Шавкат Мирзиёев

Шавкат Миромонович Мирзиёев (ӯзбекӣ: Shavkat Miromonovich Mirziyoyev; 24 июл 1957 (1957-07-24), ноҳияи Зомин, вилояти Ҷиззах, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС — ходими сиёсӣ ва давлатии ӯзбекӣ, Президенти Ӯзбекистон аз 14 декабри соли 2016.

Шавкат Миромонович Мирзиёев
ӯзбекӣ: Shavkat Miromonovich Mirziyoyev
Шавкат Мирзиёев
аз 14 декабри 2016
(и. в. аз 8 сентябр то 14 декабри 2016)
Пешгузашта Неъматулло Юлдошев (и. в.)
парчам
1-умин Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон
12 декабри 2003 — 14 декабри 2016
Президент Ислом Каримов;
Неъматулло Юлдошев (и. в.)
Пешгузашта Уткир Султонов
Таваллуд 24 июл 1957(1957-07-24) (66 сол)
Ҳамсар Зироатхон Ҳошимова[d]
Фарзандон Saida Mirziyoyeva[d] ва Shakhnoza Mirziyoyeva[d]
Ҳизб Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон
Таҳсилот
Дараҷаи илмӣ номзади илмҳои техникӣ
Касб муҳандис
Эътиқод Ислом, суннӣ
Ҷоизаҳо
ордени Александр Невский Order of Prince Yaroslav the Wise, 1st class Dostyk Order of grade I Шавкат Мирзиёев Шавкат Мирзиёев Ордени Зарринтоҷ
Вебгоҳ president.uz(англ.)(ӯзб.)(рус.)
Шавкат Мирзиёев Парвандаҳо дар Викианбор

Иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ӯзбекистон аз 8 сентябри соли 2016. Қаблан, сардори комплекс оид ба масъалаҳои кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои об, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва молҳои истеъмолӣ аз 12 декабри соли 2003. Ҳокими вилояти Самарқанд (2001—2003) ва вилояти Ҷиззах (1996—1999).

Зиндагинома

24 июли соли 1957 дар ноҳияи Зоамини вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон дар хонаводаи табиб таваллуд шудааст.. Миллаташ ӯзбек. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд ва панҷ набера.. Шавкат Мирзиёев бино ба бархе манобеъ, дар деҳаи Яқтони ноҳияи Ғончии Тоҷикистон ва бино ба манобеи дигар, дар ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззахи Узбекистон ба дунё омадааст. Ончӣ бидуни баҳс аст, аз вилояти Суғди Тоҷикистон будани решаи аҷдоди раҳбари кунунии Узбекистон аст. Ӯ соли 1981 Донишкадаи обёрӣ ва механиконии шаҳри Тошкандро хатм карда, маълумоти олиро бо тахассуси «муҳандис-механик» гирифтааст.. Номзади илмҳои техникӣ, дотсент.

Кору фаъолият

Солҳои 1981 то 1992 дар Донишкадаи обёрӣ ва механиконии шаҳри Тошканд аз вазифаи ходими хурди илмӣ то вазифаи проректори аввали донишкада кор кардааст.

Соли 1990 вакили Шӯрои Олии Ӯзбекистон интихоб шудааст.

Соли 1996 бо фармони президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов Мирзиёев ҳокими вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон таъйин гардидааст. Соли 1999 ӯ дар Олий Мажлис даъвати дуюм аз вилояти Ҷиззах дубора интихоб, ва то соли 2004 ин салоҳиятро нигоҳ медорад. Дар соли 2001 Шавкат Мирзиёев ҳокими вилояти Самарқанди Ӯзбекистон мешавад. Ӯ дар ин мансаб муддати ду сол то гузаштан ба кори ҳукумати Ӯзбекистон кор карда буд.

Дар сари ҳукумат

Парвози ӯ ба қуллаҳои қудрат асосан дар даврони раҳбарии Ислом Каримов сурат гирифт. Мирзиёев солҳои 1992—1996 ҳокими ноҳияи Мирзо Улуғбеки Тошканд, солҳои 1996—1999 ҳокими вилояти Ҷиззах ва аз 2001 то 2003 ҳокими вилояти Самарқанд буд. Маҳз дар давраи раҳбарӣ бар зодгоҳи Ислом Каримов, ӯ ба клани Самарқанд наздик шуд ва 12 декабри соли 2003 ба мақоми сарвазири Ӯзбекистон расид.

Шавкат Мирзиёев аввалин сарвазире дар таърихи навини Узбекистон буд, ки тавонист муддати аз ҳама бештар — 13 сол — раҳбарии кобинаи вазирони Каримовро дар даст нигоҳ бидорад. Бо тамкин, тавозӯъ ва сабре, ки намоиш дод, Шавкат Мирзиёев ин курсиро то дами марги Ислом Каримов дар таърихи 2 сентябри соли 2016 нигоҳ дошт.

Баъди даргузашти президенти нахустини Узбекистон то баргузории интихоботи пеш аз муҳлат зимоми раёсати кишварро на ба раиси Сенат, ки Қонуни асосӣ муқаррар кардааст, балки ба Мирзиёев супурданд ва дигар яқин буд, ки интихоби нухбагони сиёсии Узбекистон дар масъалаи вориси тахти Каримов рӯи ӯ қарор гирифтааст.

Пас аз марги Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов 2 сентябри соли 2016 коршиносон Мирзиёевро яке аз номзадҳои эҳтимолӣ ба мансаби президенти кишвар баррасӣ мекарданд.

