Шавкати Бухороӣ

Шавкати Бухороӣ (форсӣ: محمد بن اسحاق بخارایی‎; ?, Бухоро — 1695, Исфаҳон) — шоири тоҷик, яке аз намояндагони барҷастаи сабки ҳиндӣ.

Шавкати Бухороӣ
форсӣ: شوکت بخارایی
Тахаллусҳо: Shaukat
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1695
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Зиндагинома

Падараш сарроф буд. Баъди таҳсил дар Бухоро пешаи падарро давом дода, ба шоири низ ном баровард. Баъдтар ба Эрон, Ҳиндустон сафар кард. Шавкати Бухороӣ шоири соҳибдевон аст. Асосан шоири ғазалсаро буда, дар қасида ва қитъаю рубоӣ низ дасти қавӣ дошт. Дар ашъораш носозиҳои замон, макру тазвири аҳли дин, ҳасудию нотавонбинӣ, бефаҳмию ҷоҳилии ҳукуматдорон, беадолатиҳои замона мазаммат гардида, сабру қаноат, саховат, ахлоқи ҳамида, дӯстию рафоқат, беозорӣ, ишқу ошиқӣ ва хушиҳои зиндагӣ тараннум шудаанд. Намунае аз ғазалиёти ӯ:

Ҷудо аз ошьёни худ зи бас ошуфтааҳволам,
Нагардад дом дам шерозаи маҷмӯаи болам.
Ба каф сарриштаи ғурбат, ба дил ёди ватан дорам,
Бувад ҳамчун гуҳар чашме ба рӯ, чашме ба дунболам.
Чӣ суд аз бахти сабзам, чун надорад толеам авҷе
Замингир аст ҳамчун сабзаи хобида иқболам.
Надорад шоҳиди саргаштагӣ машшотаро ҳоҷат.
Чу паргор аст аз хамёзаҳои пои халхолам.

Нусхаҳои гуногуни девонаш дар Ганҷинаи дастнависҳои Институти шарқшиносии АФ ҶШС Тоҷикистон маҳфузанд.

Осор

  • Ашъори мунтахаб. Д, 1963;
  • Нури аср [Аз ғазалиёт], Д., 1986.

Сарчашма

  • Шавкати Бухороӣ / М. Аҳмадов // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).

Tags:

БухороЗабони форсӣИсфаҳонШоир

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

БиосфераКалисои протестантӣ3 июл15 августАдабиётДеҳоти ҶомӣСулҳРухсатии ҳарсолаи пардохтшавандаи меҳнатӣУмар ибни ХаттобЭнсиклопедияи миллии тоҷикМаориф дар ТоҷикистонФотосинтезОдамШаби БаротМахфират ҲамроқуловаҶадвали электронӣИстихораКумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонАлишер НавоӣВазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии ТоҷикистонИфторМарокашНосири ХусравҲизби коммунистии БухороКислотаМасеҳиятҲайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2013)Рӯзномаи деворӣОсиёАъузу биллоҳПорисДеҳаДавлати ягонаПарчами ТоҷикистонХудкушӣҲадисХусрави ДеҳлавӣКарбогидратҳоИттиҳоди АврупоЗардуштҲадиҷа бинти ХувайлидҶонваронАфриқои ҒарбӣМӯъмин ҚаноатПешоянд ва пасояндҳо (дастури забон)Осиёи МарказӣОзахБоғи миллии ТоҷикистонҶонишинҳои ишоратӣВазорати адлияи Ҷумҳурии ТоҷикистонИмлоДастури забонДавлати СомониёнАср (намоз)Садриддин АйнӣАҳмад ЗоҳирАҳолии ТоҷикистонСураи ФотирҶазоСиёҳалафАбдуҷаббор РаҳмонзодаХадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонПавел ДуровМухотабВотиконИнсонСоли 1415Гулмаҳмад ЗокировРангБонки миллии ТоҷикистонИнтихобот дар ТоҷикистонӮзбекистонМуҳаммадшариф ГулханӣРамзҳои давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонКалимаҳои туфайлӣҶанги Уҳуд🡆 More