Сардор Халил Озмун ( форсӣ: سردار آزمون; тав.
1 январи 1995, Гунбади Ковӯс, Мозандарон, Эрон) — футболбози эронии туркманнажод , ҳамлагари дастаи Зенити Русия ва Тими миллии футболи Эрон .
форсӣ: سردار آزمون | |
| |
Иттилоъоти инфиродӣ | |
Ҷинс | мард |
Кишвар | |
Тахассус | футбол |
Бошгоҳ | FC Rostov[d], Sepahan F.C.[d], Rubin Kazan[d], Iran national under-17 football team[d], Iran national under-20 football team[d] ва Тими миллии футболи Эрон |
Зодрӯз | 1 январ 1995 (29 сол) |
Зодгоҳ | |
Корномаи варзишӣ | 2011 — то ҳол |
Қад | 183 сантиметр |
Вазн | 79 кг |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Озмун футболро дар синни 9-солагӣ оғоз кард. Дар синни 11-солагӣ вай бори аввал ба тими миллии Эрон барои бозигарони то 12-сола даъват шуд.
Дар синни 15-солагӣ Озмун ба ҳайати клуби Исфаҳон, ки дар Лигаи бартари Эрон рақобат мекард, дохил шуд. Вай дар синни 17-солагӣ, моҳи декабри соли 2012 ба дастаи "Рубин"-и Қазон пайваст. Вай ҷавонтарин бозигари эронӣ дар таърихи футболи Эрон гардид, ки дар клуби хориҷӣ бозӣ кардааст.
Аввалин бозии расмӣ барои "Рубин" 25 июли соли 2013 дар Лигаи Аврупо бар муқобили дастаи "Ягодина"-и Сербия баргузор шуд. 29 август дар бозии Лигаи Аврупо бо "Молде" ӯ ба майдон баромад ва дар дақиқаи 84-ум гол зад . Дар солҳои 2013/14 дар Қаҳрамонии футболи Русия Озмун 14 бозӣ гузаронида, 4 гол задааст. Солҳои 2014/15 дар Қаҳрамонии футболи Русия дар 13 бозӣ 1 гол зада, ду корти зард гирифт.
Моҳи феврали соли 2015 то охири мавсим ҳамчун бозигари иҷора ба дастаи Ростов пайваст . Вай бори аввал 8 март дар бозӣ бар муқобили Локомотив баромад кард . 16 март ӯ голи аввалини худро дар ҳайати ин даста зад . Дар моҳи июли соли 2015 ӯ бо Ростов шартномаи нави иҷораро ба имзо расонид, ки он то охири мавсими 2015/2016 ҳисоб карда шудааст . Дар мавсими 2015/16 вай бо дастаи худ нишони нуқраи Қаҳрамонии футболи Русияро ба даст овард. Дар 25 бозӣ 9 гол задааст
1 феврали соли 2019 ӯ бо Зенити Санкт-Петербург ба муҳлати 3,5 сол шартнома баст, маблағи интиқол 12 миллион евро буд . Вай бозии аввалини худро 12 феврал оғоз кард ва дар бозии аввалини 1/16 ниҳоии Лигаи Аврупо бар зидди Фенербахче (0: 1) ба ҳайси ивазкунанда баромад. 21 феврали соли 2019 дар бозии ҷавобӣ (3: 1) ӯ аввал дар ҳайати асосӣ баромад карда, ба Магомед Оздоев паси головар дода, инчунин ду гол зад . 22 феврал ӯ дар Лигаи Аврупо бозигари ҳафта шинохта шуд . 2-юми март дар бозии аввалин худ дар Лигаи бартари Русия голи ғалабаоварро ба ҳадаф расонд (1: 0) . Дар мавсими 2018/19 ӯ нишони тилои Қаҳрамонии футболи Русияро ба даст овард . 19 августи соли 2020 "Зенит" дар бозии даври 3-юми Лигаи бартари Русия ССКА-ро мағлуб кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи "Газпром Арена" баргузор шуда, бо ҳисоби 2: 1 ба фоидаи мизбонон ба анҷом расид. Ҳамлагари "Зенит" Сардор Озмун дар дақиқаи 19-уми вохӯрӣ ҳисобро боз кард ва дар дақиқаи 69-ум дубора гол зада, ғалабаи дастаашро таъмин кард.
Вай дар тими ҷавонони (то 20-сола) Эрон бозӣ кардааст. Соли 2012 ӯ беҳтарин нишонзани Ҷоми Иттиҳод шуд (7 гол дар шаш бозӣ ).
Моҳи декабри соли 2018 Озмун дар Ҷоми Осиё-2019 ширкат кард . 7 январ дар бозии аввали марҳилаи гурӯҳӣ бо Яман (5: 0), ӯ дар дақиқаи 53-юми бозӣ гол зад. Дар бозии дуюми марҳилаи гурӯҳӣ бо Ветнам, ду голи Озмун ғалабаи дастаашро таъмин кард. Дар бозии чорякфиналӣ бо тими миллии Чин (3: 0) ӯ голи дуюмро зад. Сардор Озмун бо тими миллии футболи кишвараш дар Ҷоми Ҷаҳон-2018 (Русия) ширкат кардааст.
Ҷамъ: 4 ҷоиза
Аз 23 августи 2020
Ҷамъ: 51 бозӣ / 33 гол; 33 ғалаба, 12 мусовӣ, 6 бохт.
Дар оилаи волеболбозон калон шудааст. Падари ӯ Халил Озмун дар тими миллии волейболи Эрон, хоҳараш низ дар тими волейболи Эрон бозӣ мекард ва модараш мураббии волейбол аст . Озмун форсӣ, туркманӣ ва русиро медонад.
This article uses material from the Wikipedia Тоҷикӣ article Сардор Озмун, which is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license ("CC BY-SA 3.0"); additional terms may apply (view authors). Муҳтаво таҳти иҷозатномаи CC BY-SA 4.0 ва ё дигар дастрас аст. Images, videos and audio are available under their respective licenses.
®Wikipedia is a registered trademark of the Wiki Foundation, Inc. Wiki Тоҷикӣ (DUHOCTRUNGQUOC.VN) is an independent company and has no affiliation with Wiki Foundation.