Эҳром

Эҳром (ар.

Эҳром
Ҳоҷӣ дар эҳром

Кайфияти эҳром

Эҳром барои ҳарду ибодат — ҳаҷ ва умра як хел аст. Шахси ҳаҷгузор ҳамин ки ба яке аз миқотҳо расид, бо нияти анҷом додани ҳаҷ ва ё умра вузӯ ва ғусл менамояд ва ду порча либоси нодӯхтаи эҳромро мепӯшад. Он гоҳ ду ракъат намоз мегузорад ва бо ҳамин муҳрим мегардад. Яъне бо ҳамин расму тартибот ва аъмоли бастани эҳром комилан ба ҷо меоянд.

Ҳангоми бастани эҳром бо дилаш анҷоми ҳаҷ ва ё умраро ният мекунад ва бар хилофи дигар ибодатҳо дар ин ҷо суннат аст, ки нияташро ба таври ошкор ва бо садои баланд изҳор намояд. Изҳори он чӣ тавре бо гуфтани талбия сурат мегирад, бо ифодаи ният ва ё бо дуъои тайсир ва қабули он аз сӯи Худованд низ ба ҷой меояд. Ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) барои умра ва ҳаҷ якҷоя эҳром баста, мегуфт:

لبَّيك عمرةً وحجًّا، لبَّيك عمرةً وحجًّا

«Лаббайк бо умра ва ҳаҷ, лаббайк бо умра ва ҳаҷ».

Дар ҳолати бастани эҳром ва ё пештар аз он хуб аст як силсила омодагиҳоеро ба тартиби зер ба ҷо оварад:

  • Нохунҳояшро бигирад, мӯйҳои зери ноф ва зери бағалашро тоза намояд ва мӯйлабҳояшро низ кӯтоҳ кунад. Зеро пас аз бастани эҳром то замони ҳалол ва аз эҳром берун гаштан анҷоми ин амалҳо мамнӯъ мебошанд. Дар вақти бастани эҳром, агар бихоҳад, бар худ хушбӯӣ ва атр занад, зеро ин кор низ то поёни эҳром ҷоиз нест.
  • Либосҳои эҳром беҳтар аст, ки сафед бошанд ва ё моил ба сафедӣ. Қисме аз амалҳои боло суннат ва қисме мустаҳаб мебошанд. Ғусл кардан, хушбӯӣ задан ва омодагиҳои пеш аз эҳромро анҷом додан мустаҳаб аст.
  • Ҳамин ки тартиботи бастани эҳромро ба ҷо овард, фавран нияти худро муайян созад.

Эзоҳ

Адабиёт

  • А. Боқизода. Ҳаҷ: таърих, моҳият, маносик ва аҳкоми он. — Душанбе, 2013. — 272 с.


Tags:

Забони арабӣУмраҲаҷ

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Барномаи зиддивирусӣДилрабо МансурӣБоғдорӣПулпитАср (намоз)СодатаринҳоСаидхоҷа ӮрунхоҷаевАшӯр СафарНоҳияҳои тобеи ҷумҳурӣАбуҳанифа Нуъмон ибни СобитСарезТемурЛоиқ ШералӣНоҳияи ВосеъХусрави ДеҳлавӣДарсМубтадоУбайд РаҷабДавлати СалҷуқиёнТоҷикон дар аҳди муғулҳоМасоҳатВирусҳоНоҳияҳои ТоҷикистонАфғонистонВазорати молияи Ҷумҳурии ТоҷикистонНоҳияи Шамсиддин ШоҳинКитоби МуқаддасАмонатбонкРаиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии ТоҷикистонБактерияҳоТелевизион дар ТоҷикистонСамаки айёрАлифбои тоҷикӣВазири фарҳанги Ҷумҳурии ТоҷикистонДонишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди ТоҷикистонМеъморӣҲақназар ҒоибДонишгоҳи давлатии тиббии ТоҷикистонЛабМасти ишқ (филм)СаъдӣСозмони ҳамкории ШанхайАвстралияОсиёАввалин Бонки Молиявии ХурдСаломатӣВахшМушаки компютерҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»Ҷонибеки АкобирҲизби сотсиал-демократии ОлмонШириншо ШотемурДекларатсия (дар гумрук)БиосенозҲуқуқи маъмурӣВодии ЗарафшонБофтаДонишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ПанҷакентАмир ОлимхонҲуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандНизоми сиёсӣШумораВилояти СуғдБухороЧашмРивояти суғдӣ (китоб)СармояҲуқуқҳои инсонҚоидаҳои имлои забони тоҷикӣИлмАлкалоидҳоТомирисЧеҳраҳои мондагор (китоб)Салоҳияти ПрезидентСироҷиддини ФозилЧарлз ДарвинИбора (мазмунҳо)🡆 More