Насируддини Тӯсӣ

Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Ҳасани Тӯсӣ машҳур ба Хоҷа Насируддин (форсӣ: محمد بن محمد بن الحسن الطوسی‎; 18 феврал 1201, Тус — 26 июн 1274, Козимин) — шоир, ҳамадон, файласуф, мутакаллим, фақеҳ, ахтаршинос, андешаманд, риёзидон, мунаҷҷим, пизишк ва меъмори форс-тоҷик.

Хоҷа Насируддини Тусӣ
форсӣ: محمد بن محمد بن الحسن الطوسی
Насируддини Тӯсӣ
Таърихи таваллуд 18 феврал 1201
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 26 июн 1274 (73 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ ахтаршиносӣ, илми калом, фалсафаи исломӣ, риёзиёт, кимиё, зистшиносӣ, физик, пизишкӣ, фалсафаи ахлоқ, фалсафа, таърих, ҳуқуқ, илоҳиёт, ҷуғрофиё, мусиқӣ, нуршиносӣ, конишиносӣ, улуми ғариба[d] ва илм
Ҷойҳои кор
Шогирдон Абдулкарим ибни Товус[d], Наҷмуддини Қазвинӣ, Қутбуддини Шерозӣ, Аллома Ҳиллӣ, Ибни Фуватӣ, Шамсуддини Бухорӣ ва Ибни Шарафшоҳи Астарободӣ
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард
Насируддини Тӯсӣ Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

Хоҷа Насриддини Тӯcӣ яке аз саршиностарин шахсиятҳои таърихи ҷараёнҳои фикрии исломист. Улуми динӣ ва ақлиро зери назари падараш ва мантиқу ҳикмати табииро назди тағояш омӯхтааст. Таҳсилотшро дар Нишопур ба итмом расонда, дар онҷо ба унвони донишманде барҷаста овоза ёфт. Ӯ дар замони ҳамлаи Муғул ба Эрон дар пеш Носируддин, муҳташами Қӯҳистон, ба корҳои илми хеш машғул шуд. Дар ҳамин замон Ахлоқи Носириро навишт. Пас аз муддате ба назди Исмоилён дар Дижи Аламут нақли макон кард, аммо пас аз юриши Ҳулокуи муғул ва поён ёфтани фармонравоии Исмоилён Ҳулоку Насируддинро мушовир ва вазири худ сохт, то ҷое, ки Ҳулокуро ба тозиш ба Бағдод ва сарнагунии Аббосиён ёрӣ намуд.

Саҳми илмӣ

Хоҷа Насируддини Тусӣ аз лиҳози азамати шахсият дар шумори симоҳои мумтози илму адаби форсу тоҷик, ислом ва тамоми башарият ба шумор меравад. Хоҷа Носир аз ҷумлаи навобиғ ва донишмандони ҷаҳон аст, ки ҷамеи улуми асри хеш фаро гирифта ва осори вай аз лиҳози дақиқназарӣ ва азамати илмӣ ҳамвора маҳалли руҷӯъ ва мавриди истиноди аҳли қалам ва асҳоби илму таҳқиқ қарор гирифтааст.

Саҳми Насируддини Тусӣ дар сохтани расадхонаи Мароға бузург аст. «Расадхонаи мазкур дорои бузургтарин китобхона ва лавозимоти гаронбаҳо буда ва дар он донишмандони бузурги Эрон ва аз дигар мамолики Машриқзамин, минҷумла Чин кор мекарданд» (В. В. Бартольд). Олимони шарқшиноси рус А. П. Юшкевич ва В. Ф. Коган оид ба масоили риёзӣ, ба таърихи пажӯҳиши масоили риёзиёт дар Осиёи Миёна ва оид ба асосҳои геометрия натиҷаҳои ҷолиб ба даст овардаи Тусиро қайд намуда дар манбаъҳои илмии Аврупо ҳамчун олими соҳаи улуми дақиқ муаррифӣ намудаанд. Осор ва афкори фалсафии Насируддини Тусӣ мавриди таҳқиқи олимони Эрон ва Тоҷикистон қарор гирифта, муҳаққиқин асосан Тусиро ба сифати олими соҳаи ҳикмат ва мантиқ муаррифӣ кардаанд. Насируддини Тусӣ дар илми забоншиносӣ аз аввалинҳое мебошад, ки ба масъалаҳои тадқиқи калима ҳамчун аломати ифодаи моҳияти ашё, ҳодисаҳои лексики сермаъноии калимоти муттародифа ва муттабоина, ҳодисаи сермаъноии калима, роҳҳои сермаъношавии калимаҳо, роҳҳои фарқи калимоти ҳаммаъно ва гуногунмаъно ва ғайра ақидаҳои ҷолиб баён намудааст. Яке аз махсусиятҳои осори илмӣ ва адабии Насируддини Тусӣ назари хоси ӯ ба шеър ва хусусиятҳои он низ мебошад.

