Автономия

Автономия (аз юнонӣ autonomia – худидоракунӣ, мустақилият) — худидоракунии воҳиди сиёсию миллӣ дар доираи давлати ягона, ки он дар Конститутсия таҷассум ёфтааст.

Автономия шакли худидоракунии қисми ҳудуди давлати унитарӣ ё федеративӣ мебошад ва ҳамчун мухторияти ҳудудӣ шинохта мешавад. Он дар ҳудудҳои маскуншудаи халқҳое, ки дорои хусусиятҳои махсуси умумияти забонӣ, маишӣ ва ҳаёти иқтисодӣ мебошанд, ба амал бароварда мешавад. Воҳидҳои маъмурию миллӣ дар ҳайати давлати федеративӣ ҳамчун автономияи субъекти федератсия амал менамоянд. Воҳиди ҳудудии автономӣ дар ҳалли масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта, ки ҳокимияти марказӣ ба он вогузор намудааст, мустақил аст. Мақомоти интихобии воҳиди маъмурии автономӣ манфиатҳои хоси аҳолии онро таҷассум менамояд.

Дар Федератсияи Русия

Чунин ҳолат дар конститутсияҳои ҳам давлатҳои феде­ративӣ ва ҳам давлатҳои унитарӣ ба таври махсус қайд карда мешавад. Масалан, дар Конститутсияи Федератсияи Русия моддаи 72 ваколатҳои якҷояи Федератсияи Русия ва субъектҳои онро ифода намудааст. Мувофиқи моддаи 73 ҳуқуқи автономии ҳамаи 89 субъекти федератсия эътироф карда мешавад. Вобаста ба сохтори давлатӣ ва раванди идораи сиёсӣ худидоракунӣ ва ё мухторияти воҳидҳои маъмурию сиёсӣ дар сатҳи мухталиф ба амал меояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар шароити Тоҷикистон чунин ҳолатро Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон касб намудааст. Боби 7-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми мухториятро дар ҳудудҳо ва салоҳиятҳои воҳиди сиёсию маъмурии мазкур муайян намудааст. Ҳамин тариқ, автономия аз як тараф шакли худидоракунии умумиятҳои миллӣ-этникӣ ва аз ҷониби дигар сатҳи муайяни ғайримарказонидани идораи ҳудудҳои муайян мебошад. Моҳиятро танзими муносибатҳои байниҳамдигарӣ ва мувофиқгардонии манфиатҳои миллии умумиятҳои гуногун ташкил менамояд.

Адабиёт

  • Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Д., 2003;
  • Зокиров Г. Н., Истиқлоли сиёсӣ, Д., 2001;
  • Миртов Д., Нравственная автономия по Канту и Ницще, С. – Пб., 1905.

Нигаред

Эзоҳ

Сарчашма


Tags:

Автономия Дар Федератсияи РусияАвтономия Дар Ҷумҳурии ТоҷикистонАвтономия АдабиётАвтономия НигаредАвтономия ЭзоҳАвтономия СарчашмаАвтономияКонститутсия

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Спанҷ Боб Сквэр ПэнтсСаратонОсиёи ҶанубӣҲафт муъҷизаи оламПудинаГардиши хунВазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии ТоҷикистонРусияМуҳаммад Закариёи РозӣДонишгоҳи давлатии БохтарМактабШоирони халқии ТоҷикистонСарҳади Тоҷикистону АфғонистонПайвандакҳои монандӣЛатифаСомонЗабони савоҳилӣКамоли ХуҷандӣСарезВилоятҳои ТоҷикистонБонкШом (намоз)Корхонаи заршӯии «Зарафшон»Ноҳияи ШаҳринавАдади транccендентӣКубаМусоҳибаБобунаВодии ЗарафшонАттори НишопурӣКодексВладимир ПутинПайвандакҳои миқдору дараҷаКонденсаторСаноати ТоҷикистонКитоби МуқаддасБаҳогузорӣХоҷа Абдуллоҳ АнсорӣСуманак (ғизо)ИстихораРаиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии ТоҷикистонТобистонМанғитияБарномаи таълимӣТурсунзода (шаҳр)ТоҷиконУнсурулмаолии КайковусБертолд БрехтАнтисептикаФеълҳои бевосита ва бавоситаСутунмуҳраПайвандакҳои хилофТасрифи феълҳоКаломТуркияАтомҲоҷат (намоз)Абдуррауфи ФитратВатанБедилАминонаЭкологияНидоМасдарНизоми андози Ҷумҳурии ТоҷикистонАдади комплексӣҲусайн Воизи КошифӣМаҷлисБайтҶомеаи шаҳрвандӣОлами ҳайвоноти ТоҷикистонГенуяГуфторгардонӣГалактика🡆 More