Берлин

Берли́н (олмонӣ: Berlin , талаффуз (итт.)) — пойтахт ва яке аз шаҳрҳои калонтарини Олмон.

Шаҳр
Берлин
Berlin
Баракси гардиши ақрабаки соат, шурӯъ аз кунҷи болоии рост: Манораи телевизионии Берлин, Калисои ҷомеи Берлин, Шарлоттенбург, Дарвозаи Бранденбург, Рейхстаг, Нигористони қадимаи миллӣ
Баракси гардиши ақрабаки соат, шурӯъ аз кунҷи болоии рост: Манораи телевизионии Берлин, Калисои ҷомеи Берлин, Шарлоттенбург, Дарвозаи Бранденбург, Рейхстаг, Нигористони қадимаи миллӣ
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Кишвар Олмон
Замин Берлин
Роҳбар Kai Wegner[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 1237
Аввалин номбарӣ 1237 ва 1244
Масоҳат 4.115 км²
Высота НУМ 34 ± 1 м
Навъи иқлим мӯътадил
Минтақаи замонӣ {{{минтақаи замонӣ}}}
Аҳолӣ
Аҳолӣ 3.669.491 тан (31.12.2019)
Зичӣ 4.115 тан/км²
Агломератсия 6 177 535
Миллият олмониҳо — 89 %,
миллатҳои дигар — 11 % (2011)
Номи қавмӣ берлиниҳо, берлинӣ
Забони расмӣ олмонӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +49 30
Нишонаи почта 10115–14199
Коди мошин B
berlin.de
Берлин Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷуғрофиё

Дар андароби дарёҳои Шпре ва Хафел воқеъ буда, ба воситаи наҳрҳои киштигард бо Баҳри Шимолӣ ва Баҳри Балтика мепайвандад. Аҳолиаш 3479740 нафар (2011), асосан олмониҳо (86%) ва миллатҳои гуногун (14%; полякҳо, туркҳо ва русҳо). Масоҳ. 891,85 км2. Зичии аҳолӣ 3848 нафар/км2. Маркази бузургтарини нақлиётӣ; яке аз марказҳои асосии нақлиётии Аврупо, роҳи оҳани миллӣ (15 хатти сайр) ва роҳҳои худрав, бандари муҳимми дарёии мамлакат. Дорои ду фурӯдгоҳи байналмилалӣ (Тегел, Шёнефелд) аст.

Таърих

Берлин дар садаи XIII аз ду маҳалла ба вуҷуд омада, соли 1307 ба шаҳр табдил ёфтааст. Соли 1486 пойтахти Бранденбург, дертар Пруссия. Дар ҷанги сездаҳсолаи 1618–48 хароб гардид. Дар нимаи дуюми садаи XVII ва нимаи аввали садаи XVIII аз нав бунёд карда шуд. Ҳангоми ҷанги ҳафтсола (1756–63) аз тарафи сипоҳиёни русу утришӣ соли 1760 ишғол карда шуд. Дар аввали садаи XIX ҳангоми ҷанги Наполеон аз тарафи лашкариёни фаронсавӣ тасарруф гардида, соли 1833 аз нав ба дасти сипоҳиёни рус баргашт. Солҳои 1848–49 Берлин ба яке аз марказҳои асосии инқилоби Олмон табдил ёфт. Соли 1871, баъди муттаҳидшавии давлатҳои Олмон бо империяи он, Берлин пойтахти империяи Олмон гардид. Дар ибт. садаи XX ба маркази бузургтарини саноатӣ, молиявӣ ва тиҷоратии Олмон мубаддал гашт. Дар давраи инқилоби ноябрии соли 1918 ҷумҳурӣ эълон карда шуд. Солҳои 1933–45 пойтахти «рейхи сеюм»-и фашистон буд. 2 майи 1945 Берлин аз тарафи сипоҳиёни шӯравӣ пурра ишғол карда шуд. 8 майи 1945 дар Берлин Созишномаи таслими бечунучарои Қувваҳои мусаллаҳи Олмон ба имзо расид. Мувофиқи ин созишномаи байни ширкатдорони иттиҳоди зиддигитлерӣ – ИҶШС, ИМА, Британияи Кабир ва Фаронса Берлин ба 4 бахш тақсим шуд. Майи 1949 дар се бахши қисми ғарбии Берлин низоми ишғолии ҳокимияти ғарбӣ ҷорӣ гардид. Дар қисми шарқии Берлин, ки сипоҳиёни шӯравӣ қарор доштанд, бо ихтиёри худи меҳнаткашон 1.10.1949 ҶДО эълон шуд ва Берлин мувофиқи сарқонун пойтахти он таъйин гашт. Шаҳр ба ду қисм ҷудо шуд: Берлини Демократӣ (пойтахти ҶДО) ва Берлини Ғарбӣ (пойтахти ҶФГ). Соли 1961 байни Берлини Ғарбӣ ва Берлини Шарқӣ силсилаи иншооти масдудкунанда (Девори "оҳанин"-и Берлин) бунёд гардида, бо қарори ҳукумати ҶДО ва роҳбарияти шӯравӣ равуои бемамониати байни шаҳрвандони ҶДО ва ҶФО манъ карда шуд. Соли 1990 баъди якҷоя гаштани Олмон ин девор аз байн бардошта шуд. Дастгоҳи Президенти Олмон соли 1994 аз Бонн ба Берлин кӯчид.

