Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ: Уқёнус

Уқёнуси Яхбастаи шимолӣ — хурдтарин уқёнуси кураи Замин аз ҷиҳати масоҳат буда, дар байни қитъаҳои Авруосиё ва Амрикои Шимолӣ воқеъ гаштааст.

Масоҳаташ 13,1 млн км²; ҷойи аз ҳама чуқураш 5527 м (баҳри Гренланд). Ҷазираҳои бисёре дорад: Гренландия, Галаҷазираи Арктикии Канада, Шписберген, Замини Нав, Замини Шимолӣ ва ғайра. Масоҳати умумии ҷазираҳо 4 млн км² аст. Ба уқёнус дарёҳои калони Двинаи Шимолӣ, Печора, Об, Енисей, Хатанга, Лена, Индитирка, Колима, Макензи ҷорӣ мешаванд.

Уқёнуси Яхбастаи шимолӣ
?
Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ: Уқёнус
Ҷойгиршавӣ
Парвандаҳо дар Викианбор

Аз рӯи хусусиятҳои табиию ҷуғрофӣ Уқёнуси Яхбастаи шимолӣ ба се ҳавза — Аврупои Шимолӣ, Арктика ва баҳрҳои канории Арктика тақсим мешавад. Баҳрҳои канории Арктика (Кара, Лаптевҳо, Сибири Шарқӣ, Чукот, Бофорт, Баффин), халиҷи Гудзон ва гулӯгоҳҳои Галаҷазираи Арктикии Канада асосан дар ҳудуди шелф (тунукоба) ҷойгир шудаанд. Релефи қаъри уқёнус аз шелф (бараш то 1200—1300 км), нишебии ростфуромадаи қитъавӣ ва буни уқёнус иборат аст. Буни уқёнусро қаторкӯҳҳои зериобии Гаккел, Ломоносов ва Менделеев — Алфа ба ҳавзаҳои чуқуроб ҷудо кардаанд. Иқлимаш арктикист. Зимистон 9/10 ҳиссаи акваторияи Уқёнуси Яхбастаи шимолӣ бо яхҳои шинокунанда пӯшида мешаванд. Ба Уқёнуси Яхбастаи шимолӣ намудҳои набототу ҳайвоноти арктикӣ ва атлантики хос аст. Дар Уқёнуси Яхбастаи шимолӣ моҳӣ, тюлен, морж ва дигар ҳайвонҳоро шикор мекунанд. Боркашонӣ асосан бо Роҳи баҳрии шимолӣ (ИҶШС) ва Гузаргоҳи шимолу ғарбӣ (ИМА ва Канада) сурат мегирад. Муҳимтарин бандарҳо: Мурманск, Архангелск, Диксон, Певек (ИҶШС), Тромсё, Нарвик (Норвегия), Черчиял (Канада) мебошанд.

Эзоҳ


Уқёнусҳо
Атлантик | Ҳинд | Яхбастаи шимолӣ | Ором | Ҷанубӣ

Tags:

АвруосиёАмрикои ШимолӣГалаҷазираи Арктикии КанадаЗаминУқёнус

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

УқёнусЮнонСурхакКуруши БузургШоҳаншоҳии КушонӣҲафт муъҷизаи оламИттиҳоди ШӯравӣНависандаТаърихХати лотинӣЗанбӯруғХуҷандИспанияТасаввуфАмалиёти бонкӣАлмосПарандаГиёҳИммунитетБарномаи таълимӣУбайд РаҷабСурхрӯдаMediaWikiИҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонПайвандак (дастури забон)ҲамадонЗабоншиносӣСимурғҲамлаи Эрон ба Исроил (2024)Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»Аломатҳои роҳ дар ТоҷикистонУзвҳои таносули занонаШоҳаншоҳии СосонӣСаидмурод ДавлатовАндоз аз арзиши иловашудаҶонишинҳои нафсӣФеъл (дастури забон)Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии ТоҷикистонАннотатсияҲастишиносӣИсфараВазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии ТоҷикистонФеҳристи баландтарин қуллаҳои ЗаминАломатҳои роҳФарҳанги тафсирии забони тоҷикӣТабхолТаваррумБозор СобирЭраҷ МирзоДавлати СалҷуқиёнБонки тиҷоратӣАҳроми МисрМактабСадриддин АйнӣҶӯрабек НазриевИёлоти Муттаҳидаи АмрикоВазорати маориф ва илми Ҷумҳурии ТоҷикистонСӯзокАморати БухороГули хайрӣАбулқосим ЛоҳутӣАлюминийАбушакури БалхӣНай (сози мусиқӣ)5 октябрКитобМушхор (ҷинси рустанӣ)Андози мустақимВладимир ЛенинДонишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ПанҷакентАминҳоСубҳон Саидов🡆 More