Осор

Осори ӯ дар ҳавзаҳои ахлоқ, мантиқ, фалсафа, риёзиёт ва нуҷум бештар ба забони арабӣ ҳастанд. «Ахлоқи Носирӣ», «Асосу-л-иқтибос» (дар мантиқ), «Таҳрири Уқлидус» (дар ҳандаса), «Зиҷи элхонӣ» ва «Тазкира фӣ илми-л-ҳайъат» (дар нуҷум), «Тансуқнома» (конишиноси), «Ҷавомеъу-л-ҳисоб би-т-тхату-т-туроб», рисолаи «аш-Шофеъия», «Шаклу-л-қитоъ» (ҳандаса) ва «Кашфу-л-қиноъ ан асрори шаклу-л-қитоъ» (мусалласот) бархе аз муҳимтарин китобҳои ӯ ҳастанд. Ӯ нахустин касе буд, ки мусалласотро бидуни корбурди қазияи Манлоус ё нуҷум тавсеа бахшид. Ҳам ӯ буд, ки қазия синусҳоро, ки рӯйдоди барҷаста дар таърихи риёзиёт аст, ба равшанӣ баён кард. Мактаби ҷуфти куравии Тӯcӣ дар нуҷуми давраи исломӣ машҳур аст. Ӯро мазҳари нахустин марҳалаи таркиби тадриҷии мактабҳои машоӣ ва ишроқӣ медонанд. «Ахлоқи Носирӣ»-и Хоҷа қарнҳо роиҷтарин китоби ахлоқӣ байни мусулмонони Эрону Ҳинд будааст. Аз дигар осори ӯ метавон ба «Таҳрири Муҷастӣ», «Бист боб дар маърифати устурлоб», «Сӣ фасл дар тақвим» ва «Авсофу-л-ашроф» ишора кард. Хоҷа пас аз 75 сол зиндагӣ дар Козимин дар гузашт ва дар ҷавори имом Мӯсои Козим (а) ба хок сипурда шуд. Ӯ беш аз ҳар фарди дигаре мояи эҳёи улуми исломӣ ва мазҳаби шиа будааст.

