Рамзи Мушаххаси Субъекти Худидоракунӣ

Рамзи мушаххаси субъекти худидоракунӣ (олмонӣ: Amtlicher Gemeindeschlüssel) — пайдарпаии ададист, ки барои муайян кардани мушаххасоти худидоракунии баъзе кишварҳо (Олмон, Австрия, Швейтсария) истифода мешавад.

Инчунин системаҳои дигаре ҳастанд, ки барои муайян кардани минтақаҳо истифода мешаванд (индекси почта, NUTS).

Олмон

Дар Олмон рамзҳои мушаххаскунӣ асосан барои мақсадҳои оморӣ истифода мешаванд ва аз ҷониби идораҳои омори заминӣ дода мешаванд.

Рамзи мушаххас дар Олмон аз 8 рақам иборат аст. Ду рақами аввал заминро нишон медиҳад, сеюм — ноҳияи маъмурӣ. Дар он заминҳое, ки ноҳияҳои маъмурӣ нестанд, рақами сеюм 0 аст (ба истиснои заминҳои Райнланд-Пфалс, Саксония-Анҳалт ва Саксонияи Поёнӣ, ки ин равияро ба наздикӣ барҳам дода буданд). Рақамҳои чорум ва панҷум ҳавза (шаҳристон) ё шаҳри тобеи замин, шашум, ҳафтум ва ҳаштумро нишон медиҳанд — субъекти воқеии ҳокимияти маҳаллиро нишон медиҳанд.

Намунаҳо

08 1 11 000 — Штуттгарт

  • 08 — замини Баден-Вӯрттемберг
  • 1 — ҳавзаи маъмурии Штуттгарт
  • 11 — шаҳри тобеи заминии Штуттгарт
  • 000  — (ҳамчун шаҳри тобеи давлатӣ, Штуттгарт тақсимоти минбаъда надорад)

05 1 58 004 - Эркрат

  • 05 — замини Райн-Вестфалияи Шимолӣ
  • 1 — ҳавзаи маъмурии Дюсселдорф
  • 58 — ҳавзаи Меттман
  • 004 — шаҳри Эркат

Заминҳои федералӣ

Заминҳои федералӣ аз шимол ба ҷануб (1-9), бо тартиби хронологии ҳамроҳшавӣ ба Ҷумҳурии Федеративии Германия (10) ва бо тартиби алифбо (11-16) рақамгузорӣ карда мешаванд.

Пайвандҳо

Австрия

Сохтор

Рамзи мушаххас дар Австрия аз 5 рақам иборат аст. Рақами аввал замини федералиро нишон медиҳад (бо тартиби алифбо), дуюм ва сеюм – ҳавза (шаҳристон), чорум ва панҷум — субъекти воқеии ҳокимияти маҳаллиро.

Намунаҳо

3 25 21 — Раппоттенштайн

9 07 01 — Вена, 7. Нойбау

  • 9 — Вена
  • 07 — Нойбау (ноҳияи 7-уми Вена)
  • 01 

Заминҳои федералӣ

Пайвандҳо

Швейтсария

Сохтор

Рамзҳои мушаххас дар Швейтсария, ки аз ҷониби Идораи омори Швейтсария бароварда мешаванд, аз як то чор рақам мебошанд ва мувофиқи тартиби расмии кантонҳо, ҳавзаҳо ва ҷамоатҳо пай дар пай таъйин карда мешаванд.

Ҳамчунин нигаред

  • Рамзи OKATO

Tags:

Рамзи Мушаххаси Субъекти Худидоракунӣ ОлмонРамзи Мушаххаси Субъекти Худидоракунӣ АвстрияРамзи Мушаххаси Субъекти Худидоракунӣ ШвейтсарияРамзи Мушаххаси Субъекти Худидоракунӣ Ҳамчунин нигаредРамзи Мушаххаси Субъекти ХудидоракунӣАвстрияЗабони олмонӣОлмонСуис

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Қаҳрамонии ШеракМуассисРежими сиёсӣТоҷмаҳалАксизҲиссаҳои нутқНерӯгоҳи барқи обии РоғунҶоэл CантанаБаҳоуддини НақшбандСубҳи ҷавонии моЗарафшондарёЧарлз ДарвинМаҳмудҷон ВоҳидовАргентинаВахшБоғи миллии ТоҷикистонПошхӯрии Иттиҳоди ШӯравӣТаърихи ТоҷикистонУзвҳои таносули мардонаВазорати адлияи Ҷумҳурии ТоҷикистонНамангонДонишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ТоҷикистонЛатифаҶаҳонишуданҲусайн Воизи КошифӣРоботАмир ОлимхонЯхдонТурсун ӮлҷабоевСосониёнХилофати АббосиёнБоғдорӣӮзбекистонАлишер Абдуллоев (варзишгар)ЛӯбиёМучалАломатҳои роҳМолияи давлатӣЧилдухтарон (кӯҳ)Абурайҳони БерунӣРустами ЭмомалӣДаҳаи 1970БуддоияТоҷиконШоҳаншоҳии СосонӣПайвандакҳои тобеъкунандаДавлати Суғди қадимХонигарии БадахшонКитоби МуқаддасХонадони СомониёнПудинаБемориҳои дилКитобСиёсатшиносӣҲафт муъҷизаи оламАтмосфераи ЗаминАтлантаҚирғизистонИқлимШоҳномаАъзои ҷумлаДавлати ФаластинНамози қасрСартарошРӯзи ваҳдати миллӣ (Тоҷикистон)Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣЭронНоҳияҳои ДушанбеУкроинРене ДекартМикронезияМаҷмӯъи маҳсулоти дохилӣАритмияи дилСурхакБемории вабо🡆 More