Сарҳанг (форсӣ: سرهنگ) — дараҷае сардорӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз сарҳангёр ва поинтар аз гундсолор дорад ва баробар бо новхудо якум дар нерӯи дарёӣ аст; полковник.
| |||||
Кӯтаҳнивишт | форсӣ: سرهنگ | ||||
Кишвар | Тоҷикистон | ||||
Дараҷаи болотар | Гундсолор | ||||
Дараҷаи поинтар | Сарҳангёр | ||||
Ҳамто |
|
Дараҷаи поинтар: Сарҳангёр | Сарҳанг | Дараҷаи болотар: Гундсолор |
Сарҳанг дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан мақоми созмонии фармондеҳи ҳангро дорад, ки ягоне размӣ ва идориву иқтисодиест, ки хурдтар аз гунд буда ва маъмулан аз ду – чаҳор гурдон ташкил мешавад; полк.
«Сарҳанг» (форсӣ: سرهنگ > порсии миёна: sarhang > порсии бостон: *sara- ‘сар; пеш’ + √θang- ‘кашидан; ҳанҷидан’) вожаест куҳан ва дар дастнавиштаҳои суғдӣ, ки аз садаҳои VIII — X милодӣ боз мондаанд, «srδ’nk; srδnng; srϑng» навиштаву [sarθang] хонда мешуда ва маънояш «фармондеҳ, сардор, сарҳанг, сарвар» будааст. Дар забони порсии миёна низ «sarhang» ‘сардор, фармондеҳ’ буда ва ин маъниро дар форсии дарӣ низ нигаҳ доштааст. Чунончи, Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» сурудааст:
Набояд ки аз кордорони ман,
Зи сарҳангу ҷангисаворони ман.
Бихуспад касе дил пур аз орзӯй,
Гар аз банда, гар мардуми некхӯй.
Дар сипоҳи Сомониён ва Ғазнавиён сарҳанг сардору фармондеҳи фавҷро мегуфтанд. Аз ин рӯ, аз дер боз «сарҳанг»-ро сохташуда аз ду вожа шумурдаанд: «сар» (‘сардор’) + «ҳанг» (форсӣ: هنگ «сипоҳ, лашкар» > порсии миёна: hang «нерӯ, зӯр»). Чунончи, фарҳанги «Ғиёсу-л-луғот», ки дар соли 1826 милодӣ навишта шудааст, ба нақл аз фарҳангу вожаномаҳои куҳантари «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» (1608), «Бурҳони қотеъ» (1652), «Фарҳанги Рашидӣ» (1654), «Баҳори Аҷам» (1739), «сарҳанг»-ро чунин таъриф кардааст: «Кӯтвол ва ваҷҳи тасмия он, ки сар ба маънии сардору амир ва ҳанг ба маънии сипоҳ». «Фарҳанги Онандроҷ» низ, ки дар соли 1888 дар Ҳинд таълиф шудаву яке аз беҳтарин фарҳангҳои форсӣ аст, дар таърифи «сарҳанг» овардааст: «сардору пешрави лашкару сипоҳ, чи ҳанг ба маънии сипоҳ низ омада». Ҳамин таъриф дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» низ оварда шудааст.
Фарҳангистони Эрон бо пешниҳоди Анҷумани вожагузинии артиш дар соли 1935 «сарҳанг»-ро баробари дараҷаи низомии «кулунел» (форсӣ: کلنل > фр. colonel) ниҳод ва «ҳанг»-ро ҷойгузини «режимон» (форсӣ: رژیمان > фр. régiment) ва «фавҷ» (аз ар. فوج) кард. «Сарҳанг» дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» низ чун истилоҳи низомӣ ба маънои «фармондеҳи ҳанг (қисми низомӣ, ки ба полк баробар аст)» оварда шудааст. Аз ин рӯ, истилоҳоти «сарҳанг» ва «ҳанг» барои ҷойгузин кардани вомвожаҳои русии «полковник» ва «полк» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд.
Сарҳанг ҳамчун симату дараҷаи низомӣ нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) падид омадаву ҳазорабад (порсии бостон: *hazārapati-) номида мешуда, ки фармондеҳи як ҳазора (порсии бостон: *hazāra-) будааст. Ҳазора аз 10 сада (порсии бостон: *θata-) ташкил мешуд ва 1 000 сарбозро дар бар мегирифт. Ҳар ҳазора ё ҳанг барои худ дирафш (порсии бостон: drafša- дошт. Аз ин рӯ, ҳазора дар сипоҳи Ашкониён (250 то милод — 224), ки созмони радабандии даҳдаҳии сипоҳи Ҳахоманишиёнро ба кор гирифта буд, дирафш (порсии миёна: drafš) ном гирифта ва сардори он, яъне сарҳанг, дирафш-солор (порсии миёна: drafš-sālār) хонда мешуд. Дар сипоҳи Сосониён (224 — 651) низ ҳамин радабандӣ ва номгузорӣ ба кор мерафта, вале ҳар дирафш аз ду вашт (порсии миёна: wašt) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 500 сарбозро дар бар мегирифт.
Дар паи шикасти шоҳаншоҳии Сосониён аз мусулмонон ва густариши ислом дар Эронзамин, арабҳо бархе аз истилоҳоти низомии эрониро вом гирифтанд ва бархеро низ бо истилоҳоти арабӣ ҷойгузин карданд. Чунончи, ар. عسکر [аскар] аз порсии миёна: laškar, ар. جند [ҷунд] аз порсии миёна: gund ва ар. فیج [файҷ] аз порсии миёна: payg (пиёда) вом гирифта шудаанд, вале дирафш ҷояшро ба фавҷ (ар. فوج) додааст.
Дар сипоҳи Сомониён (819 — 999) сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳро сипаҳсолор (форсӣ: سپهسالار) ва фармондеҳи фавҷро сарҳанг (форсӣ: سرهنگ) меномиданд.
Сарҳанг ҳамакнун яке аз дараҷаҳои афсарӣ дар Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва баробар бо полковник дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аст.
This article uses material from the Wikipedia Тоҷикӣ article Сарҳанг, which is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license ("CC BY-SA 3.0"); additional terms may apply (view authors). Муҳтаво таҳти иҷозатномаи CC BY-SA 4.0 ва ё дигар дастрас аст. Images, videos and audio are available under their respective licenses.
®Wikipedia is a registered trademark of the Wiki Foundation, Inc. Wiki Тоҷикӣ (DUHOCTRUNGQUOC.VN) is an independent company and has no affiliation with Wiki Foundation.