Панкреатит гуфта, илтиҳоби ғадуди зери меъдаро меноманд.
Сабаби пайдоиши ин беморӣ, баста шудани маҷрои ғадуд тавассути сангҳо аз талхадон, варам ё киста ба шумор меравад. Дар ин ҳолат роҳи ҷорӣ шудани оби ҳозима бо ферментҳо ба рӯдаи борик халалдор мегардад. Дар натиҷа ин ферментҳои панкреатӣ дар ғадуд ҷамъ шуда, ба бофтаҳои он таъсир мегузоранд ва ғадуд худаш худашро ҳазм мекунад. Ин ферментҳо ҳамаи бофтаҳои ғадудро вайрон карда, метавонанд ба рагҳои хунгард ва узвҳои дигари ба ғудуд наздик таъсири манфӣ расонанд ва ин омил метавонад ба марги инсон оварда расонад. Сабаби чунин ҳолат дар бештари маврид хӯроки нодурусту якранг ва пурхӯрии доимӣ мебошад. Дӯстдорони хӯрданиҳои сахт, тунд, бирён ва аз ҳад зиёд равғанин, инчунин дӯстдорони "фастфуд” ба гӯрӯҳи хатари ин беморӣ шомил мегарданд. Истеъмоли зиёди нӯшокиҳои спиртӣ низ, метавонад ба рушди панкреатит замина гузорад. Дар баъзе ҳолатҳо стрес ва асабоният ба зиёд гардидани оби ғадуди зери меъда сабабгор мешаванд ва ин низ метавонад дар навбати худ ҷараёни илтиҳобиро ба вуҷуд орад. Ғайр аз ин, панкреатит (хусусан панкреатити шадид) метавонад бо рушди бемориҳои талхадон ва маҷроҳои он, бемории санги талхадон ва бемориҳои гуногуни ҷигар ба миён ояд. Панкреатит ба ду гурӯҳ ҷудо мешавад: шадид ва музмин. Асоситарин аломати панкреатит, дарди шадид дар қисмати шикам ба шумор меравад. Ин аломат ҳам дар панкреатити шадид ва ҳам дар панкреатити музмин (ҳангоми шиддати дард) муштарак зуҳур мекунад.
Агар аломатҳои панкреатити шадид баъди 6 моҳи оғози беморӣ зоҳир шаванд, онро шиддат ёфтани панкриатити музмин меноманд. Табобати панкреатити шадид хеле сода буда, риояи се шарти асосиро дар бар мегирад.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
This article uses material from the Wikipedia Тоҷикӣ article Бемории панкреатит, which is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license ("CC BY-SA 3.0"); additional terms may apply (view authors). Муҳтаво таҳти иҷозатномаи CC BY-SA 4.0 ва ё дигар дастрас аст. Images, videos and audio are available under their respective licenses.
®Wikipedia is a registered trademark of the Wiki Foundation, Inc. Wiki Тоҷикӣ (DUHOCTRUNGQUOC.VN) is an independent company and has no affiliation with Wiki Foundation.