Ноҳияи Роғун (форсӣ: ناحیۀ راغون) — яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар кишвари Тоҷикистон аст.
Ноҳияи маъмурӣ | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Тобеъи | НТҶ |
Шомили | 1 шаҳрак, 2 ҷамоати деҳот |
Маркази маъмурӣ | Роғун |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 45 400 нафар (2022) |
Забонҳои расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Коди телефон | 3134 |
Нишонаи почта | 737450 |
Домени интернет | .tj |
Маркази ин ноҳия шаҳри Роғун аст ки 115 км шарқтар аз шаҳри Душанбе дар канори рӯди Вахш ҷойгир аст.
Ноҳияи Роғун бо сарзамине 500 км² дар водии водии Рашт ҷой дорад. Дар шимолу ғарб — бо ноҳияи Ваҳдат, дар шимолу шарқ — бо ноҳияи Нуробод, дар ҷанубу шарқ — бо ноҳияи Файзобод аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дар ҷанубу ғарб — бо ноҳияи Балҷувон аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳаммарз аст.
Дар сарзамини ин ноҳия нерӯгоҳи обии Роғун сохта мешавад.
Ин ноҳия дар январи соли 2010 22,6 ҳаз. тан бошанда дошт. Мардуми ноҳияи Роғун ба забони тоҷикӣ сухан мегӯянд.
сол | 2014 | 2015 | 2019 | 2020 |
---|---|---|---|---|
шумора (ҳаз. нафар) | 39,3 | ↗40,3 | ↗43,7 | ↗44,1 |
Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Роғун 1 шаҳр — Роғун, 1 шаҳрак ва 2 ҷамоат дорад:
Ҷамоатҳои ноҳияи Роғун | |||||||||||
Ҷамоат | Аҳолӣ | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Роғун, шаҳр | 14900 | ||||||||||
Обигарм, шаҳрак | 7400 | ||||||||||
Қади Об | 13600 | ||||||||||
Сичароғ | 3449 |
Сарвари ноҳияи Роғун Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Роғун — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Роғун ба муддати 5 сол интихоб мешавад.
This article uses material from the Wikipedia Тоҷикӣ article Ноҳияи Роғун, which is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license ("CC BY-SA 3.0"); additional terms may apply (view authors). Муҳтаво таҳти иҷозатномаи CC BY-SA 4.0 ва ё дигар дастрас аст. Images, videos and audio are available under their respective licenses.
®Wikipedia is a registered trademark of the Wiki Foundation, Inc. Wiki Тоҷикӣ (DUHOCTRUNGQUOC.VN) is an independent company and has no affiliation with Wiki Foundation.