Бисёрзабонӣ, мултилингвизм, полилингвизм — истифода аз якчанд забон дар ҳудуди ягон иттиҳодияи иҷтимоӣ (давлат), истифодаи як кас ва ё гурӯҳе аз одамон аз якчанд забон вобаста ба вазъу ҳолати барқарорсозии робита, муошират.
Ҳар ду падида ба ҳамдигар марбутанд. Бисёрзабонӣ дар ҷомеа бо тақозои муошират ва робитаи байниҳамдигарии одамон арзи вуҷуд менамояд, вале Бисёрзабонӣ талаби қатъие нест, ки кулли аҳли ҷомеа онро бояд риоя кунанд. Бисёрзабонӣ дар давлат вуҷуд доштан метавонад, вале ҳангоми ба мувофиқа омадани аҳли ҷомеа як забон чун забони муошират пазируфта мешавад (дар Швейтсария ҳамин ҳолат ба назар мерасад).
Ду навъи бисёрзабонӣ — «фардӣ» ва «миллӣ» вуҷуд дорад. Бисёрзабонӣи миллиро забоншиносии Ҷумҳурии Тоҷикистони моӣ (сотсиолингвистика) меомӯзад. Бисёрзабонӣ хосси кишварҳоест, ки дар онҳо миллатҳои гуногун зиндагӣ мекунанд (Россия, ИМА, Ҳиндустон, Нигерия ва ғайра).
Дар Тоҷикистон ҳам Бисёрзабонӣ ба назар мерасад. Шахсони алоҳида ва ё гурӯҳи одамон ҳастанд, ки забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ, англисиро, тоҷикӣ-русӣ-англисиро (сезабонӣ), тоҷикӣ-русӣ, тоҷикӣ-ӯзбекиро (дузабонӣ) медонанд ва бо ин забонҳо гуфтугӯ мекунанд. Мардуми ВМКБ асосан дузабонаанд (донандаи яке аз забонҳои маҳаллӣ — шуғнонӣ, рӯшонӣ, вахонӣ, язгуломӣ ва ғайра) ва забони тоҷикӣ.
Вобаста ба бисёрзабонӣ шаклҳои гуногуни забон (лаҳҷаҳо, шеваҳо, жаргонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имоӣ ва касбӣ ва ғайра) зинаҳои корбурдро ташкил медиҳанд:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ — забони тоҷикиро муайян ва истифода бурдан аз онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анзим менамояд. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, барои истифода аз забони модариашон ҳуқуқ доранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимоя ва пешрафти забонҳои помирӣ ва забони яғнобӣ шароит фароҳам оварда мешавад.
This article uses material from the Wikipedia Тоҷикӣ article Бисёрзабонӣ, which is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license ("CC BY-SA 3.0"); additional terms may apply (view authors). Муҳтаво таҳти иҷозатномаи CC BY-SA 4.0 ва ё дигар дастрас аст. Images, videos and audio are available under their respective licenses.
®Wikipedia is a registered trademark of the Wiki Foundation, Inc. Wiki Тоҷикӣ (DUHOCTRUNGQUOC.VN) is an independent company and has no affiliation with Wiki Foundation.