Темур Зулфиқоров (Зулфиқоров Темур Қосимович, русӣ: Тиму́р Касымович Зульфика́ров; 7 августи 1936, Душанбе) — шоир, румоннавис, воқеъанигор ва намоишноманависи русзабони тоҷик.
Узви Иттиҳодияи нависандагони Русия.
Зулфиқоров Темур Қосимович | |
| |
Таърихи таваллуд: | 17 август 1936 (87 сол) |
Зодгоҳ: | Душанбе |
Шаҳрвандӣ: | ИҶШС Русия |
Навъи фаъолият: | шоир, романнавис ва намоишноманавис |
Забони осор: | русӣ |
Темур Зулфиқоров 17 августи соли 1936 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Падараш Муҳаммадқосим Зулфиқоров котиби аввали Ҳизби коммунисти ноҳияи Шаҳринав будааст, ки дар соли 1937 саркӯб шудааст. Модараш забоншиноси маъруф, профессор Людмила Успенская буд.
Темур Зулфиқоров аввал (солҳои 1956—1958) дар факултаи фалсафаи Донишгоҳи адабии Ленинград, вале баъдан ба таҳсилашро дар Донишкадаи адабии ба номи Горкийи шаҳри Маскав идома дод ва соли 1961 онро хатм кард.
Темур Зулфиқоров аз даврони ҷавонӣ ба осори бузургони адаби форсӣ ҳамчун Фирдавсӣ, Низомӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдию Ҳофиз ва адибони дигари ҷаҳонӣ, ба монанди Данте, Шекспир, Пушкин, Толстой рӯй овард, ки ба ҷаҳонбиниву малакаи адабияш таъсир гузоштанд.
Темур Зулфиқоров бо асари «Достони марги Амир Темур» (1971) ба адабиёт ворид шуд. Муаллифи беш аз 30 асари манзуму мансур аст, ки адади нашри онҳо беш аз як миллион нусха баршумурда шудааст. Румонҳои Темур Зулфиқоров дар бораи Хоҷа Насруддин, Умари Хайём, Иван Грозний, Темури Ланг ӯро шуҳратманд карданд. Аз ҷумла асари ӯ «Сафари заминӣ ва осмонии шоир» унвони «Беҳтарин румони Аврупо-93» ва ҷоизаи «Коллетс»-и Британияро дарёфт кард. Румони «Истодаву гирён дар миёни обҳои равон» аз қиссаи ишқе дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон баҳс мекунад, ки аз 50 ҳикояти кӯтоҳ дар меҳвари як сужети воҳид таркиб ёфтааст.
Асари «Тамсилҳои тилоии Хоҷа Насруддин»-и Темур Зулфиқоров соли 2004 ҳамчун «асари ҳунарии барҷастаи адабиёти рус» сазовори ҷоизаи адабии «Ясная Поляна» ва асари дигари ӯ — «Афъимори марҷонӣ» соҳиби унвони «Китоби беҳтарини сол» (2005) ва барои беҳтарин филмнома соли 1991 сазовори ҷоизаи «Ҳортли-Меррилл» (Ҳолливуд) гардид.
Темур Зулфиқоров ҳамчунин ғолиби панҷумин озмуни назми «Ҳазрати Муҳаммад — раҳмате барои оламиён» (соли 2011) аст. Ӯ муаллифи беш аз 20 филмномаи бадеиву мустанад аст, ки бисёре аз онҳо сазовори ҷоизаҳои гуногун гаштаанд. Аз ҷумла намоишномаи «Марде аз пайи парандаҳо меравад» соли 1974 дар Деҳлӣ сазовори ҷоизаи «Товуси нуқраӣ» шуд; дигар асарҳояш — «Мурғи сиёҳ ё зиндагии зеризаминӣ» соли 1980 ҷоизаи аслии нашрияи «Московский комсомолец» ва «Сароби муҳаббат» соли 1986 ҷоизаи «Шамшери тилоӣ»-ро дар Димишқ гирифтанд. Соли 2009 маҷмӯъаи осори ӯро нашриёти «Художественная литература» дар ҳафт ҷилд нашр кард. Темур Зулфиқоровро мунаққидони Ғарб «Дантеи адабиёти рус» номидаанд.
Номзадии Темур Зулфиқоровро ду бор солҳои 1990 ва 2010 нашриёти «Художественная литература»-и Маскав барои дарёфти ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт тавсия намуд.
Соли 2017 бо ҷоизаи байналмилалии Иван Бунин сарфароз гардид.
Темур инчунин барандаи ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»-2019 ва 2020 дар бахши фарҳангу ҳунар шуд, ки ҷоиза аз диплом, нишони рамзӣ ва 2 миллион рубл иборат мебошад.
Осори аслияш ба 12 забони ҷаҳон тарҷума шудааст. Соли 1990 асари «Ишқи аввали Хоҷа Насруддин»-ро адиби тоҷик Муҳаммадзамони Солеҳ ба тоҷикӣ тарҷума кард. Баъдан асарҳои ӯ «Афъимори марҷонӣ», «Чойхонаи лаби ҷар», «Марг нест», «Як рӯзи бачагии ҳазрати Муҳаммад»-и З-ро нависанда Нур Табаров ба забони тоҷикӣ баргардон карда, дар шакли маҷмӯа дар нашриёти «Адиб» ба табъ расонид.
Аниса Собирӣ, адибаи тозагӯи тоҷик мегӯяд, ки:
«Шеъри Темур Зулфиқоров метавонад тафаккури шуморо ба олами кайҳонии сухани ҷодуӣ савқ диҳад. Борҳо сари ин суол андеша рондаам: эҷодиёти адибро ба кадом адабиёт мебоист мансуб донист, яъне ба самти кадом миллат аст пайроҳаи ӯ. Баъди муколамаи бисёрсола бо ӯ моил ба он мешавам, ки дар рӯ ба рӯйи мо уқобе дар авҷи парвоз дар фазои ин ду роҳ аст, ки тавонистааст ин ду роҳро бо муҳаббати ба худ хос, ба шеваи классикӣ дуруст ба мушоҳида гирад».— Аниса Собирӣ
Адиби шинохта Анатолий Ким, ки мегӯяд Зулфиқоров як устоди асили назму насри муосир аст ва дар адабиёт падидаи нотакрорест, бар ин назар аст, ки дар Русия қадрашро надонистаанд. Вларий Плантер ҳам ӯро падидаи нодир дар услуби нигориш ва забони баён медонад.
Профессор Артём Таласов мегӯяд:
«Барои рамзкушоии Зулфиқоров шумо ба як муассисаи адабӣ, фалсафӣ ва адёншиносӣ ниёз пайдо хоҳед кард».— Артём Таласов
Ва ҳамаи ин адибону мунаққидон бар ин назаранд, ки Темур Зулфиқоров як нобиғаи ҳанӯз ношинохта дар ситоразори осмони адабиёти олам аст.
This article uses material from the Wikipedia Тоҷикӣ article Темур Зулфиқоров, which is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license ("CC BY-SA 3.0"); additional terms may apply (view authors). Муҳтаво таҳти иҷозатномаи CC BY-SA 4.0 ва ё дигар дастрас аст. Images, videos and audio are available under their respective licenses.
®Wikipedia is a registered trademark of the Wiki Foundation, Inc. Wiki Тоҷикӣ (DUHOCTRUNGQUOC.VN) is an independent company and has no affiliation with Wiki Foundation.