологического строения, гидрологического режима и биологии Средиземного моря. — М., 1965.
  • Циргоффер А. Атлантический океан и его моря. : Пер. с польск. — M., 1975.
  • Lacombe H., Tehernia P. Caracteres Hydrologiques et circulation deseaux en Mediterranee. В кн.: The Mediterrnean Sea, 1972.

Пайвандҳо

Шаблон:Ҷазираҳои Баҳри миёназамин

Tags:

Баҳри Миёназамин ҶуғрофиёБаҳри Миёназамин РелйефБаҳри Миёназамин ИқлимБаҳри Миёназамин Ҳайвоноту набототБаҳри Миёназамин Аҳамияти иқтисодӣБаҳри Миёназамин ЭзоҳБаҳри Миёназамин АдабиётБаҳри Миёназамин ПайвандҳоБаҳри МиёназаминАврупоАфриқоБаҳрЗабони лотинӣЗабони юнонӣОсиёУқёнуси Атлантик

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Ҳуқуқ ба манзилРӯдакӣИнтернет дар ТоҷикистонВаксинаШеър дар адабиёти тоҷик (асри XX )Ибора (дастури забон)Ҳуқуқи маъмурӣИсмҳои мураккабРамзҳои давлатии ТоҷикистонВитаминҳоЗиндагиномаи ҳазрати МуҳаммадАмрикои ҶанубӣТаърихи Ҷумҳурии ТоҷикистонАввалин бонки молиявии хурдАломатҳои роҳ дар ТоҷикистонКайҳоншиносӣБоғи миллии ТоҷикистонТоҷмаҳалКӯҳРежими сиёсӣСоли 1888Сарвазири Ҷумҳурии ТоҷикистонТеннисОинномаАндози заминВулгаризмҳоПизишкӣШерФарзонаи ХуршедАхлоқИқболи ЛоҳурӣҶонишинҳои саволӣИлмМаънои аслӣ ва маҷозии калимаҳоАбурайҳони БерунӣАсадии ТӯсӣФарҳангБедилФарҳанги забони тоҷикӣПайдоиши ҳаётОсиёи МиёнаВазорати фарҳанги Ҷумҳурии ТоҷикистонФеҳристи мамнуъгоҳҳои ТоҷикистонАврупоИҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонЗарфи миқдору дараҷаВебгоҳТерескенВйетнамАминҳоАҳолии ЭронФоробФарҳанги тафсирии забони тоҷикӣБактерияҳоЗабони арабӣАброр ЗоҳирРӯзи ҷаҳонии занонРӯзи кайҳоннавардонСомониёнБадахшонҲуқуқи меҳнатӣВНМОПарчами ТоҷикистонАлишер НавоӣДавлати СалҷуқиёнБорбадАудитБолта ОртиқовКафшиёти бузурги ҷуғрофиёӣҚуръонАскар ҲакимҶумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонУқёнуси ОромСаҳеҳи БухорӣЭволютсия🡆 More