Сипоҳ

Сипоҳ (форсӣ: سپاه‎) — ягоне амалиётӣ-тактикӣ дар нерӯҳои мусаллаҳи бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аст, ки аз ду – се лашкар ташкил мешавад ва ё ороише аз ягонҳо барои иҷрои амалиёти размӣ аст; корпус.

Сипоҳ
Намоди стандарти НАТО барои сипоҳ

Вожашиносӣ

«Сипоҳ» (форсӣ: سپاه‎ [sipāh] < порсии миёна: spāh < порсии бостон: spāda- < эронии бостон «*spāda-» эҳтимолан аз √spa-d-андохтан, пеш андохтан; равона кардан; фиристодан’) яке аз куҳантарин истилоҳоти низомӣ дар забонҳои эронӣ аст, ки дар авестоии пешин: spāda-, авестоии пасин: spāδa-; паҳлавӣ: *spāδ, ispāδ; суғ. ǝspāδ; балхӣ: σπαλο, ασπαλο будааст. Аз ин вожа дар порсии бостон «*spāda-pati-» сохта шуда, ки дар паҳлавӣ «spāδpat : spāδbad», дар порсии миёна «spāhpat : spāhbed», дар суғдӣ «spāδpaδ», дар балхӣ «σπαλοβιδο : ασπαλοβιδο» ва дар форсии дарӣ «сипаҳбад» (форсӣ: سپهبد‎) гаштааст. Ҳамчунин аз «сипоҳ» дар форсии дарӣ истилоҳи «сипаҳсолор» (форсӣ: سپه‌سالار‎) сохта шуда, ки бо сипаҳбад мутародиф будааст. Аз ин рӯ, истилоҳоти «сипоҳ» ва «сипаҳсолор» барои ҷойгузин кардани вомвожаи русии «корпус» (аз лот. corpus «андом») ва дараҷаи низомии «генерал-полковник» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд.

Сипоҳи Ҳахоманишиён

Сипоҳи Ҳахоманишиён
Ягонҳо Шумори нерӯҳо Фармондеҳ
*daθa- 10 сарбоз *daθapati-
*θata- 100 сарбоз *θatapati-
*hazāra- 1 000 сарбоз *hazārapati-
*baivara- 10 000 сарбоз *baivarapati-
*spāda- 60 000 сарбоз *spādapati-

Нерӯҳои мусаллаҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) дар оғоз «*kāra-» номида мешуда, вале сипастар, ки бар пояи радабандии даҳ-даҳӣ созмон дода шуданд, «*spāda-» [сипоҳ] хонда шудаанд. Дар сипоҳи Ҳахоманишиён аз даҳ сарбоз як рада ташкил мешуда, ки «*daθa-» [даҳа] номида ва сардораш «*daθapati-» [даҳбад] хонда мешудааст. Аз даҳ рада як гурдон ташкил мешуда, ки «*θata-» [сада] хонда ва фармондеҳаш «*θatapati-» [садабад] номида мешудааст. Даҳ гурдон як ҳангро ташкил медодаанд, ки «*hazāra-» [ҳазора] номида ва фармондеҳаш «*hazārapati-» [ҳазорбад] хонда мешудааст. Аз даҳ ҳанг як лашкар ташкил мешуда, ки «*baivara-» [бевара] хонда ва фармондеҳаш «*baivarapati-» [беварбад] номида мешудааст. Сарфармондеҳи сипоҳи Ҳахоманишиён «*spādapati-» [сипаҳбад] хонда мешуд.

Сипоҳи Ашкониён

Сипоҳи Ашкониён
Ягонҳо Шумори нерӯҳо Фармондеҳ
*radak 10 сарбоз *radakpān
wast 100 сарбоз wast-sālār
drafš 1 000 сарбоз drafš-sālār
gund 10 000 сарбоз gund-sālār
spāδ 50 000 сарбоз spāδpat ё spāδbad

Дудмони паҳлавии Ашкониён (Соли 250 п.м.224), ки ҷойгузини дудмони юнонии Селевкиён (31264 п.м.) шуд, созмони радабандии даҳдаҳии сипоҳи Ҳахоманишиёнро ба кор гирифт. Радабандии сипоҳи Ашкониён чунин будааст:

Дар сипоҳи Ашкониён садаҳо ба забони паҳлавӣ wast [васт], ҳазораҳоdrafš [дирафш], бевараҳоgund [гунд] номида мешуданд. Сардорону фармондеҳони ин ягонҳо мутаносибан wast-sālār [васт-солор], drafš-sālār [дирафш-солор] ва gund-sālār [гунд-солор] хонда мешуданд. Ҳар ҳазора ё ҳанге барои худ парчами аждаҳопайкаре дошт, ки ба забони порсии миёна: «drafš» номида мешуд (аз «*drafša-» дар эронии бостон, ки авестоӣ: «drafšā-», «arδašf» / «ərδəšf» дар забони суғдӣ ва «λraφo» дар забони балхӣ аз он рӯидаанд). Аз ин рӯ, ин ягонҳоро «дирафш» меномиданд. Дирафшҳои аждаҳопайкар дар Эронзамин аз замони подшоҳии Ҳахоманишиён ба кор мерафтаанд. Бино ба ривояте, дирафши аждаҳопайкарро Куруши Кабир аз осуриён вом гирифта буд ва он то поёни подшоҳии Дорои Севум дар сипоҳ ба кор мерафт. Искандари Мақдунӣ пас аз пирӯзӣ бар Доро ин дирафшро парчами расмии подшоҳии Мақдуния карда буд, аммо пас аз пирӯзии румиён бар мақдуниҳо «дирафши аждаҳопайкар» ба дасти фарзандони Ромул уфтод. Ин дирафш дар подшоҳии Руми Шарқӣ низ боз мондаву ба кор мерафтааст.