Адабиёт

  • Диноршоев М. Философияи Насируддини Тусӣ.- Душанбе: Дониш, 1968.
  • Мамадбейлӣ Г. Д. Основатель Марагинской обсерватории Насируддини Тусӣ — Баку, 1961.
  • Резенфельд Б. А. О математических работах Насируддина Туси.- В кн.: "Историно-математических исследования, вып, 4. М.-Л.,1951.
  • Юшкевич А. П. История математики в средние Азия.-М, 1961; Математики народов Средней Азии в Х-ХV в. В кн.: Историко-математические исследования, вып. 4, М.-Л., 1951.
  • Коган В. Ф. Основания геометрии.- М.- Л., 1949.
  • Мухаммад Тақии Мударриси Разавӣ. Аҳвол ва осори Хоҷа Насируддини Тусӣ.- Теҳрон, 1386.
  • Саид Нафисӣ. Ашъори форсии Хоҷа. — Дар маҷ. Ёдномаи Хоҷа Насируддини Тусӣ.- Теҳрон, 1335.
  • Ёдномаи Хоҷа Насируддини Тусӣ.- Теҳрон, 1335.
  • «Офтоби Шарқ». Маҷмӯаи мақолоти илмии авввалин Кeнгураи байналмилалии Хоҷа Насируддини Тусӣ.- Теҳрон, 1386.
  • Али Синои Рахшанда. Хоҷа Насируддини Тусӣ ва фатҳи Бағдод дар маҷ. «Офтоби Шарқ». Теҳрон, 1386.
  • Зинҷони М. Саргузашт ва ақоиди фалсафаи Насируддини Тусӣ. Теҳрон, 1335
  • Иванова М. Н. «Мутоилаи даврон ва осори Насридини Тусӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ дар маҷ. Ёдномаи Насируддини Тусӣ» Теҳрон, т 1335.
  • Бартольд В. В. Сочинение. том I, Москва, 1963.
  • Мусулмонқулов Р. Насируддини Тусӣ ва назарияи шеър // Садои Шарқ, 1982, № 7. Сатторзода А. Куҳна ва нав.- Душанбе: Адиб 2004.; Таърихчаи назариёти адабии форси тоҷикӣ.- Душанбе: Адиб, 2001.
  • Аристотель и таджикско-персидская литературная мысль (IX—XV вв) — Душанбе: Адиб, 2002.
  • Куҳна ва нав.- Душанбе: Адиб, 2004.
  • Хоҷа Насируддини Тусӣ. Асос-ул- иқтибос. Ба тасҳеҳи Мударриси Разавӣ.- Теҳрон, 1326.
  • Нусхаи дастнавис ва чопии «Меъёр-ул- ашъор», ки дар китоби «Шеъру шоирӣ аз назари Хоҷа Насируддини Тусӣ», Теҳрон 1370 ҳиҷрӣ дар назар дошта шудааст.
  • Мухаммад Тақии Мударриси Разавӣ. Аҳвол ва осори Хоҷа Насируддини Тусӣ.- Теҳрон, 1386.
  • Саид Нафисӣ. Ашъори форсии Хоҷа. — Дар маҷ. «Ёдномаи Хоҷа Насируддини Тусӣ». — Теҳрон, 1335.
  • Давлатбеки Хоҷа «Ташаккул ва таҳаввули илми забоншиносии форсу тоҷик дар асрҳои миёна». Душанбе, — 1998.
  • Шоихтиёров Х. Социальная философия Насируддина Туси. Душанбе, 2010.

Эзоҳ

Пайвандҳо


Tags:

Насируддини Тӯсӣ ЗиндагиномаНасируддини Тӯсӣ Саҳми илмӣНасируддини Тӯсӣ ОсорНасируддини Тӯсӣ АдабиётНасируддини Тӯсӣ ЭзоҳНасируддини Тӯсӣ ПайвандҳоНасируддини Тӯсӣ18 феврал26 июнd:Q311315АхтаршиносЗабони форсӣМатематикаМеъморМунаҷҷимПизишкСоли 1201Соли 1274ТӯсФайласуфФақеҳШоир

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Маликушшуаро БаҳорИбни СиноAАштархониёнДавлати ҲайтолиёнБозорБоғдорӣСоли 1978БоғХурмоШиъаХабари феълӣБуддо дар ҳолати нирванаХонии ҚӯқандИллинойсҲизби сиёсӣВерфШахси ҳуқуқӣДавлатИдеологияДонишгоҳи давлатии тиҷорати ТоҷикистонMicrosoftСоиби ТабрезӣИсфисор (деҳа, н. Ғафуров)Марям ИсоеваАлюминийКумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонНоҳияи ҶайҳунИди РамазонНоҳияи КӯшониёнПуркунандаАмрикои ҶанубӣВикипедияДеҳоти ҶомӣГоҳшумории ҳиҷрӣТеатри ЛоҳутӣМалайзияҲадисПешоянд ва пасояндҳо (дастури забон)Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ РӯдакӣПайвандак (дастури забон)ТоҷмаҳалТаваррумНоҳияи ХовалингТабҲиҷоМарк ТвенВилояти Бадахшон (Афғонистон)Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣИстиораШиркати Алюминийи ТоҷикҲизби халқии демократии ТоҷикистонПайвандакҳои пайвасткунандаВазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии ТоҷикистонБеморӣДавлати ягонаИттифоқи нависандагони ТоҷикистонИттиҳоди иқтисодии АвруОсиёПули миллӣДонишгоҳи аграрии ТоҷикистонИсаак НютонСаффориёнКонститутсияи Ҷумҳурии ТоҷикистонСохти ҳиссачаҳоКонфутсийИспурчОлами ҳайвоноти ТоҷикистонФаронсаМирсаид МиршакарИсм (дастури забон)АмрикоҶашни СадаДонишгоҳи давлатии ХуҷандСамаки айёрТиҷорати электронӣПрезиденти ТоҷикистонИндонезия🡆 More