Аҳолӣ

Сол Шумора
1250 1 200
1307 7 000
1400 8 500
1450 7 000
1576 12 000
1600 9 000
1631 8 100
1640 7 500
1648 6 000
1680 10 000
1685 17 000
Сол Шумора
1688 19 000 ± 0
1750 113 289
1775 136 137
1800 172 132
1801 172 988
1825 219 968
1852 401 972
1900 1 888 848
1910 2 071 257
1920 3 879 409
1930 4 332 834
Сол Шумора
1940 4 330 810
1950 3 336 026
1960 3 274 016
1970 3 208 719
1980 3 048 759
1990 3 433 695
2000 3 382 169
2011 3 326 002
2012 3 375 222
2015 3 490 105
2014 3 469 849
Сол Шумора
2016 3 574 830
2017 3 611 222
2017 3 613 495
2018 3 644 826
2019 3 644 826
2021 3 664 088
2021 3 677 472
2022 3 677 472
2022 3 755 251

Саноат

Имрӯз Берлин яке аз марказҳои муҳими саноатӣ ва илмию фарҳангии Олмон ба ҳисоб меравад. Дар соҳаи саноати Берлин 900 корхонаҳои хурду бузург фаъолият доранд. Дар баробари соҳаҳои анъанавӣ (мошинсозӣ, электротехника, кимиё, дорусозӣ ва табъу нашр), инчунин соҳаи навтарини истеҳсолот, телекоммуникатсия, таҷҳизоти тиббӣ, биотехнология ва ВАО ривоҷ ёфтааст. Зиёда аз 30 ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонии Олмон, ки бо тамғаи DАХ истеҳсол мекунанд, дар Берлин қароргоҳи худро доранд. Аз ҷумла «Сименс», «Телеком», «Шинулер», «Даймлер-Крайслер», «БМВ» ва ғ. Берлин маркази фаъолияти табъу нашр буда, зиёда аз 500 ширкати ин соҳа, 80 агентии тарғиботи рекламавӣ, 30 пойгоҳи радиоӣ, 12 ширкати филмсозӣ дар он фаъолият доранд. Дар соҳаи технологияи рақамӣ Берлин ба савияи баландтарин дар ҷаҳон ноил гардидааст. Нақлиёти асосии шаҳрӣ метрополитен ва роҳи оҳани байнишаҳрӣ буда, мувофиқан 180,1 ва 327,4 км тӯл кашидааст.

Ёдгориҳои меъморӣ

Ёдгориҳои меъмории қадими Берлин: Калисои готикии Николай (1230–1470), Қасри Белвю (1785, ҳоло Қароргоҳи Президент), дарвозаи Бранденбург (рамзи Берлин, 1788–91), як қатор биноҳои охири садаи 19: сутуни Ғалаба (1872–73), Рейхстаг (1884–94).

Маорифу фарҳанг

Дар Берлин зиёда аз 20 мактаби олӣ, аз ҷумла 4 донишгоҳ, институтҳои санъат, маҳорати актёрӣ, мусиқӣ, Институти кино ва телевизиони ба номи К. Волф, Мактаби олии католикии Берлин, Мактаби олии техникии Берлин ва ғ. фаъолият доранд. Дар Берлин 250 муассисаи таҳқиқоти илмии давлатӣ ва хусусӣ, 131 китобхона, осорхонаҳои давлатӣ: Осорхонаи таърихи халқи Олмон, осорхонаи кишваршиносӣ, осорхонаи Боде (1903), осорхонаи созҳои мусиқӣ, осорхонаи санъати амалӣ, нигористони миллӣ, 4 расадхона мавҷуд аст. Берлин ҳоло маркази бузурги сайёҳии фарҳангӣ-маърифатӣ ва намоишгоҳҳои байналхалқӣ аст.

Эзоҳ

Адабиёт

Пайвандҳо

Tags:

Берлин ҶуғрофиёБерлин ТаърихБерлин АҳолӣБерлин СаноатБерлин Ёдгориҳои меъморӣБерлин Маорифу фарҳангБерлин ЭзоҳБерлин АдабиётБерлин ПайвандҳоБерлинDe-Berlin.oggАкс:De-Berlin.oggАлифбои овонигории байналмилалӣЗабони олмонӣОлмонПойтахт

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Хабар (дастури забон)Давлати СаффориёнБофтаМасоҳатРӯзи забони давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонЛаппишПешояндАёниятКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонВеби ҷаҳонгустарДавлати СалҷуқиёнИнсонВилоятҳои ТоҷикистонСулҳНоҳияи ҶайҳунҚазоқистонСифати аслӣСаҳеҳи БухорӣЮнони БостонИсломҶалолуддини БалхӣШириншо ШотемурИсм (дастури забон)Гардиши хунТаърихи ЭронУқобВакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонЭнергетикаи ТоҷикистонОинномаШеракПуркунандаКонвенсияи ҳуқуқи кудакРутбаҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии ТоҷикистонГармигунҷоишЗоғи алоЁддоштҳо (Айнӣ)АфриқоГурҷистонРӯдакӣҲуқуқи оилавӣНоҳияи Бобоҷон ҒафуровЛаклакЭнергияЗарбКафшиёти бузурги ҷуғрофиёӣАбулвайс АзизовНоҳияи ПанҷШоҳаншоҳии АшконӣАрастуБемориҳои асабАбдуллои СултонХадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонҲизбҳои сиёсии ТоҷикистонСиғаҳои феълДавлати ҳуқуқбунёдФунксияҳои тригонометрӣХаритаПадарҶонишинҳои шахсӣМуҳаммадБалоғат (суханварӣ)Шакли идораи давлатКӯлҳои ТоҷикистонОлами ҳайвоноти ТоҷикистонТаърихи ТоҷикистонНомаИосиф СталинҶонишинҳои таъйинӣИқболи ЛоҳурӣЗаминТемуриёнНоҳияҳои ТоҷикистонИсоБуддоияНикоҳЧилдухтарон (кӯҳ)🡆 More