Майкоп: шаҳр дар Русия

Майкоп (адиг.

Мыекъуапэ – водии себзор ё водии себзори саҳроӣ) — шаҳр дар Руссия, пойтахти Ҷумҳурии Адигей.

Маҳалли аҳолинишин
Майкоп
адигеӣ Мыекъуапэ
Майкоп: Мавқеъи ҷуғрофиёӣ, Таърих, Эзоҳ
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Кишвар Майкоп: Мавқеъи ҷуғрофиёӣ, Таърих, Эзоҳ [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 1857
Аввалин номбарӣ 1825
Масоҳат
  • 308 км²
Баландии марказ 220 м
Минтақаи замонӣ UTC+03:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Нишонаи почта 385000
maikop.ru(рус.)
Майкоп: Мавқеъи ҷуғрофиёӣ, Таърих, Эзоҳ Парвандаҳо дар Викианбор

Мавқеъи ҷуғрофиёӣ

Масоҳаташ 69,64 км2. Аҳолияш 139,7 ҳазор нафар (2023). Дар соҳили рости дарёи Белая (шохоби дарёи Кубан) воқеъ аст. Истгоҳи р. о., шоҳроҳи автомобилгард ва фурудгоҳи байналмилалӣ дорад.

Таърих

Шаҳр майи 1857 бунёд ёфтаст.  Аз солҳои 1869–70 шаҳр; аз соли 1991 пойтахти Ҷумҳурии Адигей. Январи 1918 дар М. ҳокимияти шӯро барпо шуд. Дар замони Ҷанги шаҳрвандӣ (1917–22) М. дар тасарруфи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷануби Руссия буд. Марти 1920 аз ҷониби аскарони сурх озод гардид. Солҳои 1920–24 дар қисми ҳудуди марказии вилояти Кубану  Баҳри Сиёҳ,  1924–36 дар ҳайати ҳудуди маъмурии кишвари Қафқози Шимолӣ, 1936–91 маркази Вилояти Мухтори Адигей дар ҳайати кишвари Азову Баҳри Сиёҳ (Черноморск),  1937–91 кишвари Красноярск буд.  Дар давраи ҶБВ аз 9.8.1942 то 29.1.1943 сипоҳиёни Олмон шаҳрро ишғол карда, ба он зарари калон расонданд.

Илм ва фарҳанг

Шаҳр маркази асосии илму фарҳанги Ҷумҳурии Адигей буда, дар он аз муассисаҳои илмиву фарҳангӣ – Институти ҷумҳуриявии таҳқиқоти ҳуманитарии ба номи Т. М. Карашев, Институти таҳқиқоти улуми кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Руссия, Пойгоҳи таҷрибавии умумируссиягии Институти таҳқиқоти илми рустанипарварии ба номи Н. И. Вавилов (1930), Донишгоҳи давлатии Адигей (1993), Донишгоҳи давлатии технологии Майкоп (1993), Донишкадаи фарҳанг (1997), 8 филиали мактабҳои олии Руссия, Китобхонаи Миллӣ (1895), 3 китобхонаи ҷумҳуриявӣ, Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Адигей (1925), нигористон, филиали Осорхонаи давлатии фарҳанги мардумони Шарқ, Театри драмаи русии ба номи А. С. Пушкин (1936), Театри драмаи Адигей (1937), Театри мусиқии камеравии Адигей ба номи А. А. Ханаху (1993), Филармонияи давлатӣ (1971) ва ғайра фаъолият доранд.

Саноат

Соҳаҳои асосии саноат – хӯрокӣ (коргоҳҳои гӯшту шир, корхонаҳои консерв, майкашӣ, равғанкашӣ), мошинсозӣ, трансформатор, мебел, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ), корхонаҳои саноати кӯҳкорӣ,  дастгоҳҳои филиззӣ, коғаз, чӯбу тахта, таҷҳизоти муассисаҳои алоқа. Дар Майкоп ҳамчунин коргоҳҳои саноати сабук – нассоҷӣ, тавлиди арғамчин, дӯзандагӣ, пойафзор ва ғ. тараққӣ кардааст.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Майкоп // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона : в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.
  • К. Х. Меретуков. Майкоп // Адыгейский топонимический словарь. — 3-е изд., доп. — Майкоп : ООО «Качество», 2003. — С. 158. — ISBN 5-901701-43-7.
  • Поспелов Е. М. Географические названия мира. Топонимический словарь / отв. ред. Р. А. Агеева. — 2-е изд., стереотип. — М.: Русские словари, Астрель, АСТ, 2002. — 512 с. — 3 000 экз. — ISBN 5-17-001389-2.

Tags:

Майкоп Мавқеъи ҷуғрофиёӣМайкоп ТаърихМайкоп ЭзоҳМайкоп АдабиётМайкопРусия

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

СадонокҳоЛимӯЗиёуддин ЮсуфАсри санг дар ТоҷикистонМухтор АвезовИдрокҲизбҳои сиёсии ТоҷикистонНақби ШаҳристонИсоАҳдАбуҳанифа Нуъмон ибни СобитҶонишинҳои шахсӣПиряхГандумШаҳрҳои ТоҷикистонАбурайҳони БерунӣМеъёри ҳуқуқФотеҳ НиёзӣҶамъияти Ҳилоли Аҳмари ТоҷикистонIPv6Осиёи МиёнаЭшони АлломаШуурРутбаҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии ТоҷикистонДмитрий МенделеевВазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии ТоҷикистонУзвҳои таносули занонаСироҷиддини ФозилМушхорСифати нисбӣГурдаНизомномаГулистон (асар)Ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣРаҳим ҶалилШумораАбрешимАлифбои тоҷикӣПудинаБайт (шеър)БайнаннаҳрайнГулрухсор СафиеваСоли 2020ПомирИстаравшанИттиҳоди ШӯравӣҚандМаҷмааи «Истиқлол»Акбар МирзоевБемориҳои гӯшХоқонии ШервонӣСомонашиносӣЭмомалӣ РаҳмонСифатБоғи ба номи Камоли ХуҷандӣҶомеаи иттилоотӣҒунчаҳои захмӣТабъизТоҷиконСалоҳияти ПрезидентШоҳаншоҳии ҲахоманишӣҲиссаҳои нутқ1969Асри сангДавлати исломии Ироқу ШомДонишномаНоҳияҳои ДушанбеҲиссача (дастури забон)Андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиётАломатҳои роҳ дар ТоҷикистонМанғитияТемурМуродиф🡆 More