Ярослав Врхлиский

Ярослав Врхли́ский (чехӣ: Jaroslav Vrchlický — тахаллус; ному насаби аслиаш Эмил Фрида, чехӣ: Emil Frida; 17 феврал 1853 (1853-02-17), Лоуни — 9 сентябри 1912, Домажлисе) — шоир, дроманавис, тарҷумони чех, сарвари ба ном мактаби «космополитӣ» дар адабиёти чехӣ.

Ярослав Врхлиский
Ярослав Врхлиский
Ном ба ҳангоми таваллуд: чехӣ: Emil Jakub Frida
Таърихи таваллуд: 17 феврал 1853(1853-02-17)[…] ё 18 феврал 1853(1853-02-18)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 9 сентябр 1912(1912-09-09)[…] (59 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: фаронсавӣ, итолиёӣ, испониёӣ, олмонӣ, полякӣ, забони маҷорӣ, Забони норвегӣ, чехӣ ва инглисӣ
Ҷоизаҳо:
Имзо: имзо
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
Ярослав Врхлиский Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард

Зиндаинома

Донишгоҳи Прагаро хатм кардааст. Аз соли 1893 профессор адабиёти ҳамин донишгоҳ. Ярослав Врхлицкий ба Итолиё ва дигар кишварҳои Аврупо сафар карда, адабиёти он кишварҳоро меомӯхт ва чун донандаи адабиёти ҷаҳонӣ шинохта шуд. Ӯ чун мутахассис — донандаи адабиёти ҷаҳон унвони доктор гирифта буд. Муаллифи тақр. 100 ҷилд асар. Беҳтарин асарҳои В. дар маҷмӯаи «Манзумаҳои рустоӣ» (1885) ба чоп расидаанд, ки асосан ба муборизаи озодихоҳонаи заҳматкашони чех дар асрҳои 17-18 бахшида шудаанд. Дар ашъораш зиндагӣ, табиат, ишқу муҳаббатро васф намудааст. Ба забони чехӣ асарҳои Данте, Т. Тассо, Л. Ариосто, Ҷ. Байрон, Ф. Шиллер, И. В. Гёте, Ш. Петефиро тарҷума кардааст. В. ба адабиёти форс-тоҷик ва навъҳои шеъри он таваҷҷуҳи хосса дошт. Бар асари илҳом аз шеъри форс-тоҷик вай 115 ғазал эҷод кардааст. Ҳамроҳ бо эроншинос Яромир Кошут маҷмӯае бо номи «Аз девони Ҳофиз» (1881) ба чоп омода намуд, ки ба он 66 ғазал, 14 қитъа, 53 рубоӣ ва порчаҳо аз «Соқинома» ва «Муғаннинома» дохил шудаанд. Ашъори Ҳофиз ба эҷодиёти В. таъсир гузоштааст. Ӯ дар пайравии Ҳофиз чанд шеър гуфтааст.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
  • Большая советская энциклопедия. Т. 4. М., 1971.

Сарчашма

Tags:

Ярослав Врхлиский ЗиндаиномаЯрослав Врхлиский ЭзоҳЯрослав Врхлиский АдабиётЯрослав Врхлиский СарчашмаЯрослав Врхлиский17 феврал9 сентябрЗабони чехӣСоли 1853Соли 1912ТарҷумонТахаллусШоир

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Умари ХайёмАгентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии ТоҷикистонЛибоси миллии тоҷиконАрасту1 майХилофати УмавиёнТаҳлили регрессияҶонишин (дастури забон)АндозРаҳмонали СафарализодаАкадемияи миллии илмҳои ТоҷикистонҶонишинҳои ишоратӣСифатПомирХазинаи АмударёАбдулқодирхоҷаи СавдоСурайё ҚосимоваГулназар КелдӣХати паҳлавӣКитобхонаУзвҳои таносули занонаMicrosoft WindowsИсфараHTMLАкадемияи хурди илмҳои Ҷумҳурии ТоҷикистонИттиҳоди ШӯравӣИдҳои ТоҷикистонВазорати маориф ва илми Ҷумҳурии ТоҷикистонШакли идораи давлатАфканишотҲизби аграрии ТоҷикистонМаориф дар ТоҷикистонСиёсатномаВикиЗичии аҳолӣБиосенозАфғонистонӮзбекистонҶиноятЗукомТемурмаликУқёнуси Яхбастаи шимолӣСуҳробКалимаҳои забони тоҷикӣ аз ҷиҳати сохтБармакиёнКитобЮНЕСКОФеҳристи мамнуъгоҳҳои ТоҷикистонҚарзАндоз аз молу мулки ғайриманқулҶалолуддини БалхӣТоҷикон (китоб)Руслан СаликовФотеҳ НиёзӣБаландии мутлақСадонокҳоСубҳи ҷавонии моҲуқуқи гумрукӣАбдуллоҳ Мусаввири ХуросонӣБомдод (намоз)МеҳргонОсиёТӯфонИсмоили СомонӣСпитаманСомонАртиши СурхКабкФарҳанги забони тоҷикӣСарезАбдуллоҳи РаҳнамоВилояти СуғдГенерал-губернатории ТуркистонДавлати ФаластинҲизби сотсиалистии ТоҷикистонДонишномаЗарфи замон🡆 More