Барои Адабиёти Сотсиалистӣ

«Барои адабиёти сотсиалистӣ» («БАС») — маҷаллаи ҳармоҳаи адабии нависандагони Тоҷикистон.

Таърих

Маҷалла аз августи 1935 то октябри 1937 дар заминаи маҷаллаи «Раҳбари дониш» (1927-1932) нашр шудааст. Аз соли 1938 «Шарқи сурх» ном гирифт. Нашри «Барои адабиёти сотсиалистӣ» мувофиқи қарори КМ ВКП (б) аз 23 апрели соли 1932 «Дар бораи азнавсозии ташкилотҳои адабӣ-бадеӣ» ба роҳ монда шуда буд. Дар шумораи 1-уми «Барои адабиёти сотсиалистӣ» қарори зикршуда, манзумаи Пайрав Сулаймонӣ «Ба миллитаристони Япония», мақолаи Ғанӣ Абдулло «Барои танқиди болшевикона» ва шеъру мақолаҳои дигар адибони тоҷик ба табъ расиданд. Соли 1934 ба муносибати ҳазораи Ҳаким Фирдавсӣ дар «Барои адабиёти сотсиалистӣ» мақолаҳои пурмӯҳтавои Садриддин Айнӣ («Фирдавсӣ ва „Шоҳнома“-и ӯ»), Бектош («Абдулқосими Фирдавсӣ»), Фитрат («Фирдавсӣ») чоп шуданд. «Барои адабиёти сотсиалистӣ» чун минбари боэътимоди адибони Тоҷикистон барои пешрафти адабиёти шӯравии тоҷик, муттаҳид гардидани адибон, шиносонидани адибони маъруфи дунё ба хонандаи тоҷик ва ғ. хидмати арзандаеро ба ҷо овард. Ба ҳайати таҳририяи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» А. Лоҳутӣ (сармуҳаррир), С. Айнӣ, С. Улуғзода, Б. Азизӣ, Р. Абдулло ва диг. шомил буданд.

Адабиёт

  • Усмонов И., Давронов Д. Таърихи журналистикаи тоҷик. Д., 2009.

Сарчашма

  • Барои адабиёти сотсиалистӣ / П. Гулмуродзода // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.

Эзоҳ

Tags:

Барои Адабиёти Сотсиалистӣ ТаърихБарои Адабиёти Сотсиалистӣ АдабиётБарои Адабиёти Сотсиалистӣ СарчашмаБарои Адабиёти Сотсиалистӣ ЭзоҳБарои Адабиёти СотсиалистӣМаҷаллаТоҷикистон

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

НавдаНавзодХуҷандБаробарҳуқуқии зану мардНизомии ГанҷавӣДавлати СалҷуқиёнИттилоотБухороИнтернетАфканишотВатандӯстӣЛоиқ ШералӣМаҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонДонишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории ТоҷикистонРубоӣБаҳогузорӣНерӯгоҳи барқи обии РоғунШиъаНақлиёт дар ТоҷикистонСифати нисбӣҲиндустонҶиноятЗаминларзаДонишгоҳи миллии ТоҷикистонМаликушшуаро БаҳорФарҳанги забони тоҷикӣХонии ҚӯқандТаърихи Ҷумҳурии ТоҷикистонФеҳристи баландтарин қуллаҳои ЗаминMicrosoft WordЗахираҳои меҳнатӣИстихораВазирони давлати СомониёнАбурайҳони БерунӣМасоҳатСулҳМиллионери зоғанишинХадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонВоқеаҳои кунунӣҲизби халқии демократии ТоҷикистонСуғдСоли 1969Тиҷорати электронӣҲуқуқи шаҳрвандӣУбайд РаҷабТиҷорати интернетӣНерӯгоҳи барқи обии НоракЮсуф ва ЗулайхоҲол (забоншиносӣ)Феҳристи мамнуъгоҳҳои ТоҷикистонФеҳристи президентҳои ФаронсаНишонҳо ва парчамҳои ТоҷикистонПодшоҳии юнонии БохтарФеҳристи паррандагони Китоби сурхи ТоҷикистонСаратонВладимир ЛенинБадоеъу-л-вақоеъИқболи ЛоҳурӣРоҳи КаҳкашонАбдурраҳмони ҶомӣБиосфераВазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии ТоҷикистонРӯзи ваҳдати миллӣ (Тоҷикистон)Шом (намоз)МиланВилояти Мухтори Кӯҳистони БадахшонХосе Карлос КастилоСурайё ҚосимоваНомаБомдод (намоз)Ҷонишинҳои саволӣДавлатҶонибеки МуродКонститутсияи Ҷумҳурии ТоҷикистонТақсими кори байналмилалӣИсмоили Сомонӣ🡆 More