Кимиё(ар.
کيمياء)инчунин: (юн.-қад. χυμος); (юн.-қад. χυμα); (юн.-қад. χυμευσις) — илм дар бораи таркиб, сохт, хосиятҳо ва табдилёбии моддаҳо мебошад. Кимиё - яке аз соҳаҳои илмҳои муҳим ва васеътарини табиатшиносӣ, илме, ки моддаҳо, инчунин таркиб ва сохтор, хосиятҳои онҳоро вобаста ба таркиб ва сохтор, табдили онҳо, ки боиси тағирёбии таркиб мегардад - реаксияҳои кимиёчунинвӣ, инчунин қонунҳо ва намунаҳое, ки ин дигаргуниҳо ба онҳо итоат мекунанд.
Кимиё таркиби сифатӣ ва миқдории моддаҳоро муайян менамояд. Таркиби сифатӣ нишон медиҳад, ки моддаи додашуда аз кадом элементҳои кимиёӣ иборат мебошанд. Таркиби миқдорӣ бошад, дар кадом таносубҳои миқдорӣ мавҷуд будани элементҳои моддаҳоро нишон медиҳад. Масалан, молекулаи об сифатан аз атомҳои ҳидроген ва оксиген иборат аст. Ин молекула миқдоран бошад, аз ду атоми ҳидроген ва як атоми оксиген таркиб ёфтааст. Таркиби сифатӣ ва миқдории модда дар натиҷаи таҳлили кимиёӣ муайян карда мешавад.
Кимиё инчунин сохтори моддаҳоро муайян карда, ба тартиби ҷойгиршавии атомҳо ва ё гурӯҳҳои амалкунанда дар фазо нисбат ба якдигар рӯшанӣ меандозад.
Кимиё хосиятҳои физикӣ ва кимиёии моддаҳоро меомўзад. Намуди зоҳирии моддаҳо, ҳолатҳои агрегатии онҳо, дамои ҷўшиш ва гудозиши моддаҳо, гармӣ- ва ҷараёнгузаронии онҳо бо хосиятҳои физикии моддаҳо мансубанд. Ба хосиятҳои кимиёӣ бошад, қобилияти ба дигар моддаҳо табдилёбии моддаҳои кимиёӣ мансуб мебошад.
Кимиё ба бахшҳое тақсим мешавад, ки онҳо бо вазифаҳо ва усули кори худ аз ҳамдигар тафовут дошта, вале байни якдигар алоқаманд ва дорои соҳаҳои ҳаммарзӣ мебошанд.
Кимиёро шартан ба бахшҳои асосии зайл тақсим мекунанд:
This article uses material from the Wikipedia Тоҷикӣ article Кимиё, which is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license ("CC BY-SA 3.0"); additional terms may apply (view authors). Муҳтаво таҳти иҷозатномаи CC BY-SA 4.0 ва ё дигар дастрас аст. Images, videos and audio are available under their respective licenses.
®Wikipedia is a registered trademark of the Wiki Foundation, Inc. Wiki Тоҷикӣ (DUHOCTRUNGQUOC.VN) is an independent company and has no affiliation with Wiki Foundation.