Унсурулмаъолии Кайковус

Унсурулмаъолӣ Кайковус ибни Искандар ибни Қобус ибни Вушмгири Зиёрӣ (форсӣ: عنصرالمعالی کیکاووس بن اسکندر بن قابوس بن وشمگیر زیاری‎; 1021 — 1098) — амири дудмони Зиёриён (1050–1087), нависандаи китоби «Қобуснома», писари Искандар ибни Қобуси Зиёрӣ ва набераи Марзбон ибни Рустами Бовандӣ.

Унсурулмаъолии Кайковус
1050 — 1087
Пешгузашта Q97199895?
Ҷонишин Гелоншоҳ
Таваллуд 1021
Даргузашт 1098
Дудмон Зиёриён[d]
Фарзандон Гелоншоҳ
Эътиқод суннӣ

Зиндагинома

Табори Кайковус аз хонадоне аст, ки дар навоҳии Табаристон ва Гургон солҳо ҳукумат ва иморат доштанд, аммо дар ба ҳукумат расидани худи ӯ тардид вуҷуд дорад. Кайковус аз илмҳои замонаш хуб огоҳ буд. Дар Гургон бо таъсири таълимоти Абӯалӣ ибни Сино ба омӯзиши тиб пардохт; илми нуҷум, ҳайъат, шеър ва мусиқиро ҳам омӯхт.

Кайковус бештари умри худро ба унвони надим, дар хидмати салотини муосир гузаронд. Ӯ дар рикоби Султон Мавдуд ва Абуласвор Шовур дар ҷангҳои алайҳи номусулмонони Ҳиндустон ва моварои Қафқоз ширкат кард ва саранҷом яке аз ин ҷангҳо, дар Гурҷистон, мӯҷиби даргузашти ӯ гардид.

Қобуснома

Унсуролмаъолии Кайковус беш аз ҳар чиз, ба хотири нигориши пандномае ба забони форсӣ шинохта мешавад, ки барои насиҳати писар ва ҷонишинаш, Гелоншоҳи Зиёрӣ, ба риштаи таҳрир даровард ва «Қобуснома» номида мешавад. «Қобуснома» китоби муҳимме дар адабиёти форсӣ баршумурда мешавад, ки пур аз ҳикоятҳои гуногуни ибратдиҳандааст ва бо матне содда ва наздик ба форсии меъёри имрӯзӣ навишта шудааст. Ҳикоёти «Қобуснома» дар чиҳилу чаҳор боб омада ва дар ҳар як аз ин бобҳо дар бораи ҳирфае ё масоили хоссе дар мавриди зиндагӣ суҳбат мешавад, ки нишонгари дониши болои нависанда ва огоҳии ӯ аз муҳити зиндагиву ҷомеаъаш мебошад ва нишондиҳандаи даричае аз манзари як наҷибзода бар ҷомеъаи қуруни вустоии Эронзамин аст.

Нигаред низ

Эзоҳ

Адабиёт

  • Унсурулмаолии Кайковус / А. Абдуллоев // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).

Tags:

Унсурулмаъолии Кайковус ЗиндагиномаУнсурулмаъолии Кайковус ҚобусномаУнсурулмаъолии Кайковус Нигаред низУнсурулмаъолии Кайковус ЭзоҳУнсурулмаъолии Кайковус АдабиётУнсурулмаъолии КайковусЗабони форсӣМарзбон ибни Рустами БовандӣНависандаСоли 1021Соли 1098Қобуснома

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии ТоҷикистонҲаким КаримБозии шоҳонаи УрФизиологияҲокимияти давлатӣҚобусномаПрокуратураХизмати давлатӣИстихораРомани ҒуломонЗарфи замонИмом БухорӣИёлоти Муттаҳидаи АмрикоБоғи миллии ТоҷикистонКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонMediaWikiХирсҚоидаҳои имлои забони тоҷикӣСоли 2021Осиёи МиёнаБаҳорБемориҳои пӯстҲизби халқии демократии ТоҷикистонХати АвестоОлами ҳайвоноти ТоҷикистонБонки ҷаҳонӣНафтФеҳристи мамнуъгоҳҳои ТоҷикистонФоробӣПиряхи ВанҷяхСуръати рӯшноӣКафшиёти бузурги ҷуғрофиёӣИбораҳои исмӣИсмҳои шахс ва ғайришахсАмрикои Лотинӣ19 декабрПадарФалсафаи исломӣУқёнуси ОромПиряхВаксинаФароштурукФеҳристи паррандагони Китоби сурхи ТоҷикистонDokuWikiЗабонҳои ҷаҳонФарҳанги забони тоҷикӣКалимаВазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии ТоҷикистонЭшони НуриддинҷонСуруди миллии ТоҷикистонШумораФутболДекабрСаҳифаи аслӣНақби ИстиқлолЛибоси миллии тоҷиконАскар ҲакимИспурчГумрукЗебуннисо РустамоваПайрав СулаймонӣТоҷмаҳалҚорӣ Раҳматуллоҳи ВозеҳЗанбӯри асалАсадии ТӯсӣХаритаФурӯпошии ИҶШСКислотаҚитъаОлами набототи ТоҷикистонИбора (мазмунҳо)Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъНазмШеър дар адабиёти тоҷик (асри XX )Андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣУбайди ЗоконӣНерӯгоҳи барқи обии РоғунҲамид Мусаддиқ🡆 More