Водии Зарафшон

Водии Зарафшон — водиест, ки дар вилояти Суғд, қисмати шимолии Тоҷикистон ҷойгир аст.

Минтақаи води дар байни қаторкӯҳи Зарафшон ва каторкӯҳи Туркистон ҷойгир шудааст. Қисми шимолии қаторкӯҳи Ҳисор ҳам дар минтақаи водӣ дохил мешавад.

Таърих

Дар даврони пешин дарёи Зарафшон аз куҳҳои Мастчоҳи куҳна, Яғноб, Фон, Анзоб ва ғ. сарчашма гирифта, то поёноби он — Бухорои шариф рафта мерасид. Дар бораи водии Зарафшон дар китоби «Дастур оиди Панҷакенти қадим»-и Исроил Исмоилов (Душанбе, «Адиб», с.1994) омадааст:

«Водии Зарафшон аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ба се қисми муайян тақсим мешавад: 1) Маҷрои боло –аз саргаҳҳои рӯд то Панҷакент, 2) маҷрои миёна ё ҳамвории Самарқанд- аз Панҷакент то Кармина, 3) поёноби Зарафшон – ваҳои Бухоро. Мувофиқи маълумоти ҷуғрофиёшиносони арабзабон, дар масоҳати маҷрои миёнаи Зарафшон 14 рустои Суғд буд, ки 8-тои онҳо дар қисми ҷануби Зарафшон, 6-тои дигар дар шимоли он мавқеъ дошт. Дар қисми ҷануб аз ҷониби шарқ нахустин русто Панҷакент буд».

— Исроил Исмоилов.Дастур оиди Панҷакенти қадим. Душанбе:«Адиб», 1994

. Инчунин дар сарчашмаи дар боло зикршуда омадааст:

«…Дар асри шаш мавзеъҳои Зарафшони боло, Моғиён (моҳтобӣ), Парғар (замини куҳӣ), (Фалғари имрӯза), Киштут (Киштути имрӯза), Мартушкат (Мастчоҳи имрӯза), дохил мешуд. Ҳамчунин деҳаҳои Мадм, Зеровдавк (Зерободи ҳозира), Эскотар ( Искандари муосир), Химканд, Варз (Варзи манори имрӯза), Курут (Курути имрӯза), Фатмиф, (Фатмев и ҳозира), Поҳут (Похут и ҳозира), Дараи Яғноб низ ба ҳайати Панҷакент шомил буданд.»

— Исроил Исмоилов.Дастур оиди Панҷакенти қадим. Душанбе:«Адиб», 1994

.

Ёдгориҳои фарҳангӣ-таърихии шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Панҷакент, ноҳияи Айнӣ, шаҳракадаи Саразм, Оромгоҳи Муҳаммад Башоро (деҳаи Мазори Шариф), Оромгоҳи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (деҳаи Панҷрӯд), Ҳафткӯл, кӯлҳои Аловуддин, базаи туристии «Артуч», кӯҳҳои Фон, Искандаркӯл ҳунарҳо ва эҷодиёти мардумии сокинони деҳаҳои Яғноб ва Масчоҳи Кӯҳӣ - ро фаро мегиранд.

Эзоҳ

Tags:

Вилояти СуғдШимолҚаторкӯҳи ЗарафшонҚаторкӯҳи Ҳисор

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Ноҳияи ВосеъФиқҳВилояти МаскавБемориҳои чашмIPv6Таҳияи масҷидСаъдӣСарвазири Ҷумҳурии ТоҷикистонВазири фарҳанги Ҷумҳурии ТоҷикистонСадриддин АйнӣРафеъи ЛунбонӣҶералд ФордШартномаи меҳнатӣОвошиносӣMediaWikiАтомМир МафтунТахачЛатифаРӯзи ваҳдати миллӣ (Тоҷикистон)Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон (2020)ЖежмаряйПарандаҶадвали электронӣМарлен ДитрихФотеҳ НиёзӣВараҷаЭнергетикаи ТоҷикистонБомдод (намоз)28 мартШириншо ШотемурДонишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ПанҷакентНомҳои Худо дар исломАрманистонШариатҶанги шаҳрвандии РусияАломатҳои роҳМартАбулқосим ЗайнуссолиҳинҶонишинҳои саволӣ872Шӯриши ВосеъТуркистонПучакНикол КидманБедилАврупои ҒарбӣСамарқандМишел БастусГенерал-губернатории ТуркистонЗарфи миқдору дараҷаПуркунандаБаҳористонШоҳаншоҳии КушонӣҲормонВолодимир ЗеленскийЭдуард БернштейнҚаҳрамони Меҳнати СотсиалистӣМолдоваМолдавияРаиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии ТоҷикистонЛоиқ ШералӣБеҳдоштИттиҳоди АврупоҲофизДиди (футболбоз)Бонки миллии ТоҷикистонБурҳонуддини ЗарнуҷӣКорхонаНишони давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонБемориҳои дилКатарина ВиттНазарияи бозии нақшбозӣЗиндагиномаи ҳазрати МуҳаммадМавлоно НосирӣСомониёнКарлос ГерманоИскандари Мақдунӣ🡆 More