8 сентябри соли 2016 Шавкат Мирзиёев аз ҷониби ду палатаи порлумон иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасдиқ гардид. Як ҳафта пас аз таъйин (16 сентябри соли 2016), ӯ ҳамчун номзад ба мансаби Президенти Ӯзбекистон дар интихоботи президентӣ дар моҳи декабри соли 2016 пешбарӣ шуд. 23 сентябри соли 2016 Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон барои иштирок дар интихоботи президентӣ ба Шавкат Мирзиёев иҷозат дод.

Мирзиёев дар интихоботи моҳи декабр 88 дарсади овозҳоро ба даст овард ва барои 5 сол қонунан Президенти Ӯзбекистон Узбекистон шуд.

Муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон

Шавкат Мирзиёев 
Шавкат Мирзиёев бо Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҷараёни суҳбатҳои нахустин Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум роҷеъ ба масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон мубодилаи афкор анҷом дода, ба дурнамои рушди онҳо таваҷҷуҳ намуданд. Зимнан аз натиҷаҳои сафари кории ба қарибӣ суратгирифтаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ба Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Шавкат Мирзиёев Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати зодрузаш самимона табрик намуд.

Он чӣ ки ба равобити Тоҷикистону Узбекистон марбут мешавад, оғози об шудани пиряхҳоест, ки дар тӯли солиёни раҳбарии Каримов байни Душанбеву Тошканд ҷамъ шудаанд. Дар муддати камтар аз як сол чархиши ҷиддие дар муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя ба вуқӯъ пайваст. Пеш аз ҳама, ин азсаргирии парвози ҳавопаймоҳо байни Душанбеву Тошканд баъди 25 сол буд. Боз шудани роҳи сафарҳои ҳунарии овозхонҳои узбек ба Тоҷикистон, баргузории нахустин намоишгоҳи маҳсулоти Узбекистон дар Душанбе ва худи тағйири лаҳни гуфтугӯ байни ду ҳамсоя бисёриҳоро нисбат ба дурнамои равобити онҳо хеле хушбинтар кардааст. Тошканд дар тирамоҳи гузашта ҳатто оғози бунёди сарбанди нирӯгоҳи Роғун — як мояи асосии танишҳо байни Тоҷикистону Узбекистонро бар хилофи солҳои қаблӣ бе ягон сару садо ва эътирозе фурӯ бурд, ки ин худ ба сари худ хеле гап аст.

Оила

Шавкат Мирзиёев ва ҳамсараш Зироатхон (Ойхон) Маҳмудовна Ҳошимова, ки ҳамсабақи ӯ дар Донишкадаи обёрии Тошканд буд, се фарзанд — ду духтар Саида ва Шаҳноза ва як писар бо номи Алишер доранд. Чанде пеш гузориш шуда буд, ки Шавкат Мирзиёев домодаш Ойбек Турсуновро муовини раиси Идораи коргузории президент ва домоди дувумаш Отабек Шохоновро муовини аввали сардори хадамоти муҳофизонаш таъйин кардааст. Ойбек Турсунов шавҳари духтари калонии президент Саида Мирзиёева ва Отабек Шохонов шавҳари духтари хурдиаш Шаҳноза Мирзиёева мебошанд.

Эзоҳ

Пайвандҳо

Tags:

Шавкат Мирзиёев ЗиндагиномаШавкат Мирзиёев Кору фаъолиятШавкат Мирзиёев Муносибатҳои Тоҷикистону ӮзбекистонШавкат Мирзиёев ОилаШавкат Мирзиёев ЭзоҳШавкат Мирзиёев ПайвандҳоШавкат Мирзиёев14 декабр24 июлВилояти ҶиззахЗабони ӯзбекӣИҶШСНоҳияи ЗоминПрезиденти ӮзбекистонСоли 1957Соли 2016Ходими давлатӣҶШС ӮзбекистонӮзбекистон

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

ШиъаҲизбҳои сиёсии ТоҷикистонКамхунӣБемории вабоМушхорСаймумин ЯтимовАкбар МирзоевСарвазири Ҷумҳурии ТоҷикистонХоҷа Абдуллоҳи АнсорӣҚалъаи ХуҷандИбни СиноДонишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории ТоҷикистонҶумҳурии Мардумии ЧинБоғи миллии ТоҷикистонИсмЗардолуАфканишотКамол (гиёҳ)Хонии ҚӯқандДавлати ФаластинСаидмурод ДавлатовШушБемориҳои чашмАнгиштАртиши СурхХуҷандВарзишАндозПудинаЭкологияБозиҳои дидактикӣОсиёи МарказӣДилрабо МансурӣРамазон РаҳимзодаШириншо ШотемурФарзонаи ХуршедМасти ишқ (филм)НафтХизматчии давлатӣНидоСоҳиб ТабаровДрама (ҷинси адабиёт)Барномаи компютерӣШахси ҳуқуқӣСаҳеҳи БухорӣВилям ШекспирКитоби сурхи Ҷумҳурии ТоҷикистонСиёсатномаБаҳористонМаркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонХокАлгоритмҲофизЗабони ӯзбекӣВатандӯстӣАъзои ҷумлаИсроилЮсуф ва ЗулайхоМуҳаммад ибни Мӯсои ХоразмӣҲуқуқи маъмурӣРозия ОзодВитаминҳоАндоз аз даромади шахсони воқеӣНоҳияДоира (соз)1969БПНМБалғамБадруддин ҲилолӣҲамлаи Муғул ба Осиёи МарказӣСифатЗарбулмасалБемории панкреатитХаритаМактабҳои усули нав🡆 More