Сипоҳи Ашкониён низ чун сипҳи Ҳахоманишиён spāδ [сипоҳ] ва фармондеҳаш spāδpat ё spāδbad [сипаҳбад] номида мешуд. Сипоҳи Ашкониён аз нерӯмандтарин артишҳои ҷаҳони бостон буда ва борҳо сипоҳи Румро шикаст додааст. Номи қавмии паҳлавҳо дар забони форсӣ чун «паҳлавон» боз мондааст. Бояд гуфт, ки сипоҳи подшоҳии Арманистон, ки фармонбардори Эрон буд, низ ҳамчун сипоҳи Ашкониён ба «гунд», «дрош» ва «вашт» бахшбандӣ мешуд. Ҳануз ҳам дар Нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон рота ба забони арманӣ. «Վաշտ» [вашт], ҳанг — «գունդ» [гунд] ё «Զորագունդ» [зӯрагунд], полковник — «Գնդապետ» [гндапет] ва генерал-полковник — «գեներալ—գնդապետ» [general-gndapet] номида мешаванд.

Сипоҳи Сосониён

Сипоҳи Сосониён
Ягонҳо Шумори нерӯҳо Фармондеҳ
radag 10 сарбоз *radagbān
tahm 100 сарбоз tahmdār
wašt 500 сарбоз wašt-sālār
drafš 1 000 сарбоз drafš-sālār
gund 5 000 сарбоз gund-sālār
spāh 10 000 сарбоз spāhbed
artēštārān artēštārān-sālār

Сипоҳи Сосониёнро низ «spāh» (сипоҳ) меномиданд, ки бузургтарин ягони он «gund» (гунд) будаву 5 000 сарбозро дар бар мегирифта ва фармондеҳашро «gund-sālār» (гундсолор) мехонданд. Ҳар гунде аз чанд «drafš» (дирафш) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 1 000 сарбоз дошт. Ҳар дирафше аз ду «wašt» (вашт) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 500 сарбоз дошт. Ҳар ваште аз чанд «tahm» (таҳм) созмон меёфт, ки ҳар кадоме 100 сарбоз доштанд. Ҳар таҳме аз чанд «radag» (рада) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 10 сарбозро дар бар мегирифт. Фармондеҳи дирафш «drafš-sālār» (дирафшсолор), фармондеҳи вашт «wašt-sālār» (ваштсолор), сардори таҳм «tahmdār» (таҳмдор) ва сардори рада эҳтимолан «*radagbān» (радабон) номида мешуд.

Фармондеҳи сипоҳ «spāhbed» (сипаҳбад) хонда мешуд. Сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи шоҳаншоҳии Сосонӣ «artēštārān-sālār» (артишдоронсолор) номида мешуд.

Эзоҳ

Tags:

Сипоҳ ВожашиносӣСипоҳ и ҲахоманишиёнСипоҳ и АшкониёнСипоҳ и СосониёнСипоҳ ЭзоҳСипоҳЗабони форсӣКишварЛашкарЯгони низомӣ

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Массаи атомӣБонкШарқи НаздикКитоби сурхБемориҳои ҷигарАудитКайҳоншиносӣИбора (дастури забон)Ибораҳои исмӣИсмҳои ҷондор ва беҷонАлюминийИонДонишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати ТоҷикистонСозмони Милали МуттаҳидҒалтаки индуктивӣДаштиҷумГулмаҳмад ЗокировКонвенсияи ҳуқуқи кудакИнсонАрза ва тақозоАгентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии ТоҷикистонМуҳаммадшариф ГулханӣҶаҳонХайрулло РаҳимовРангХотираи берунии компютерМаҳмадулло ЛутфуллоевАбдурраҳмони ҶомӣDESКарафсКамар (деҳа, н. Панҷакент)Гоҳшумории ҳиҷрӣҲулбукИсъёни МуқаннаъАтторБомдод (намоз)Созмони ҷаҳонии тандурустӣЛозиқияСоли 1978Сайид Абдуллоҳи НурӣҶумҳурии Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонҶонишинҳои ишоратӣАлагоасСулҳТемурИстанбулЧехияСаноӣСозмони Паймони Амнияти ДастаҷамъӣИттилоотҲофизСиғаҳои феълНасрониёнДонишгоҳи давлатии омӯзгории ТоҷикистонУнсурулмаолии КайковусҚонунКитобОзахБаробарҳуқуқии зану мардИсмҳои шахс ва ғайришахсКалимасозӣМеъморӣҶумҳурии ТоҷикистонҲайдаршо ПирумшоевҲахоманишиёнБадминтонСотим УлуғзодаВирусҳоПуркунандаНоҳияи АштМухотабНосири ХусравАҳолӣМуҳаммад ибни Мӯсои ХоразмӣРӯйхати кодҳои телефонии мамлакатҳоСадриддин АйнӣТаърихИқлим🡆 More