Ҷаниншиносӣ

Ҷаниншиносӣ, эмбриоло́гия (аз юн.-қад.

Ҷаниншиносӣ
Эмбрион дар марҳалаи ҳашт ҳуҷайраӣ
Ҷаниншиносӣ
1 — морула, 2 — бластула

Мавзӯи омӯзиши он инкишофи ҷанин ё эмбрион аз лаҳзаи бордоршавӣ, яъне ҳангоми омезиши ҳуҷайраи ҷинсии мардона (нутфа) бо ҳуҷайраи ҷинсии занона (тухмҳуҷайра) то ба охир расидани ташаккули узвҳо (органогенез) мебошад. Дар илми акушерӣ аз ҳафтаи 9-уми инкишоф эмбрион номи ҳамилро мегирад ва давраи аз ҳафтаи 9-уми инкишофи дохилибатнӣ то таваллуд давраи «ҳамилият» номида мешавад.

Омезиши ҳуҷайраҳои ҷинсии мардо­наю занона дар нои бачадон (тухмгузар) сурат мегирад. Тухмҳуҷайраи бордор бо тухмгузар ҳаракат карда, тақрибан рӯзи 6-ум ба бачадон мерасад, ки луобпардаҳои он барои қабули эмбрион тайёранд. Эм­брион дар девораи бачадон, ки минбаъд ҷои рушди он қарор мегирад, ҷойгир мешавад. Рушди эмбрион аз чанд дав­ра иборат аст: тақсимшавии тухм, пай­доиши баргакҳои эмбрионӣ, ҷудошавии мабдаъҳои асосии узву бофтаҳо ва инки­шофи онҳо. Эмбриология ҳамаи давраҳои инкишофи дохилибатниро меомӯзад, тағйири сохти бофтаҳо, ташаккули вазоиф ва аз меъёр дур шудани рушди эмбрионро тадқиқ ме­кунад. Муваффақиятҳои эмбриология имкон дод, ки пайдоиши айбҳо ва нуқсҳои инкишофи модарзодӣ шарҳ ёбанд. Муқаррар карда шудааст, ки дар натиҷаи ба таъсироти за­раровар ҳассосияти баланд доштани эм­брион дар ташаккули узвҳо ва қисмҳои ба­дан ихтилоли устуворе ба амал меояд. Дар тараққиёти эмбрион давраҳои ҳалкунанда (бӯҳрони)-еро ҷудо мекунанд, ки дар ин давраҳо эмбрион ба ҳар гуна таъсирот ҳассос аст; ҳар як узв давраҳои бӯҳронии худ, яъне лаҳзаҳои пуршиддати мубодала­ро дорад. Давраҳои бӯҳронии инкишофи узвҳои асосии инсон ба ҳафтаҳои 3 – 7-уми инкишофи дохилибатнӣ рост меоянд (ниг. Ҳомилагӣ). Таъсироти гуногун сабаби пай­доиши ҳамон як нуқси инкишоф – эмбрио­патия мегарданд. Ташаккули навъи нуқс ба замон ва давомати таъсироти омили зараровар вобаста аст. Барои аз эмбрио­патия эмин доштан, зани ҳомиларо аз таъсири номусоид ҳифз бояд кард. Аз ин ҷиҳат ба маркази мушовараи тиббӣ ҳар чӣ барвақттар муроҷиат кардани вай басо муҳим аст.

Эзоҳ

Адабиёт

Tags:

Забони юнони қадимИлмҶанин

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

ИдрокБедилДавлати ФаластинСоли 2024ИродаПадарБемориҳои чашмЗабони форсӣЭронМухотабҒазалҒунчаҳои захмӣСебЛатифаmxvycТаърихАмнияти миллӣЧилахон ХоловҶопонКитоби сурхҶанги ҷаҳонии дувумТиҷорати интернетӣСаидқул ТурдиевТиҷорати электронӣҚоҳир РасулзодаАмир ОлимхонФеҳристи мамнуъгоҳҳои ТоҷикистонБемориҳои гӯшВаколатномаҲуқуқи мурофиаи ҷиноятӣҶиноятХамсаи Хусрав (дастхат)ФаронсаМикробиологияСаттор ТурсунЗаминФеълНигора ХоловаҚаҳрамони ТоҷикистонПрезиденти ТоҷикистонНомҳои Худо дар исломРоҳи КаҳкашонСомониёнТағйирпазирии ирсӣВазоратҳои Ҷумҳурии ТоҷикистонҶамъияти дорои масъулияти маҳдудАмрикои ҶанубӣОморБемориҳои санги гурдаКонодоЛимӯАҳмади ДонишВирусҳоОсиёи МиёнаВатандӯстӣИбораи рехтаДӯстмурод ҲакимовҚалъаи ҲисорРаҳим ҶалилМантиқМуҳаммадДарсВилоятҳои ТоҷикистонҶуғрофиёГурдаҲизби сиёсӣЗиёуддин ЮсуфЮНЕСКОАфсонаКамоли ХуҷандӣВазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии ТоҷикистонКумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонАпрелКалимаҳои забони тоҷикӣ аз ҷиҳати сохтБемории панкреатитШакли идораи давлат🡆 More