Атланта

Шаблон:Шаҳрҳои ИМА

АТЛÀНТА (анг. Atlanta) — шаҳр дар ИМА, пойтахти иёлати Ҷорҷия. Атланта дар пуштакуҳи Пидмонт, доман­кӯ­ҳи Аппалачи ҷойгир аст. Маркази муҳимми тиҷоратию саноатӣ дар ҷануби ИМА. Масоҳаташ 343 км2, аҳо­лиаш 520 ҳазор нафар (2010), бо агломератсия (ҳаволӣ) зиёда аз 5,5 млн нафар.

Аҳолӣ

Аҳолӣ аз 61,1% амри­коиҳои африқоинажод, 33,61% са­фед­пӯстон, 2,93% осиёиҳо, 0,18% ҳиндиёни таҳҷоӣ ва ғайра иборат аст.

Иқтисодиёт

Атланта дорои шабакаи калони роҳи оҳан, се шоҳроҳи автомобилии бай­нииёлатӣ (маҳалли ҳамдигар­ро буриданашон дар Атланта), аэропорти байналмилалии Харт­с­филд ва дигарон фурудгоҳҳои хурд (парвоз дар сайр­хатҳои дохилииёла­тӣ), метрополитен, 193 сайрхатти ав­то­бусӣ ва ғайра мебошад. Соли 1837 бо оғози сохтмони роҳи оҳании «Вестерн энд Атланта» чун қаряи Тёрминдс арзи ву­ҷуд карда, аз соли 1843 Мартасвил ва аз соли 1845 Атланта (аз исми роҳи оҳан) ном гирифт. Аз соли 1847 – шаҳр. Солҳои 60 садаи XX Атланта яке аз мар­казҳои мубориза барои ҳуқуқҳои табааӣ (фаъо­лияти Мар­тин Лютер Кинг) гардид. Ҳоло Атланта маркази байналмилалии тиҷорат, макони корхонаҳои бузурги саноати автомобил («Ҷене­рал Моторс» ва «Форд»), саноати авиатсионӣ ракетавию кай­ҳонӣ (дар шаҳраки Мариетта), радиоэлектронӣ, ки­миё, селлюлозаю коғаз, инчунин қароргоҳи ширкатҳои «Кока-Кола», «Тёрнер Брод­кастинг Систем», ширкатҳои авиатсионии «Делта Эйр­лайнз», «Ҷорҷия Пасифик Кор­порэйшн» мебошад. Маркази CNN (бо студияҳои телевизиониаш) низ дар Атланта қарор дорад.

Меъморӣ

Атланта 
Маркази шаҳр

Биноҳои асосии Атланта пештар ка­мошёна буданд, аз солҳои 60 садаи XX маркази шаҳр бо услубҳои замонавии «ҳайтэк», модерн ва постмодерн бино шуда, маҷмӯи иморатҳои «осмонхарош»: марказҳои тиҷоратии Пичтри-Сентр-1 (67 ошёна), Уэстин-Пичтри-Плаза (71 ошёна) ва ғайра қомат афрохтанд. Бинои Бонки Американ-Плаза 312 метр баландӣ дорад.

Фарҳанг

Дар Атланта Маркази миллӣ-таърихии М. Л. Кинг (бо хона ва марқадаш), Осорхонаи инфиродии нависанда Д. Ч. Ҳаррис, дониш­гоҳ­ҳои Эморӣ, Атланта, Ог­леторп, донишкадаи технологӣ, Маркази илмии Фернбанк, осорхонаи санъати нафиса, осорхонаи Кока-Кола, толори мусиқии симфонӣ, маркази санъати муосири «Нексус» ва ғайра ҷойгиранд. Соли 1996 дар Атланта Бо­зи­ҳои тобистонаи олимпӣ (ба муносибати 100-солагии ҳара­кати олим­пӣ) баргузор гардид. Марти 2008 дар Атланта тӯ­фони шадиди навъи EF-2 рух дода, ба Филипп-Арена, Парки олимпӣ, Маркази CNN ва Конгресс-Сентр зарари калон расонд. Дар наздикии Атланта сахраи бузурги Стоун-Маунтин ҳаст, ки дар он симоҳои пешвоёни конфедератсияи давраи Ҷанги шаҳрвандии с-ҳои 1861–1865 ҳаккокӣ шудаанд.

Сарчашма

Tags:

Атланта АҳолӣАтланта ИқтисодиётАтланта МеъморӣАтланта ФарҳангАтланта СарчашмаАтланта

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

МикробиологияШартномаи меҳнатӣГулрухсор СафиеваЗабони олмонӣКалимаҶумҳурии Исломии АфғонистонСадриддин АйнӣАдабиёти бадеӣПулпитИнтернетИбни СиноТаҳияи масҷидЁдгори ЗариронНизоми бонкии ТоҷикистонҲахоманишиёнИзатулло Ғаниев5 октябрМаҷмӯъи маҳсулоти дохилӣАнгиологияАбдурраҳмони ҶомӣЭнергетикаи ТоҷикистонНамози қасрҶашни СадаФеҳристи паррандагони Китоби сурхи ТоҷикистонГенСалмони ФорсӣАфғонистонБемориҳои гӯшШӯриши ВосеъГенерал-губернатории ТуркистонСомониёнISO 3166-1Нерӯгоҳи барқи обии РоғунСутунмуҳраПойгоҳи додаҳоРӯзи забони давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонАнгурДавлати ҲайтолиёнПаймони миллии ТоҷикистонТВ Илм ва табиатСистемаи шошаю таносулМусулмонВақти Ҳамоҳангсозии ҶаҳонӣПарки ҳавоии РиҷИттиҳоди АврупоҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»Титан (қамар)Сотим УлуғзодаҶанги Бузурги ВатанӣМарокашСаразмАнтонимҳоФизикаНақлиёт дар ТоҷикистонТаърихи ЭронАнгишт21 мартНусратулло МахсумБинӣАфсона15 декабрДонишгоҳи Калифорния дар БерклӣПешояндСиёсатшиносӣ23 сентябрСоли 2023АминокислотаҳоГурдаРамазонЗиндагиномаи ҳазрати МуҳаммадҶанги СардWindows XP🡆 More