Юрий Бондарев

Бондарев Юрий Василевич (15 март 1924, Орск, губернияи Оренбург — 29 март 2020, Маскав) — нависандаи рус.

Ширкаткунандаи ҶБВ (1941—1945) аз августи 1942. Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1984).

Юрий Бондарев
русӣ: Юрий Васильевич Бондарев
Юрий Бондарев
Таърихи таваллуд: 15 март 1924(1924-03-15)[…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 29 март 2020(2020-03-29) (96 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: нависанда, филмноманавис, насрнавис, филмноманависи синамо
Жанр: румон, повест[d], қисса[d] ва ҷустор
Забони осор: русӣ
Ҷоизаҳо:
Юрий Бондарев Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

Хатмкардаи Институти адабиёти ба номи М. Горкий (1951). Ҳикояҳои нахустинаш соли 1949 дар матбуот чоп шудаанд. Маҷмӯаи нахустинаш — «Дар дарёи калон» (1953), повести нахустинаш — «Командирони ҷавон» (1956). Мавзӯи асосии эҷодиёти Юрий Бондарев дар ҳикояҳо, повестҳо ва романҳояш ҶБВ (1941-45) мебошад. Дар повестҳои «Баталйонҳо ба ҳуҷум кардан даъват мекунанд» (1957), «Тирборони охирин» (1959), романи «Барфи гарм» (1969) ва ғ. Юрий Бондарев қаҳрамониҳои аскарон, афсарон, генералҳои шӯравӣ, инчунин авзои рӯҳии онҳоро бо маҳорати баланд тасвир намудааст. Дар романҳои «Хомӯшӣ» (1962) ва идомаи он — романи «Ду нафар» (1964) воқеаву ҳодисаҳои давраи баъд аз ҷанг, саргузашти қаҳрамонони ба давраи осоиш расида ва мавқеи худро дар зиндагӣ ҷустани онҳо инъикос ёфтааст. Дар ҳикояҳои маҷм. «Шомгоҳ» (1962), повести «Хешовандон» (1969) Юрий Бондарев аз зиндагию омоли ҷавонони шӯравӣ ҳикоя кардааст. Юрий Бондарев яке аз муаллифони сенарияи филми «Озодӣ» (1970, дорандаи Мукофоти ленинӣ, 1972) мебошад. Дар романи тетралогия (чоргона)-и «Соҳил» (1975, Мукофоти давлатии ИҶШС, 1977), «Интихоб» (1980; Мукофоти давлатии ИҶШС, 1983), «Бозӣ» (1985), «Санҷиш» (1991) масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавии давр (солҳои 70-80 замони шӯравӣ) матраҳ гардидаанд. Дар ин асарҳо инчунин мавзӯи ҶБВ (1941-45) яке аз мавзӯъҳои асосӣ мебошад. Умуман дар тамоми осори Юрий Бондарев низоъҳои драмавии тезу тунди маънавӣ, иҷтимоӣ ба миён гузошта шудаанд. Аз рӯйи асарҳои Юрий Бондарев «Тирборони охирин» (1961), «Хомӯшӣ» (1964), «Соҳил» (1984), «Барфи гарм» (1972) филмҳо офарида шуда, пешкаши тамошобинони собиқ ИҶШС гардида буданд.

Юрий Бондарев дар анвои дигари адабӣ — эссеҳои импрессионистӣ «Лаҳзаҳо» (1977-82), романи публитсистӣ дар мавзӯи рӯз «Салоҳиятҷӯӣ» (1994-96), китоби андешаҳо оид ба мавқеи адабиёт дар раванди таърих «Ҷустуҷӯи ҳақиқат» (1976) ва ғ. низ асарҳо офаридааст.

Ордену ҷоизаҳо

Бо ду ордени Ленин, орденҳои Револютсияи Октябр, Байрақи Сурхи Меҳнат, Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи II), «Нишони Фахрӣ» сарфароз гадидааст.

Эзоҳ

Адабиёт

Tags:

Юрий Бондарев ЗиндагиномаЮрий Бондарев Ордену ҷоизаҳоЮрий Бондарев ЭзоҳЮрий Бондарев АдабиётЮрий Бондарев15 март29 мартd:Q392133d:Q47166d:Q700555МаскавНависандаСоли 1924Соли 2020

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Ҷадвали даврии унсурҳои кимиёӣЭнергетикаи ТоҷикистонПокистонТабиатСаҳеҳи БухорӣҲақназар ҒоибБипаша БасуСилсиланеругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи ВахшАмаду ЖоржиМодемРадиои Аврупои Озод/Радиои ОзодӣҲуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандВазифаи ҳифзи табиатТВ Илм ва табиатАбдулҳақ БетобҶадвали электронӣРубоиёти ХайёмБобоҷон Ғафуров28 ЯнварФизиологияВитаминҳоРибосомаРӯзи ҒалабаПабло ИнфантеАҷамТахачИҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонТемуриёнҶигарМирсаид МиршакарХокБарномаи компютерӣАбдурраҳмони ҶомӣЭшони НуриддинҷонВазорати мудофиаи Ҷумҳурии ТоҷикистонАл-ҚонунВебЮлио БаптистаРамазон РаҳимзодаҲуҷайраНишони ТоҷикистонТасаввуфВоҳиди мавҳумПешоянд ва пасояндҳо (дастури забон)Рӯзи парчами давлатии ТоҷикистонЯҳудиятМусулмонКалимасозӣАндози заминНерӯи ҳавоии Иёлоти Муттаҳидаи АмрикоИсмДэвид ПисарроСосониён26 ИюнМеъёрҳои муносибатҳои шаҳвонӣ дар ИсломГенМанчестер СитиШириншо ШотемурФалсафаIPhoneЭмомалӣ РаҳмонТранзисторЗабони ҷоваӣҲуқуқҳои шаҳрвандИсмоили СомонӣВилоятҳои ТоҷикистонБонки миллии ТоҷикистонВолейболМошинсозӣШоҳроҳи АбрешимАср (намоз)Ческе-БудейовитсеБандак (забоншиносӣ)Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии ТоҷикистонБирмингем (Алабама)АсетиленЭволютсияХадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон🡆 More